Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳама гапу корро ба дил наздик қабул накунед. Албатта, ба ҳодисаҳои рухдода беаҳамиятӣ кардан душвор аст, вале барои худ шуғлеро пайдо кунед, ки асабатонро ором созад. Барои расидан ба мақсад дӯстони хубро интихоб намоед ва кӯшиш кунед, ки сафи душманонатон зиёд нагардад.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи хубест барои корҳои вазнини ҷисмонӣ ва тамиз кардани хонаву дар. Муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён гирифта, хушбахтии комилро эҳсос мекунед. Ба ҳодисаҳое, ки тағйироти куллиро талаб мекунанд, диққат надиҳед. Нисбати дарди шикам бепарвоӣ зоҳир карданатон хуб нест.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз таъмири хонаро оғоз кардану ӯҳдадориҳои иловагиро ба дӯши худ гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Он чизе ки ба назаратон осон менамояд, дар асл кори душвор аст. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯста, дар маъракаҳо ширкат наварзед, вагарна аз бемориҳо халосӣ намеёбед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед ва содаву зудбовар нашавед, вагарна пулҳоятонро аз даст медиҳед. Барои он ки ба саломатиятон зарар нарасад, аз корҳои хатарноку вазнин худдорӣ намоед. Дар симои дӯстдоштаатон шахси намунавиро наҷӯед, дар акси ҳол, муносибатҳоятон вайрон мегарданд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз ба саломатиатон диққати ҷиддӣ дода, бештар витамину хӯрокҳои серғизо истеъмол кунед. Барои он ки ҷароҳат набардоред, эҳтиёткориро пеша намоед. Баъди нисфирӯзӣ ба мағозаву бозор рафтану маблағи калон сарф карданро маслиҳат намедиҳем, вагарна то охири моҳ аз бепулӣ азоб мекашед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ҳар мушкилие, ки имрӯз ба саратон меояд, набояд боиси яъсу ноумедиятон гардад. Дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша намоед. Сунбулаҳое, ки фарзанди мактабхон доранд, бояд ба тарбияву дарсҳои онҳо диққати махсус диҳанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ вақту маблағро дареғ надоред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар оқилонаву дурандешона амал намоед, кореро, ки қаблан аз ӯҳдааш намебаромадед, имрӯз ба анҷом мерасонед. Барои шуғлҳое, ки дӯсташон медоред, вақти мусоид аст. Агар хоҳиши тағйир додани ҳаёти шахсиятонро дошта бошед, чунин имконро пайдо месозед. Дӯстони дерин ба суроғатон меоянд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бобарор аст. Корҳоеро, ки дар оянда боиси мушкиливу сарфи зиёди маблағ мегарданд, зудтар ба анҷом расонед. Баъди нисфирӯзӣ ба амри дил гӯш диҳед. Қабл аз он ки аз нафаре кӯмаки молиявӣ мепурсед, нағзакак андеша намоед. Шахсеро, ки шумо наздаш гардани каҷ карданиед, чандон боэътимод нест.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд мегардад, аз ин рӯ, метавонед аз пайи амалӣ намудани корҳои муҳим шавед. Барои мулоқоти ошиқона ва рафъи мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд доранд, рӯзи мусоид аст. Бегоҳирӯзӣ каме нотоб гаштанатон нишонаи хастагӣ ва серкорӣ аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Нимаи аввали рӯз барои нафароне, ки бо кори савдо машғуланд, номусоид меояд. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, зеро аз ҳад зиёд зудбоварӣ боиси аз даст додани маблағ мегардад. Аз таваккал кардану корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз нерӯятон дучанд гашта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед. Аз ҳад зиёд ба кор дода нашавед, вагарна хастагӣ ба саломатиятон бе таъсир намемонад. Вохӯрӣ бо дӯстон боиси нофаҳмӣ мегардад. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардад, ба ҳамин хотир, бо дӯстдоштаатон бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз хабару навгониҳои шунидаатон боиси тағйир ёфтани нақшаҳоятон мегардад. Дар сурати худро нотоб ҳис кардан ба воҳима роҳ надода, танҳо бо маслиҳати мутахассис амал намоед. Аз нафароне, ки нишонаҳои бемории зуком ё шамолкашӣ доранд, канораҷӯӣ карданатон беҳтар аст.