Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки ба ҳар гуна суханҳои беарзиш диққат надиҳед. Ба худ боварӣ дошта бошед, аммо ба ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳанд, чашм напӯшед. Кӯшиш кунед, ки кори худро содиқона ва софдилона иҷро кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки боварии роҳбариятро ба даст оред.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба варзиши сабук машғул шудан ба шумо фоида дорад. Эътимоднокии шумо дар назди дигарон меафзояд. Нафарони ношиносу ногаҳонӣ бо шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Дар ин кор зиракиро аз даст надиҳед. Дар ҳама кор аз нафарони собиҳтаҷриба маслиҳат пурсида, баъдан амал намоед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бештар китоб хонед ва захираи луғавии худ бой гардонед, зеро доим ҳангоми суҳбат дар истифодаи калимаҳо ба мушкилӣ дучор мегардед. Барои вохӯриҳои дӯстона рӯзи хуб нест, зеро эҳтимоли сар задани нохушӣ вуҷуд дорад. Агар шуморо ба мулоқот даъват кунанд, рад карда, дар хона нишинед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз аз иҷрои ягон кор худдорӣ накунед. Ба мағоза ё бозор рафта, чизҳои заруриатонро харидорӣ кунед. Агар ба дурустии қарори қабулшуда бо шубҳа менигаред, пас бо дӯстонатон машварат карда, ба дурустии он боварӣ ҳосил кунед. Ҳавои хонаро тоза нигоҳ доред ва аз нафарони гирифтори зуком дурӣ ҷӯед.
Асад (23 июл-22 август)
Кор кардан хуб аст, аммо беаҳамиятӣ нисбат ба оила хуб нест. Дар баробари корҳоятон барои оилаи худ низ вақт ҷудо кунед, зеро онҳо ба шумо дар ҳақиқат эҳтиёҷ доранд. Дар бораи мушкилиҳояшон пурсон шавед, зеро онҳо аз шарм ба шумо чизе гуфта наметавонанд. Ваъдахилофӣ накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Аз ғайбат кардани касе худдорӣ кунед, хусусан, дар ҳузури ҳамкорон. Бетарафиро ихтиёр карда, ба корҳои худ андармон шавед. Гапатон бо роҳбаратон мегурезад ва эҳтимоли иваз кардани ҷои кор низ вуҷуд дорад. Даромади пулӣ дар назар аст. Як қисми онро барои рӯзи мабодо пасандоз кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ҳатто дар бадтарин ҳолат худро ба даст гирифтаву ором бошед. Ба корҳои роҳбарият ё дигар ҳамкорон дахолат накунед. Онҳо аз шумо беҳтар медонанд, ки чӣ кор кунанд. Ҳаётатон аз пештара рангинтару равшантар мешавад ва ҷилои чашмони ҳамсаратон беҳтарин ҷоиза барои шумо хоҳад буд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои кор бо иттилоот рӯзи хуб аст. Бо маслиҳатҳои муфид ва суханҳои дилгармкунанда наздикони худро ҳавасманд кунед. Агар нақшаи кории тартибдодаатон вайрон шавад, худро асабӣ накунед. Замоне фаро расидааст, ки манбаъҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Пеш аз оғози кор хуб фикр кунед ё аз наздикони худ маслиҳат пурсед, зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Дар масъалаҳои корӣ ба маслиҳати ҳамкорон такя карда метавонед. Танҳо ба худ такя карда наметавонед. Бинобар ин, вақте бо дигарон кор мекунед, эҳтиёткор бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бидуни тарс ва оқибатҳои ҷиддӣ ба худ бовар карда, хатари муайянеро паси сар кунед. Ҳадафи асосии имрӯзаи шумо бояд ғамхорӣ ба оила ва роҳатӣ дар хонадон бошад. Барои дидани дӯстон ва суҳбат сари як пиёла чой рӯзи хуб аст. Хоидани сақич кори майнаи сарро метезонад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз шумо бояд ба маслиҳати шахсони наздики худ гӯш андозед, ҳарчанд он маслиҳатҳо ба шумо лозим нестанд ё аз рӯйи онҳо кор кардан намехоҳед. Атрофиён дар бораи шумо чӣ мегӯянд, инро низ ба назар бигиред ва худро ислоҳ кунед. Аз шумо кӯмак мепурсанд, рад накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз бештари вақти худро ба корҳои эҷодӣ, мутолиаи рӯзномаву маҷалла, навиштани хотирот, ҳисобу китоб ва ғайра сарф мекунед. Ҳамсаратон мехоҳад, ки ба шумо сюрприз кунад, аммо шумо нақшаҳои ӯро барбод медиҳед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед.