Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3375

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Ба маслиҳати қаллобон гӯш дода, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Беҳтараш аз тарзу усулҳои санҷидашуда истифода баред. Он гоҳ аз аллергия ва заҳролудшавӣ эмин мемонед. Маблағи дар киса доштаатон ба зудӣ тамом мешавад, сарфакор бошед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ҳам ғалатҳои худатон ва ҳам аз атрофиён боиси асабонияти шумо гашта метавонанд. Панду насиҳатхонӣ накунед, вагарна атрофиёнро меранҷонед. Аз кору ниятҳои хатарнок худдорӣ намоед, вагарна оқибати хуш намеоранд. Табъи нохушатон ба муносибатҳои ошиқонаатон бетаъсир намемонад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Чизҳои куҳнаву нодаркорро партоед, то ки дар зиндагиятон барои оғози нав ҷой пайдо шавад. Бо рӯбучини хона машғул шуда, худро сабук эҳсос мекунед. Бо ҳамин роҳ айбу гуноҳи худ ва ишқу муҳаббати нобудгаштаро рафъ карда метавонед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки шуморо дӯст медоранд, баҳсу мунозира накунеду дил наранҷонед. Барои иваз кардани ҷойи кор рӯзи мусоид нест. Дар масъалаҳои пулӣ бояд таваккал намоед, он гоҳ бурд мекунед. Мулоқоти ошиқона лаҳзаҳои хотирмон ато мекунад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Аз ғалатҳои пештараи худ ибрат гирифта, минбаъд агар якравиро аз худ дур карда, бомулоҳиза амал накунед, боз хато мекунед. Дар давоми рӯз сарчашмаҳои нави даромад пайдо карда, хеле шод мегардед. Ширкат варзидан дар маъракаҳои серодам барор намеоранд, аз ин рӯ, дур буданатон беҳтар аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, ба ҳуҷум нагузаред. Нисбати атрофиён танқиду норизогӣ накунед. Барои он ки муносибататон бо наздикон вайрон нашавад, аз мавзӯҳои дарднок дурӣ ҷӯед. Имкони сарф кардани маблағи зиёд вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз тасодуфан ва ғайриихтиёр нафареро ранҷонида метавонед. Қабл аз он ки гаперо ба забон меоред, оқибати онро чанд маротиба андеша намоед. Сирру асрори нафареро фош мекунеду ба ҳамсуҳбати худ ҳақиқати талхро гуфта, боиси ранҷиши дилаш мегардед. Организми худро ҷисману рӯҳан хаста насозед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба доми макру фиреб кашида мешавед, атрофиён бо ғаразҳои шахсии худ шуморо истифода бурдан мехоҳанд. Рашки худро ба дӯстдоштаатон нишон надиҳед, вагарна кор бо муноқишаи калон анҷом меёбад. Аз тамоми сафарҳо худдорӣ намоед. Зукомро бо истифода аз усулҳои халқӣ муолиҷа карда метавонед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Аз кору рафтори ногаҳонӣ худдорӣ намуда, сари эҳсосот ба қароре наоед, тамоми корҳои дар ин рӯз анҷомдодаатон оқибатҳои нохуш меоранд. Ба туҳфаҳои тақдир умед набандед. Барои ба даст овардани маблағи пулӣ заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Хуб мебуд, ки ба танқиду эрод ва сарзаниши атрофиён аз ҳад зиёд хӯрдагирӣ накунед. Шумо нуқтаи назари худро доред ва онро пайгирӣ намоед. Тамоми ҷашну маъракаҳое, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, дар сатҳи олӣ мегузаранд. Агар худро нотоб ҳис кунед, барвақттар истироҳат кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз муваффақияти молиявӣ ё дастгирии шахси мӯътабаре имкон дорад. Дар ин бора ба касе нақл накунед, вагарна душманон ба ҳуҷум гузашта, аз роҳ мезананд. Эҳтимоли хабари нохуш шуниданатон имкон дорад. Камқуввативу бемадорӣ ва пастшавии фишор нишонаи омад-омади фасли баҳор аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ақидаву пешниҳодҳои аҷибе ба саратон меоянд, вале дар ҷодаи молиявӣ бурд намекунед. Пулҳои худро сарф накарда, ба вазъиятҳои ногаҳонӣ омода бошед. Баъзеҳо имкони дар вазифа боло рафтанро пайдо мекунанд. Ба хонаатон меҳмон меояд. Баъди нисфирӯзӣ тасодуфан бо собиқ дӯстдоштаатон вомехӯред.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД