Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дар бораи нақшаву ниятҳо ва нақшаҳои дарозмуддат фикр накунеду уҳдадориҳоеро, ки ба назар дилфиреб менамоянд, ба душ нагиред. Хатари ба дом афтидану аз он раҳо наёфтанатон зиёд аст. Кӯшиш намоед, ки дар вақташ хӯрок хӯрда, сари вақт хоб кунед, вагарна нотоб шуданатон эҳтимол дорад. Шумо худро ҳам дар танҳоӣ ва ҳам дар муҳити дӯстону ҷойҳои серодам хуб ҳис мекунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи бобарорест барои нафароне ки таваккал накарда, бо маслиҳату роҳнамоии наздиконашон амал мекунанд. Табъатон хира гашта, қаҳру ғазаб боиси ранҷиши атрофиён ва шахси дӯстдоштаатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигариҳои гуворо имконпазир аст. Ба саломатӣ диққат дода, бештар дар ҳаракат бошед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои шумо рӯзи ғайриоддӣ фаро мерасад: ҳатто бо нафаре, ки бори аввал шинос мешавед, забон ёфтанатон осон мешавад. Наздикон дар бисёр корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, ҷароҳати хурд бардоштанатон имконпазир аст. Ба сару либоси худ диққати хоса диҳед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ пайдо мешавад. Сари вақт ба қароре омада тавонистанатон боиси пешравӣ мегардад. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва доираи нафарони ба дилатон писанд гузаронед. Дар хона боэҳтиёт бошед, бо сабаби фориғболии шумо бисёр чизҳо имрӯз мешикананду вайрон мешаванд.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ҳамагӣ чанд сония кифоя аст, ки шумо сари калобаи худро гум карда, ба моҷаро гирифтор шавед. Барои ба худ омаданатон вақти зиёд лозим мегардад. Муносибататон бо наздикон бо сабаби хафагиву нобоварӣ вайрон мегардад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Бештар истироҳат намоед ва дӯстдоштаи худро эрка карданро фаромӯш насозед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Нафаре, ки дар зиндагии шумо нақши муҳимро мебозид, имрӯз аз худ дарак медиҳад. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, имкони ба доми ҳиллаву найранг афтиданатон зиёд аст. Ба маслиҳати дӯстони содиқ гӯш андозед, он гоҳ аз хатогӣ эмин мемонед. Дар муносибатҳои ошиқона ба ҳамдигарфаҳмӣ омаданатон душвор мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, муваффақ мегарданд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз мушкилоти рӯзгор бо муносибатҳои шахсиятон муқобил омада, бояд бо тамоми роҳу восита аз муноқиша гурезед. Фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, бо нафарони даркорӣ робита намоед. Бо сабаби гузашт накарданатон рух додани моҷарову муноқиша дар назар аст. Ба саломатии дандонҳо диққати хоса диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо дар ин рӯз аз пештара бештар нозук ва бо одамон бо чашми шубҳа назар мекунед. Ба назаратон чунин мерасад, ки душманону рақибон дар фикри бадии шумо ҳастанд. Ин амалатон боиси ранҷиши наздикон ва шахси дӯстдошта мегардад. Нафароне, ки гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгард ҳастанд, беморияшон аз нав хурӯҷ мекунад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз кореро бояд ба анҷом расонед, ки аз натиҷааш бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Бо нафари аз худатон калонсолу ботаҷриба баҳс накунед. Агар ба камбудиҳои пешомада диққат надиҳед, ба вазъияти душвор мубтало мегардед. Рӯз барои эҷод, сохтмон, бастани ақди никоҳ ва истироҳат дар оѓӯши табиат бобарор аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз бояд хеле боинтизом бошед, то ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз пайдо мешаванд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз на танҳо аз уҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки хоҳиши кор карданатон зиёд мегардад. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Дар ин рӯз истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.