Arzon accountant
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2024
1972

Ҳамал

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна ба хатогиҳои зиёде роҳ медиҳед. Рӯзи хубест барои истироҳат бо дӯстон ва дар оғӯши табиат. Шумо бояд бештар бо нафароне дар робита шавед, ки дар оянда кӯмакашон ба шумо мерасида бошад. Мушкилоти молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбад.

 

Савр

Ҳатто дар вазъиятҳои душвортарини ҳаётӣ ҷиҳатҳои мусбиро ҷӯед. Тамоми мушкилиҳоро рафъ мекунед, хусусан молиявиро. Сабру таҳаммул ва дурандешӣ дар ҷодаи муҳаббат даркор мешавад. Дар муносибатҳои ошиқона шубҳаву гумонҳои бад ба дилатон роҳ меёбад. Муҳимаш ба муноқиша роҳ надиҳед.

 

Ҷавзо

Дар муносибатҳои ошиқонаатон вазъияти мусоид фаро мерасад. Ба маслиҳати дӯстони муҷарради худ гӯш надиҳед. Нисбати калонсолони авлод ҳурмату эҳтиром зоҳир намуда, аз пирон дуо гиред. Аз асабоният ва хасташавии ҷисмонӣ худдорӣ намуда, бегоҳирӯзӣ барвақттар ба ҷойгаҳи хоб дароед.

 

Саратон

Дар ин рӯз бо хешовандоне, ки бо сабаби мушкилоти молиявӣ муноқиша карда будед, оштӣ мешавед. Беҳтар мебуд, ки бо мошини худ ба ҷое сафар накунед. Дар ҷодаи муҳаббат кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд, то ки дӯстдоштаи худро наранҷонед. Аз бемориҳо эмин мемонед, ба шарте ки худро эҳтиёт кунед.

 

Асад

Сатҳи даромади пулиятон ба шарте зиёд мегардад, ки ҳатто аз корҳои майда-чӯйда рӯй нагардонед. Душвор шудани муносибатҳои ошиқонаатон боиси асабхаробии шумо мегардад. Пешниҳоди дилфиреб ба вазъи молиявии шумо бетаъсир намемонад.

 

Сунбула

Агар нафаре ба асабатон мерасида бошад, худро ба даст гирифта, ба муноқиша роҳ надиҳед. Ботаҳаммул ва оқил бошед, он гоҳ вазъият ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Аз васвасаҳои ошиқона беҳтараш худдорӣ намоед, вагарна ба вазъияти душвор гирифтор мешавед.

 

Мизон

Рӯзи бобарор аст. Зери таъсири нафарони калонсол мемонед. Муносибат бо наздиконатон беҳтар мегардад. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулӣ ва вохӯрии ногаҳонӣ имкон дорад. Хариди калон карданро ба таъхир гузоред. Эҳтимоли ошиқ шуданатон имкон дорад.

 

Ақраб

Агар ба шахси бароятон наздик боварӣ надошта бошед, дар бораи мушкилоти худ дар наздаш ҳарф назанед. Хушнудиву нобарориҳо пайи ҳам меоянд, аз ин рӯ, аз нобарориҳо руҳафтода нашавед. Нафароне, ки бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ мераванд, бо нафаре шинос шуда ошиқ мешаванд.

 

 

Қавс

Дар дилатон хоҳиши истироҳат кардан пайдо мешавад. Сабаб дар он аст, ки чанд рӯз пайи ҳам бе истироҳат меҳнат кардед. Дар ҷодаи муҳаббат нақшаҳои ҷиддӣ накашед, хусусан агар бо дӯстдоштаатон ҳамагӣ чанд рӯз шинос шуда бошед. Агар имкон дошта бошед, ҳатман истироҳат кунед.

 

Ҷаддӣ

Корҳои молиявиатон бобарор анҷом ёфта, натиҷаи хуб медиҳад. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Ҷаддиҳои муҷаррад бо нафаре шинос шуда, сахт дил мебанданд. Нерӯятон нимаи дуюми рӯз зиёд гашта, аз уҳдаи ҳама кор ба осонӣ мебароед.

Далв

Барои рафъ намудани мушкилиҳо худро маҷбур карданатон лозим меояд. Баъзеҳо бегоҳирӯзӣ барои заҳмати кашидаашон маблағи хуб ба даст меоранд. Пулро беҳуда сарф накунед. Агар дӯстдори нӯшокиҳои сарду яхмос бошед, дар ин шабу рӯз гулӯдард шуданатон имконпазир аст.

 

Ҳут

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, эҳтиёткор бошед. Рафту рақибонатон зӯртар бароянд, руҳафтода нашавед. Ба кӯмаку дастгириятон нафарони воломақом ва дилпур мешитобанд. Дар муносибатҳои ошиқона нозукдилӣ накунед. Бемориву фишори руҳӣ дар ин рӯз азиятатон намедиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД