Arzon New
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
2299

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо нафароне, ки ба меҳру муҳаббати шумо ниёз доранд, аз ҷумла бо волидон робитаи худро канда накунед. Ба саломатии худ диққати бештар диҳед. Бегоҳирӯзӣ нерӯятон дучанду табъатон болида мегардад. Бо нафарони калонсоли оила гапатон мегурезад. Шумо ба истироҳати бофароғат ниёз доред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз танҳо нақшаву ниятҳоеро ба дӯш гиред, ки аз ӯҳдаашон мебароед ва онҳоро то охир расонида метавонед. Гӯш кардани мусиқии таскинбахш, маҳси бадан ё дар ҳавои тоза сайр кардан рӯҳатонро болида мегардонад. Барои ба сафар баромадану қабули меҳмон рӯзи мусоид аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Тамоми нақшаву ниятҳое, ки дар ин рӯз доред, амалӣ мегарданд. Эҳтимол, барои ҷалб сохтани атрофиён андаке ба муболиға роҳ медиҳед, вале ақидаҳоятон самараи хуб медиҳанд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад. Ҷавзоҳои муҷаррадро шиносоии тақдирсоз интизор аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва саёҳат кардану қабули меҳмонон. Хушчақчақӣ, дилрабоӣ ва ақидаҳои беназиратон боиси муваффақиятҳоятон дар оянда мегардад. Дар хоб дидани муноқишаву баҳс аз бурдборӣ дарак медиҳад. Ба гапҳои беасосе, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз нисбати волидон ва пиронсолони оилаатон ғамхорӣ зоҳир намоед. Хислати шуморо атрофиён хеле бо душворӣ таҳаммул мекунанд. Фаромӯш насозед, ки рӯзе неши ақраб ба худаш низ таъсир мерасонад ва ҳамаро барбод медиҳад. Беҳтараш нақшаҳоеро амалӣ созед, ки чандон хатарнок набошанд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз муноқишаву низоъ худдорӣ намоед. Ҳар қадаре фаъол бошед, ҳамон андоза мушкилиҳоятон зиёд мегарданд. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, рӯдаву меъдаатон дар ин рӯз заиф мегардад. Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ. Кӯшиш намоед, ки қувваву пул ва вақти худро беҳуда сарф накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳо ва шиносоиҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Тағйиротҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, дар аввал табъатонро хира месозанд, вале заррае набояд хавотир шавед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Барои оғози тиҷорат ва савдои хурд рӯзи мусоид аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз хеле эҳтиёткор бошед, дар ягон кор ба ғалат роҳ надиҳед. Рафтори ғайриодии шуморо атрофиён қабул карда наметавонанд. Одати аз пашша фил сохтан сабабгори хулосаҳои шитобкорона бароварданатон мегардад. Дар хона эҳтимоли рух додани муноқишаи калон вуҷуд дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳое, ки кайҳо фаромӯш карда будед, аз нав рӯ ба рӯ мегардед. Акнун ин мушкилиҳо аз нав сар зада, табъатонро хира месозанд. Аз шиносоиҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна аз нобарориҳои рӯзҳои наздик халосӣ намеёбед. Дар масъалаҳои пулӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Бо касе шинос шудану оиладор шуданро маслиҳат намедиҳем. Агар имрӯз бо нафаре низоъ кунед, баъдан оштӣ шуданатон душвор ва ҳатто номумкин мегардад. Тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба саломатии нафароне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, беасар намемонад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав, сайру саёҳат ва қабули меҳмон. Муносибати некатон нисбати атрофиён боиси комёбиҳо дар оянда мегардад. Парешонхотирӣ дар касбу коратон мушкилӣ пеш меорад. Нӯшидани машрубот ва оташ афрӯхтанро маслиҳат намедиҳем. Дар атрофи ҷуй ё дарё сайр кардан хуб аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар оила ва корҳои шахсиятон тағйиротҳо имкон дорад, вале нуқтаи назари худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна ба ғалате роҳ медиҳед, ки бар асари он маблағи зиёдӣ пулӣ ё обруву нуфӯзатонро аз даст медиҳед. Барои ба дили дӯстдоштаатон роҳ ёфтан гапи дурӯғ мегӯед, вале эҳтиёт шавед, ки худатон фиреб нахӯред.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД