ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1060

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бояд ҷасур бошед ва эҳсосоти худро пинҳон накунед. Агар дар муносибатҳои ошиқона чизе шуморо нороҳат кунад, онро ошкоро баён кунед. Ба наздикон бодиққат нигаред, шояд маҳз камбудиҳояшон онҳоро ҷолибтар месозад. Рӯзи нав бо худ масъулиятҳои нав меорад. Қарорҳоро боандеша қабул намоед. Аз харидҳои калон худдорӣ кунед. Ин рӯз ба шумо эҳсосоти мусбат мебахшад ва ба зудӣ метавонед тарзи зиндагии худро беҳтар созед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз шумо хеле ҷаззоб мешавед, аммо эҳтимол аз ҳад зиёд ваъда медиҳед. Кӯшиш кунед воқеъбин бошед. Барои таъмир ё корҳои хона рӯзи мувофиқ нест — эҳтимоли ҷароҳатҳои майда вуҷуд дорад. Дар кор вазъият хуб мешавад, роҳбар ва ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанд. Дар масъалаи пул эҳтиёткор бошед. Агар нияти табобат доред, онро бо ҳар кас муҳокима накунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Мушкилоти ишқӣ метавонанд ба кори шумо таъсир расонанд, бинобар ин эҳтиёт кунед. Имрӯз барои таъмир ё навсозӣ рӯзи хуб нест. Аз доираи одатҳо берун баромадан ва каме таваккал кардан мумкин аст, аммо боандеша. Мушкили ногаҳонӣ метавонад хароҷоти иловагӣ талаб кунад. Дар ҳолати зарурат аз наздикон кумак пурсед. Аз хастагӣ ва фишори зиёд худро ҳифз намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз аз моҷароҳои шубҳаноки ишқӣ дурӣ ҷӯед ва бештар ба ақлу ҳисси ботинии худ такя кунед. Оиладоронро суҳбати ҷиддӣ интизор аст, кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред. Барои анҷоми корҳои нопурра рӯзи хуб аст. Қарз нагиред. Пешбинӣ ва мулоҳиза ба шумо кумак мерасонанд. Ба саломатии худ бепарво набошед, ҳатто бемории сабукро нодида нагиред.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз беҳтараш дар ҳаёти шахсӣ тағйироти ҷиддӣ ворид накунед. Рафтори худро назорат кунед, то аз муноқишаҳо канорагирӣ намоед. Истироҳат ва иваз кардани муҳит барои шумо хеле муфид аст. Шумо метавонед қобилиятҳои худро нишон диҳед, вале аз ҳад нагузаронед. Хароҷотро боақлона банақшагирӣ кунед. Аз фишори ҷисмонӣ ва рӯҳӣ худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ба шахсони танҳо тавсия мешавад, ки шитоб накунанд, бахт худ ба сӯи шумо меояд. Дар хона тартибот ҷорӣ кунед, зеро муҳити ором ба рӯҳия таъсири хуб мерасонад. Аз муноқишаҳо дурӣ ҷӯед. Имрӯз эҳтимол фоидаи ғайричашмдошт ё туҳфа ба даст оред. Ба саломатӣ диққат диҳед: ғизои сабук бихӯред, бештар истироҳат кунед ва асабонӣ нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шахсе метавонад ба шумо таъсири амиқ расонад. Кӯшиш кунед таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намоед. Дар оила масъалаҳоро оромона ҳал кунед. Фаъолияти аз ҳад зиёд метавонад бо роҳбар нофаҳмӣ ба вуҷуд орад. Вазъи молиявии шумо каме беҳтар мешавад, мумкин аст фоида ё баргардонидани қарз ба даст оред. Ба саломатӣ ва омодагии ҷисмонӣ бештар аҳамият диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҳаёти ошиқона ҳама чиз хуб пеш меравад. Шиносоии нав ё сӯҳбати самимӣ рӯҳияи шуморо боло мебарад. Хабар ё рӯйдоди хуб метавонад ба корҳои шумо таъсири мусбат расонад. Аз таҷрибаи дигарон истифода баред. Муваффақият насиби онҳост, ки ба худ бовар доранд. Ба ғизо диққат диҳед ва аз маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои оғоз кардани муносибатҳои нав вақти хуб аст, аммо агар аллакай дӯстдошта дошта бошед, эҳтиёт бошед. Ба худ як тӯҳфаи хурд харед, то рӯҳияатон беҳтар шавад. Дар қарорҳо устувор бошед. Имрӯз эҳтимоли сафарҳои корӣ ё фаъолияти зеҳнӣ зиёд аст. Пойдорӣ ба шумо муваффақият меорад. Аз машқҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар дар муносибати ошиқона нофаҳмӣ пеш омада бошад, хавотир нашавед, ба зудӣ ҳал мешавад. Наздикон ба дастгирии шумо ниёз доранд. Музокироти корӣ бомуваффақият анҷом меёбад. Ба сарфаи маблағ аҳамият диҳед, зеро хароҷоти калон дар пеш аст. Ба саломатӣ диққат диҳед: бештар дар ҳавои тоза бошед ва ғизои солим истеъмол намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз эҳтимол суханони зебои муҳаббатомез бишнавед, аммо дар чунин масъалаҳо эҳтиёткор бошед. Ба суханони худ диққат диҳед, то чизе нодуруст нагуед. Барои кори дастаҷамъӣ рӯзи хуб аст. Аз қарорҳои муҳими молиявӣ худдорӣ намоед. Хастагӣ эҳсос мешавад, барои истироҳат ва оромиш вақт ҷудо кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз барои таҳкими муносибатҳои ошиқона вақти муносиб аст, ба наздикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед. Аз васвасаҳо дурӣ ҷӯед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Агар кори иловагӣ талаб шавад, ҳаққи худро талаб кунед. Пешниҳоди хуби молиявӣ имконпазир аст. Ба саломатии худ аҳамият диҳед ва аз серкорӣ худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД