Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
4501

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз худро каме нотоб ҳис мекунед. Аз нафароне, ки хуб намешиносед, ягон хел туҳфа нагиред. Аз ҷойҳои серодам ва ҳамагуна ҷашну маъракаҳо дурӣ ҷӯед. Ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед. Танҳо дар ҳамин сурат вақту маблағи худро сарфа мекунеду саломатиро аз даст намедиҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз эҳсос мекунед, ки робита бо баъзе нафарон барои шумо на танҳо бе фоида, балки зарарнок аст, зеро дар баробари вақту соати шуморо гирифтан, боиси асабхаробиятон низ мегарданд. Дар оилаатон вазъи ногуворе ҳукмфармо мегардад. Шумо аз ҷониби аъзоёни оила фишорро эҳсос мекунед.    

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз даромади пулиятон зиёд мегардад, эҳтимол, аз кори иловагӣ низ фоида ба даст меоваред. Агар сарчашмаи нави даромадро пайдо кардан мехоста бошед, зудтар аз пайи ҷустуҷӯ шавед. Нафароне, ки бо кори савдо ва мусофиркашонӣ машғуланд, дучори душвориҳо мегарданд.    

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз вақту қувваи зиёдатонро барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ равона сохтанатон лозим меояд. Нерӯятон зиёд мегардад, хастагиро қариб, ки эҳсос намекунед. Дар баробари ин, иштиҳоятон кушода мешавад. Агар аз вазни зиёдатӣ азият мекашида бошед, пас дар истеъмоли хӯрок каме андозаро нигоҳ доред.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба касе маслиҳат надиҳед, вагарна мушкилии нафаре, ки шумо ба ӯ кӯмак расонидан мехостед, якбора дучанд мегардад. Барои яке аз пайвандони калонсолатон дорувории қимматбаҳо ёфтан лозим меояд. Нафароне, ки нав ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтаанд, чанд муддат пиёдагардӣ карданашон беҳтар аст.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо шахси дӯстдоштаатон муноқишаву нофаҳмӣ сар мезанад. Агар шумо то ин дам аз нафаре, ки чанд муддат бо ҳам муносибати ошиқона доштед, мегурехтед, пас ин нафар боз дар зиндагиятон пайдо мешавад. Аз касоне, ки ба зиндагии шахсии шумо дахолат кардан мехоҳанд, эҳтиёт шавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз шиноси деринаатонро вомехӯред. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногаҳонӣ боиси сар задани муноқиша дар хонадонатон мегарданд. Занҳо хароҷоти ногаҳонӣ мекунанд. Вазъи саломатиятон чандон хуб нест ва фишори рӯҳие, ки дар давоми рӯз эҳсос мекунед, ба шумо зарар мерасонад.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз касбу кор вақти зиёди шуморо фаро мегирад ва аҳли оила аз серкории шумо изҳори норозигӣ мекунанд. Бар замми ин, баъзе тағйиротҳо дар ҷои кор табъи дили шумо нестанд. Ба назаратон чунин мерасад, ки нафаре садди роҳатон шудан мехоҳаду пешпо медиҳад. Ин фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба корҳое, ки боиси хасташавии чашмҳо мегарданд, машғул нашавед. Аз мусибате, ки ба сари яке аз дӯстонатон меояд, сахт ғамгин мешавед. Нафароне, ки ба тиҷорат ва савдо машғуланд, бояд аз душманони пинҳонӣ эҳтиёт шаванд. Баъзе қавсҳо ба коре машғул шудану касеро дидан намехоҳанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нисбати корҳое, ки бо пул ва ҳуҷҷатҳои молиявӣ алоқамандӣ доранд, бодиққат бошеду ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Нафари наздикатон аз шумо қарз мепурсад. Нимаи дувуми рӯз ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, вагарна шахси бароятон азизро сахт меранҷонед. Ҷои коратонро иваз кардан мехоҳед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз далвҳои ошиқ бояд эҳсосоти худро идора карда тавонанд. Агар ба ёри худ ваъдае дода бошед, ҳатман онро иҷро кунед. Нафароне, ки ба тиҷорат машғуланд, рӯз барояшон бобарор меояд. Аз иҷрои корҳое, ки боиси ҷароҳат бардоштану аз даст додани маблағ мегарданд, худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз эҳсос мекунед, ки корҳоятон дар хонаву ҷои кор хеле зиёд шудаанд. Барои аз уҳдаи ҳама кор баромадан, бояд реҷаи худро тағйир диҳеду андаке чаққонтар шавед. Муносибататон бо дӯстон бад мешавад, аз ин рӯ, баҳонае пеш оварда, дар маҳфили дӯстон иштирок накунед. Даромади иловагӣ дар назар аст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД