arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 2-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2021
2855

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз танқиди атрофиён нисбататон сахту зиёд мегардад. Орзу мекунед, ки ҳамин рӯз зудтар ба поён расад. Дар ҳаёти оилавӣ нофаҳмӣ имкон дорад, сабабашро аз ҳамсари худ пурсон нашавед. Кори вазнин натиҷаи хуб медиҳад, имкони пул ба даст оварданро пайдо мекунед. Саломатии худро эҳтиёт кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои атрофро хомӯшона назорат бареду хулоса бароред. Аз ҷашну маъракаҳои серодам ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Нақшаҳои ояндаатонро ба касе фош насозед, хусусан аз ҳасудатон эҳтиёт шавед. Чизҳои кӯҳнаву нодаркорро бароварда партоед, вагарна баракати хонаатон мепарад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст, ниятҳоятон мувофиқи хостаатон амалӣ намегарданд, аз шарикони корӣ меранҷед. Нафарони бегона ба вазъи пулиятон таъсири бад мерасонанд, ҷустуҷӯи кори нав барор намеорад. Нисбати нафарони калонсол боэҳтиром бошед, вагарна муноқиша бармехезад. Бо сабаби мушкилиҳои рӯзгор истироҳат карда наметавонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бебарор аст, фиреби ҳамкоронро фош месозеду бо наздикон муноқиша карда, нотоб мегардед. Аз баҳсу сӯҳбатҳои бемаънӣ худдорӣ намоед. Нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ боиси бад гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Барои бештар нарнҷонидани ёратон ба асабоният дода нашавед.

Асад (23 июл-22 август)

Барои бастани ақди никоҳ ва ҳомиладоршавӣ рӯзи бобарор аст. Зану шавҳарҳо нисбати якдигар меҳрубонтар мегарданд. Дар ин рӯз ҷудошавӣ аз нафаре, ки кайҳо ба дилатон задааст, осон мегардад. Шумораи нафароне, ки ба зиндагиатон бинӣ халонида, зарари худро мерасонанд, дар ин рӯз зиёд мегарданд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз рақибон ба ҳуҷум мегузаранд, аз ин хотир бодиққат бошед. Барои бастани ақди никоҳ ва хостгорӣ рӯзи бобарор аст. Ҳар қадами худро назорат карда, сухани ноҷо ба забон наоред. Бо атрофиён нармгуфтор бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади калонро аз даст медиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи номусоид аст, ниятҳоятон амалӣ нагашта, аз ҳамкорон дилмондаву шудану муноқиша бо наздикон имкон дорад. Эҳтимоли нотоб гаштанатон зиёд аст. Агар дар ин рӯз бемор шавед, беморӣ тӯл кашида, шифо ёфтанатон душвор мегардад. Агар ҳуҷҷати ронандагии худро ба наздикӣ гирифта бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Муносибатҳоятон ба шахси дӯстдошта вайрон гашта, кор қариб ба ҷудоӣ мерасад, аз ин лиҳоз, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳангоми дар кӯчаву нақлиёт гаштанатон ҳамёни худро эҳтиёт кунед, эҳтимоли гум кардани пулҳоятон дар ин рӯ зиёд аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

агар дар фикри беҳтар сохтани саломатии худ бошед, ба табиби ботаҷриба муроҷиат кунед. Бе тавсияи духтур дорувориҳоро пайи ҳам истеъмол накунед. Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро ба дил наздик нагиред. Дӯстдоштаи худро танҳо намонед, вагарна хафагиро аз дилаш бароварда наметавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳисобу китоби маблағ нофаҳмӣ имкон дорад. Аз ҷониби ҳамкорон фиреб хӯрдану бо наздикон муноқиша кардан ва бад шудани вазъи саломатиатон эҳтимол дорад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориатон вазнин шуда, тӯл мекашад. Хоҳиши рӯирост гап заданатон боиси хафагиву муноқиша мегардад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар тиҷорати шахсӣ тамоми донишу маҳорати худро ба кор баред, вагарна рақибон садди роҳатон гашта, монеаи ба даст овардани маблағи хуб мегарданд. Бо роҳбарият дар боби кам будани маош ва бо аҳли оила барои хароҷоти калон муноқиша накунед, вагарна хафагиву даъвои тарафайн боиси ҷанҷоли калон мегардад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз табъатонро болидаву саломатиатонро эҳтиёт кунед. Агар хаста шуда бошед, дар хона истироҳат кунед. Барои табобати дандон рӯзи мусоид аст. Ҳангоми робита бо фарзандон садо баланд накунед, ҳақ будани худро ба зурӣ нишон надиҳед. Аз пашша фил сохта, бо рашки беасос ҳам худ ва ҳам ёратонро азият надиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД