Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2365

Ҳамал

 Дар давоми рӯз уҳдадориву вазифаҳои муҳимро пурра ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед. 

 

Савр

 

Баъзе уҳдадориву вазифаҳои муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз  баъзе нақшаҳо даст кашидан лозим ояд, руҳафтодаву ғамгин нашавед. Дар ҳаёти шахсӣ ва ошиқонаи шумо лаҳзаҳои хотирмон имкон дорад. Ба бемориҳои музмин диққати бештар диҳед.

 

 

 

Ҷавзо

 

Барои рушди корҳои молиявии шумо рӯзи мусоид аст. Бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳила ба кор намераванд. Дар оилаатон навигариҳо, маъракаву вохӯриҳо зиёд мешаванд. Барои оростани маърака ё тӯй рӯзи созгор аст. 

 

 

 

Саратон

 

Барои он ки ба гирдоби ғаму ғусса ғӯтавар нагардед, аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Мардони дар мучали саратон тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд. 

 

Асад

 

Дар ин рӯз хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муҳимтарин ва муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба ҳаёти шахсӣ, оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Аксарияти зодагони асад даромади иловагии худро тавассути сарчашмаҳои гуногун беҳтар месозанд. 

 

 

 

Сунбула

 

Аз ҷониби ҳамкорон, мизоҷон ё ҳамсояҳоятон мавриди фиребу сӯистифода қарор гирифтан шуморо асабӣ мегардонад. Дар давоми рӯз занги телефониеро интизор мешавед ва аз хабаре, ки дербоз интизораш будед, қаноатманд мегардед. Бонувони мучали сунбула бо дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ менамоянд. 

 

Мизон

 

Аз шунидани хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон рух медиҳад, ғамгин мегардед. Агар сади роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд. Дар давоми рӯз уҳдадориҳоро дар назди нафаре бе таваққуф ва ҳилаву найранг ба анҷом бояд расонед. 

 

 

 

Ақраб

 

Душвориҳои рӯз ба ҳолати руҳии шумо бе таъсир намемонад, асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки  зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафареро, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад. 

 

Қавс

 

Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро тартиб диҳед. Бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро пайдо намоед. Муносибатҳои оилавии шумо муътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз ҳузури нафарони хушчақчақ нерӯ мегиред. Ба муноқишаҳо роҳ надиҳед, беҳтараш роҳҳои дигари ибрози ақидаро интихоб намоед. 

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти насия гирифтанро дошта бошед, барои ин кор рӯзи мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Мардони мучали ҷаддӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоранд. 

 

Далв

 

Уҳдадориҳои касбиву корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегарданд. Барои пайдо намудани ҷои нави корӣ рӯзи мусоид аст. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед. 

 

Ҳут

 

Дар ин рӯз танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдааш баромада метавонеду барояш вақту имконият доред. Мардони мучали ҳут вақти бештари худро дар оила мегузаронанд. Бонувон аз баъзе ҳодисаҳои рӯз дилгиру руҳафтода мешаванд. Аз робита бо нафароне ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД