Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023
3285
no-img

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ба рӯятон дари имкониятҳо кушода мешавад. Он чизе, ки кайҳо орзуяш мекардед, акнун муфтакак ба даст омада метавонад. Дар хотир доред, агар вақти мусоидро истифода бурда натавонед, сахт пушаймон хоҳед шуд. Дар кори идора зиракиро аз даст надиҳед, чунки хатои хурдтарин дар ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонад шуморо аз нони даҳонатон бенасиб гардонад. Қадаматонро дониста гузоред, ба ҳар кас бовар накунед.

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз шанси худро аз даст надода, аз пайи амалӣ намудани орзуҳоятон шавед. Донед, ки айёми беҳтарин барои пайдо намудани ҷуфти хуби ҳаётӣ фаро расидааст. Агар ба хости дилатон гӯш андозед ва бо шахси дилхоҳатон риштаи тақдири худро пайвандед, як умр хушбахт хоҳед гашт. Ҳамалҳои оиладор, дар бораи мушкилиҳои оилавиятон ба касе даҳон накушоед, вагарна бо дасти худ ба решаи ниҳоли бахтатон теша мезанед.

 

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Айёми беҳтарин барои барқарор намудани муносибат бо роҳбарият ва одамонест, ки метавонанд тақдири шуморо дигаргун созанд. Шиносоиҳои нав кори шуморо равнақ мебахшанд. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш намоед, ки каме истироҳат кунед, вагарна саломатиатон шуморо нороҳат гардонда метавонад. Сар задани баъзе мушкилиҳо аз эҳтимол дур нест, вале бо мадади дӯстонатон ба осонӣ мушкилоти пешомадаро рафъ менамоед.

 

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар кори зиёд ва ташвишҳои рӯзгор шуморо хаста карда бошанд, ба комёбӣ умед набандед. Беҳтараш рухсатии меҳнатӣ гирифта, бо аҳли оилаатон ба ягон ҷойи хушманзар рафта истироҳат намоед ва асабҳои харобатонро ором созед, вагарна хастагии аз ҳад зиёд боиси бемор шуданатон хоҳад шуд. Охири рӯз ба шабнишиние даъват мешавед, ки ба ҷойи хушҳолӣ ба сари шумо ҷангу ҷидол меорад.

 

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз чунон серкор мешавед, ки барои дӯстону наздикон вақт намеёбед. Серкориятонро ба онҳо фаҳмонед, то боиси ранҷиш ва ҷангу ҷидол нагардад. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш кунед, ки гапатон бо ягон кас нагурезад. Маблағи дар киса доштаатонро беҳуда сарф накарда барои рӯзи мабодо нигоҳ доред. Нақшаи тарҳрезӣ кардаатонро ба касе нагӯед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз даводави зиёд карда, гумон мекунед, ки ҳама ҷонканиҳоятон беҳудаанд, аммо қувваи ноаёне шуморо ба пеш тела медиҳад. Бо мадади ҳамин қувва тамоми мушкилиҳоро бартараф хоҳед кард. Дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба рӯятон дару дарвозаҳои нав кушода мешаванд. Кӯшиш кунед, ки ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, сарчашмаҳои даромадро ба фоидаи худ истифода баред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар масъалаҳои пулию молӣ шитоб накунед. Нағзакак тамоми паҳлуҳои ҳар як муомилаи пулиро таҳлил намуда, дар тарозуи ақл ҳамаашро баркашед, то фиреб нахӯред. Қисми дуюми рӯз шуморо даромади начандон калон интизор аст. Нафарони танҳоро шиносоии тақдирсозе дар роҳ ё нақлиёт интизор аст. Тамоми назокату маҳорататонро барои ба даст овардани дили ёри нав ба кор баред, зеро бо ин шахс шуморо бахти сафед интизор аст. Дар коргоҳ ба ҷангу ҷанҷоли беҳуда роҳ надиҳед, то хандахариши душман нагардед.

 

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз чунон серкор ва серташвиш мешавад, ки сари калобаатонро гум мекунед, аммо агар худро ба даст гирифта, тамоми корро сари вақт ба анҷом расонед, аз роҳбарият таъриф шунида сазовори боварӣ ва мукофот мегардед. Шанси вазифаи баландтар гирифтанатон вуҷуд дорад. Дар интихоби ҷуфти ҳаётӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Сад бор андеша карда, баъд хулоса бароред, вагарна ҳаётатонро бо дасти худатон месӯзед.

 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад, бинобар ин, мо ба шумо бозор ба бозор гаштанро маслиҳат намедиҳем. Пули бо хуни ҷигар кор кардаи шумо метавонад ба осонӣ луқмаи дузд ё ҳанноте бигардад. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат каме нофаҳмиҳо пеш меояд, ки гунаҳкори асосии сар заданашон худи шумоед.

 

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ба хабарҳое, ки қисми дуюми рӯз мешунавед, эҳтиёткорона муносибат кунед. Даҳони баста сад тилло гуфтаанд, ҳар гапро дар назди дӯсту душман гуфтан нагиред, девор гӯш дораду муш гӯш. Ба нафарони ташнаи бахт маслиҳат медиҳем, ки мисли хирс ба хоби зимистонӣ нараванд. Барои пайдо намудани ҳамсафари зиндагӣ фурсати муносиб фаро мерасад. Шиносоие, ки имрӯз ба вуҷуд меояд, метавонад калиди дари хушбахтиҳо бошад.

 

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нафарони мансабдор нимаи дуюми рӯз метавонанд шартномаҳои муфид банданд. Корҳое, ки дар ин давра анҷом медиҳед, барои баландтар рафтани мақоматон мусоидат хоҳанд кард. Серкориро баҳона карда, вазифаҳои худро дар оила бар дӯши дигарон бор накунед, вагарна дили ҳамсаратон хунук шуда, муносибатҳоятон сард мешаванд. Барои он ки камнамо шудани шуморо ба таври худ фаҳмида рашк накунад, ҳама мушкилиҳои кориатонро ба ӯ ошкоро бигӯед.

 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз ҳад зиёд асабӣ нашавед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Нафарони оиладор бояд аз занбозию хиёнат худро дур бигиранд, зеро хавфи сар задани моҷароҳои калони оилавӣ бо сабаби рашк вуҷуд дорад. Қарз додан ва қарз гирифтанро ба зодагони ин бурҷ маслиҳат намедиҳем. Ба ягон мавзеи зебо рафта дам гиред, то асабҳои харобгаштаатон каме ором шаванд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД