Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
2710

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба назаратон чунин мерасад, ки дӯстдоштаатон шуморо ба манфиати худ истифода мебарад. Агар туҳфа хариданӣ бошед, шитоб накунед, зеро бо туҳфа шумо ошиқатонро ба ваҷд оварда наметавонед. Нафароне, ки ба тиҷорат машғуланд, маблағи худро бояд барои хариду фурӯши хона сарф намоянд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ташвишу корҳои рӯзгорро бо камоли майл бартараф месозед. Натиҷаи кори шумо боиси даромади хуби пулӣ ва беҳтар гаштани вазъи молиявӣ мегардад. Ба хотири ба даст овардани маблағ шумо дар ҷои кор бисёр чизҳоро тоқат мекунед. Сард шудани муносибатҳои ошиқонаатонро эҳсос менамоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз нафароне, ки бо кори савдо машғуланд, муваффақ мегарданду савдояшон кушода мешавад. Рӯзи хубест барои нав кардани сару либос. Беҳтараш либосҳои арзону бе сифатро нахаред. Эҳтиёткориро аз даст надиҳед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Шом бо яке аз наздикони худ муноқиша мекунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба саратонҳои оиладор бо нафарони муҷаррад ба саёҳат баромаданро маслиҳат медиҳем. Дар сафар вохӯрие имконпазир аст, ки оғози муносибатҳои ошиқона мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Хусусан, нафароне, ки бемориҳои миён ва пой доранд, ба шамолхӯрӣ имкон надиҳанд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз нафароне, ки дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд, муваффақ мегарданд. Барои нафарони ошиқ рӯзи пурмоҷарост. Нозу нуз накунед, вагарна ёратон амсоли шумо рафтор мекунад. Нимаи дувуми рӯз мукофотпулӣ ё маош мегиред. Худ ва наздиконро эҳтиёт кунед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз вақти зиёди худро ба корҳои оилавӣ бояд сарф намоед. Аз пайи корҳое шавед, ки чанд муддат бо сабаби норасоии маблағ ё вақт ба анҷом расонида наметавонистед. Хусусан, хонаву дари худро ба тартиб дароред. Муноқишаи оилавӣ бо сабаби он сар мезанад, ки шумо уҳдадориҳои худро иҷро кардан намехоҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз яке аз сабабҳои муноқиша миёни шумову ҳамсаратон сарфи маблағ ва норасоии пул аст. Агар шумо фарзанд дошта бошед, ба зудӣ оштӣ мешавед. Бо ҳамсояҳо низ каме низоъ карданатон эҳтимол дорад. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез эҳтиёт шавед. Мушкилиҳоятон роҳи ҳалли худро меёбанд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба муҳаббату муносибатҳои ошиқона таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунед. Агар дӯстдошта дошта бошед, нисбаташ бояд хеле меҳрубону ғамхор бошед. Дӯстдоштаатонро моли шахсии худ шуморидан боиси сар задани муноқиша мегардад. Аз ин рӯ, рашк накунеду худатон низ сабабгори рашки ёратон нагардед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дӯстдоштаатон ба маслиҳати судманди шумо ниёз пайдо мекунад. Давоми рӯз кори нафароне, ки бо таъмири хона ва мошин машғуланд, барор мегирад. Либоси арзон нахаред, фаромӯш насозед, ки моли арзон бе иллат намешавад. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ ва оташ эҳтиёт шавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бояд диққати бештари худро ба вазъи саломатӣ ва корҳоятон равона созед. Агар корҳоятон ба таъхир афтанд, асабонӣ мешавед ва ба саломатиатон таъсири бад мерасад. Ҳам дар ҷои кору ҳам дар хона корҳои худро пешакӣ ба нақша гиред. Хоҳиши зудтар ба даст овардани маблағ боиси қарздор шуданатон мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз барои ба созиш омадан, мушкилиҳои сарзадаро якҷоя бо дӯстдоштаатон ҳаллу фасл намоед. Робита бо нафароне, ки дар вазифа ва дороӣ аз шумо болотар ҳастанд, боиси сар задании нохушиҳо мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дучори рақобати шадид ва носолим мегарданд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нафароне, ки оиладор ҳастанд, бо ҳамсафари ҳаётии худ муноқишаву низоъ мекунанд. Ҳавобаландию такаббурро аз худ дур намоед. Кӯшиши таҳти назорат гирифтани ҳар қадами ёри худро накунед, вагарна ӯ низ аз камбудиву мушкилиҳои шумо шикоят намуда, дар натиҷа байнатон муноқиша мехезад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД