Vegapharm
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2730

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нафароне, ки ба тиҷорати шахсӣ машғуланд, дар ин рӯз бурд мекунанд. Бо дӯстдоштаатон бе ягон сабаби ҷиддӣ муноқиша мекунед. Вазъи молиявиатон бо сабабҳои бароятон номаълум бад мегардад. Ба саломатиятон беэътиноӣ накунед, вагарна бемориятон тӯл мекашад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз қуваи худро ба ҳар кори ночиз сарф накунед. Ғамхориву нигоҳубини нафарони бароятон наздик бояд дар мадди аввал бошад. Дӯсти наздикатон қарзи калонро бармегардонад ва вазъи молиявиатон беҳтар мегардад. Бегоҳирӯзӣ ба сафар баромаданро бо мошини худ ба нақша нагиред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Танҳо суҳбатҳои ошкоро муносибатҳоятонро қавӣ месозанд. Ҳар қадаре сирру асрори худро аз атрофиён пинҳон кунед, ҳамон андоза аз шумо пинҳонкориро кам мекунанд. Дар ин рӯз нисбати шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ хеле бодиққат бошед. Ҳангоми шамолкашӣ витамин истеъмол кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар имрӯз аз сидқи дил меҳнат кунед, ба дастгирии коргарону сардоратон умед баста метавонед. Аз оне ки дар қалбатон оташи меҳру муҳаббат хомӯш гаштааст, ба изтироб меоед. Ба масъалаҳои молиявӣ диққати хоса диҳед. Агар маблағи худро барои ба даст овардани кори сердаромад сарф кунед, бурд мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба баҳсу мунозира роҳ надода, хусусан, нисбати нафарони аз худатон калон эрод нагиред. Табъатон нохушу вазъи саломатиятон бад гашта, ба ҳар кор хурдагирӣ карда, дағалӣ мекунед. Кӯшиш намоед дар танҳоӣ вақт гузаронида, асаби худро эҳтиёт кунед, вагарна бемор шуданатон имкон дорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз тамоми фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур карда, ҳамзамон, аз робита бо нафароне, ки нисбати шумо самимӣ нестанду қаллобанд, дурӣ ҷӯед. Рӯбучини пурраи хона ва қабули меҳмонро низ тавсия намедиҳем. Кӯшиш намоед, ба атрофиён гапи дурӯғ нагуфта, ба ҳар гуна ғайбат гӯш надиҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз хатари зери таъсири бегонагон афтиданатон имкон дорад, аз робита бо нафароне, ки хуб намешиносед ва шахсони бароятон номаъқул дурӣ ҷӯед, вагарна ба ғалатҳои зиёде роҳ доданатон имкон дорад. Харидани воситаҳои косметикиро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ оббозӣ ба саломатиятон фоида мерасонад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз натиҷаи меҳнату заҳматҳоятонро дида, маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Муносибатҳои ошиқонаатон ба филмҳои зебо монанд мегардад. Вохӯриҳои ошиқона, изҳори муҳаббат, ранҷиш ва оштишавӣ бо шахси дӯстдошта хотирмон мегузаранд. Бегоҳирӯзӣ ба маъракае даъватӣ мешавед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз зери таъсири нафарони бегона қарор гирифтану фиреб хӯрданатон имкон дорад. Фишори дӯстдоштаатон боиси рӯҳафтодагиятон мегардад. Худро ба даст гирифта, наздаш дарди дил накунед. Маблағи пулие, ки айни замон дар даст доред, ба зудӣ тамом мешавад. Ба саломатии худ беаҳамиятӣ накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба нафаре ошиқ мешавед, ки кайҳо боз ба шумо маъқул буд. Хаёлҳои хомро аз сар дур карда, аз ӯ меҳру муҳаббатро талаб накунед. Бо мурури вақт ҳама чиз аён мегардад ва барои он ки шитоб накардед, шод мешавед. Баъди нисфирӯзӣ шамол хӯрдану баланд шудани ҳарорати баданатон имкон дорад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз пулҳоятонро сарфа кунед, ба чизе ки дар хариданаш маблағатон намерасад, умед набандед. Баҳсу мунозира ва ҳатто бо нафаре маслиҳат карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ қабл аз хоб сайругашт кардан ба саломатиятон фоида дорад. Дӯстдоштаатонро бо суханони пурмеҳр шод гардонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Субҳ бо табъи хира бедор шуда, барои кори хубу шоиста кардан ҳавсала надоред. Сабабгори вайрон шудани муносибатҳоятон бо шахси бароятон наздик худи шумо ҳастед. Нисбати дӯстдоштаатон гузашт карданро омӯзед, бо якравию дағалӣ ҳам дил меранҷонеду ҳам бахтатонро аз даст медиҳед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД