shoh palace
Толеъномаи 19 марти 2020, панҷшанбе
2150

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳушёриро пеша намоед, то ки аз содагиву зудбовариятон нафарони бевиҷдон ба фоидаи худ истифода набаранд. Ба ғалате роҳ доданатон имкон дорад, ки тақдирсозу тақдирсӯз аст, аз ин рӯ ҳушёриро пеша намоед. Аз муноқиша кардан бо наздикон худдорӣ намоед. Дар танҳоӣ сафар кардан тавсия дода намешавад.

Савр (21 апрел-22 май)
Табъи нозукатон боиси нофаҳмиву муноқиша бо наздиконатон мегардад. Асабҳоятон хароб гашта, эҳтимоли хабари нохуш шуниданатон вуҷуд дорад. Кӯшиши тамоми мушкилиҳоро яку якбора рафъ карданро накунед. Сабрро пеша намуда, тамоми ногувориҳоро оромона қабул кунед, зеро «поёни шаби сиёҳ сафед аст» гуфтаанд.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Барои рафъ намудани мушкиливу корҳои нотамом вақту маблағи зиёде сарф мегардад. Тақдир санҷишу имтиҳонҳоро пеш меорад. Бо нафароне, ки вазъи молиявиатон аз онҳо вобастагӣ дорад, муноқиша карданатон имкон дорад. Ҳатто дар оилаҳои тифоқ бо сабаби серкорӣ ё муоширати кам нофаҳмиву дилранҷӣ рух медиҳад.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз дарҳои хонаи худро танҳо барои дӯстони наздиктаринатон боз намоед. Дар хотир доред, ки як дӯсти дерин аз ду дӯсти нав беҳтар аст. Аз вохӯрӣ бо нафарони тасодуфӣ худдорӣ намоед. Бо сабаби фориғболӣ ва бепарвоӣ бемор шуданатон имкон дорад. Дӯстдоштаатон бо хабари хуш хотиратонро шод месозад.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз роҳҳои беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозед. Дар ҳаёти шахсиятон баъзе тағйиротҳо рух медиҳанд. Муноқишаи бо дӯстдоштаатон пайдошударо бояд ҳатман рафъ созед. Беморие, ки имрӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи бебарор аст, хиёнату туҳмат, таъқибу дунболагирӣ имкон дорад. Беҳтараш аз сафарҳои дарозмуддат ва сайругашт дар танҳоӣ худдорӣ намоед. Ба машқҳои фаъоли ҷисмонӣ машғул нашавед. Хонаву дари худро назорат намоед, хатари рух додани сӯхтор ё гум кардани чизи қиматбаҳо, ғорат кардан имкон дорад.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Баъзеҳо соҳиби вазифаи хубтар мегарданд. Ба корҳое, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Дар акси ҳол дар ҳоли ногувор афтида, сабабгори муноқишаи навбатӣ мегардед. Мардҳои зандоре, ки маъшуқа доранд, бо сабаби камбудиҳои рӯзгорашон ба ногувориҳо гирифтор мешаванд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ мувофиқ нест. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст, ба шарте ки бо рашку итоб ҷони дӯстдоштаатонро ба лаб наоред. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки фориғболӣ кунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи душвор аст. Ҷангу муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо боиси дилранҷӣ, балки сабаби ҷудоиятон мегардад. Табъи нозукатон боиси нофаҳмиву низоъ бо наздиконатон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ сардард мешавед, доруи таскинбахш истеъмол намуда, каме истироҳат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Рӯзи бобарор мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво шавед. Он чизеро, ки имрӯз ба даст меоред, дар як лаҳза аз даст дода метавонед. Ҳодисае рух медиҳад, ки боиси сарф кардани маблағ мегардад. Ҳангоми муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ба асабоният роҳ надиҳед, вагарна байнатон ранҷиши сахт ба амал меояд.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Нимаи аввали рӯз табъатон болидаву хотиратон шод гашта, ба атрофиён низ таъсиратон мерасад. Баъди нисфирӯзӣ ба саломатии худ ва наздиконатон диққат диҳед: эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин, ҷароҳат бардоштан ва ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Бегоҳирӯзиро дар ҳалқаи наздикон гузаронед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)
Субҳгоҳон дар муносибатҳои заношавҳариятон душвориҳо сар мезананд. Талабу иддао накарда, аз пайи рафъ сохтани муноқишаҳо гардед. Баъди нисфирӯзӣ барои сафарҳои дур мусоид аст. Барои беҳтар гаштани табъатон бояд шароити зиндагии худро тағйир диҳед. Бегоҳирӯзӣ аз дӯсти деринатон хабари хуш мешунавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД