Arzon march 2024
Толеъномаи 19-уми феврали соли 2023
2375

 

Ҳамал

Муносибататонро нисбати наздикон бештар намоед. Ҳамалҳое, ки воситаи нақлиётро идора мекунед, эҳтиёткор бошед. Саломатии яке аз пайвандон нимаи дувуми рӯз бад шуда, шуморо сахт ба ташвиш меорад. Имрӯз барои вохӯриҳои ошиқона мувофиқ нест.

 Савр

Дар ин рӯз бисёр корҳоятон бобарор анҷом меёбад. Подоши некиҳои кардаатонро мегиред. Аз муноқиша бо ҳамсояҳо дурӣ ҷӯед. Барои болидарӯҳӣ сайругашт дар ҳавои тоза хуб аст. Даромади хурди пулӣ дар назар аст. Нисбат ба ҳамсар ва фарзандонатон меҳрубонтар бошед.

Ҷавзо

 Рӯзи муқаррарист. Ягон навгоние пешгӯӣ карда намешавад. Кӯшиш кунед, ки аз раҳмдилиатон сӯиистифода накунанд. Саломатиатон хуб буда, давоми чанд рӯз шуморо ташвиш намедиҳад. Бегоҳии имрӯз ба аёдати волидайн равед, хуб аст. Дар сарфи маблағ сарфакор бошед.

 Саратон

Аз меҳнати зиёди ҷисмонӣ ин рӯз худдорӣ намоед. Кореро, ки аз уҳдаи иҷрояш намебароед, ба дӯш нагиред. Аз шунидани хабари хуше болидарӯҳ мегардед. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи саломатиатон аз истеъмоли хӯрокҳои бирёнӣ ва вазнинҳазм даст кашед. Дар ин рӯз ба вохӯрии ошиқона даъват мешавед.

 Асад

Даствордҳое, ки давоми рӯз ба даст меоваред, вазъи молиявии оилаатонро боло мебардорад. Ҳангоми харид сарфакор бошед, чизҳои нодаркор харидорӣ накунед. Ҳатман вақт ёфта, аз ташхиси духтур гузаред, то бемории ирсӣ авҷ нагирад. Аз истеъмоли машрубот пурра даст кашед.

 Сунбула

Дар ҳаёти шахсиатон вазъ чандон хуб нест. Ба хотири пош нахӯрдани оилаатон бояд сабур бошеду баъзе камбудиҳои ҳамсафари ҳаётиро нодида гиред. Аз машварати кӯҳансолони оила кор гиред. Охири рӯз ҳамсаратонро ба сафари берун аз шаҳр даъват кунед.

 Мизон

Дар муошират бо атрофиён боэҳтиёт бошед, зудбовариатон боис мегардад, ки ба доми фиреб гирифтор шавед. Охири рӯз ақрабои дуратон ба хонаатон меҳмон мешаванд ва бо худ каме нохушиҳоро меоваранд. Муҳимтар аз ҳама оромии асабҳоятонро аз даст надиҳед. Даромади пулӣ дар назар нест.

 Ақраб

Рӯзи бобарор дар тиҷоратро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд. Дар нимаи дувуми рӯз тағйироти зиёд ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Барои оила ва муносибат ба фарзандон бештар вақт ҷудо кунед. Дар ин рӯз бо нафаре вомехӯред, ки дар ҳаёти ояндаи шумо нақши муҳимро мебозад.

 Қавс

Серкории ҳамешагӣ боиси хастагии тану рӯҳатон гаштааст. Фаромӯш накунед, ки саломатӣ дар мадди аввал аст. Беҳтараш ба рухсатӣ баромада, барои дамгирӣ ба осоишгоҳе равед. Кумаку дастгирии хешовандон шуморо охири рӯз шод мегардонад. Даромади хурди пулие дар назар аст.

 Ҷаддӣ

Воқеаҳои давоми рӯз боиси бад гаштани вазъи саломатиатон мегарданд. Кӯшиш кунед то аз баҳсу муноқишаҳо дур бошед. Ҷанҷоли оилавӣ оқибати нохуш ба бор меоварад. Бештар пиёдагардӣ намуда, аз доруҳои табиии таскинбахш истифода кунед. Даромади пулӣ охири рӯз шуморо хурсанд мегардонад.

 Далв

Дар оилаатон баъзе камбудиҳо ба вуҷуд меояд, ки тамоми рӯз боиси асабонияти шумо мегардад. Нимаи дувуми рӯз навгонии аҷибе шуморо мунтазир аст. Рӯз барои хариди калон мувофиқ нест. Рӯзҳои истироҳат ба саёҳати берун аз шаҳр равед, барои оромии асаб ва саломатиатон хуб аст.

 Ҳут

Аввали рӯз аз яке аз дӯстон пешниҳоди ҷолиб мегиред, агар онро қабул кунед, дар ояндаи наздик бароятон манфиатҳо меоварад. Саломатиатон хуб буда, шуморо ташвиш намедиҳад. Сафар ба зодгоҳ ва аёдати хешовандони дур барои қавитар гардонидани муносибатҳо иқдоми хубе хоҳад буд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД