Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
2633

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз субҳ асабҳои шумо харобу таъбатон хира аст. Ният доред, ки бо ягон нафар ҷанҷол карда, худро ором созед. Ин роҳи ҳал нест. Беҳтараш ба тамошои табиат ё ба лаби дарё равед. Барои нафарони ошиқ рӯзи бобарор аст. Агар ба дӯстдоштаатон изҳори муҳаббат накарда бошед, имрӯз ҳатман бигӯед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ба кор каме дер мекунед ва роҳбарият барои ин коратон шуморо танбеҳ медиҳад. Озурдахотир набошед, зеро ин ба фоидаи худи шумост. Бо ин роҳ хатоҳои худро ислоҳ мекунед. Аз харидорӣ кардани чизҳое, ки лозим нестанд, даст кашед. Шом вақти ба хона рафтан, ба кӯдаконатон ҳатман ширинӣ баред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нисфирӯзӣ шуморо як нафаре, ки чанд муддат надида будед, ба меҳмонӣ даъват мекунад. Дудила нашуда, розигӣ диҳед, вале ҳангоми суҳбат эҳтиёт кунед, ки аз даҳонатон суханҳои пасту баланд набарояд. Дар ҷои кор кӯшиш мекунанд, ки ба торҳои асаби шумо нохун зананд. Тавре вонамуд кунед, ки гӯё чизеро намебинед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба хабаргирии яке аз наздиконатон меравед. Бо худ гирифтани дастовезро фаромӯш накунед, зеро дасти холӣ рафтан хуб нест. Даромади ногаҳонӣ ба даст меоред. Аввал қарзатонро баргардонед, баъдан чизҳои лозимиро харидорӣ кунед. Аз меъёр зиёд харид карданро тавсия намедиҳем.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки тамоми рӯз дар хона бимонед. Зеро дар кӯча бо шумо ягон ҳодисаи нохуш рух доданаш аз эҳтимол дур нест. Дар хона бимонед ва як рӯзи худро ба оилаи худ бахшед. Дар ин рӯз аз касе қарз напурсед ва бо касе муноқиша ҳам накунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз аз суҳбат бо нафароне, ки буданашон бароятон нороҳаткунанда аст, дурӣ ҷӯед. Беҳтараш вақти пурқиммати хешро ба корҳои фоидаовар сарф кунед. То охири моҳ вақт зиёд аст, ба ҳамин хотир, дар истифодаи маблағ сарфакор бошед, то қарздори беҳуда нашавед. Барои ошиқон рӯзи хуб аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо ҳамсаратон муноқиша мекунед. Боке надорад, аввалин шуда гапро сар кунеду оштӣ шавед. Барои дилашро ёфтан ягон хӯроки бомазза омода кунед. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳо боэҳтиёт бошед. Бо телефон дуру дароз гап назанед. Аз истифодаи ҳар гуна косметика даст кашед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар худ дигаргуниеро ҳис мекунед, ки шуморо ба ташвиш меорад. Хавотир нашавед, ин танҳо таъсири кори зиёд аст. Ба худатон фишор наоред ва аз соати муқарраршуда зиёд кор накунед. Ба нафарони ошиқ тавсия медиҳем, ки имрӯз аз вохӯриҳои ошиқона худдорӣ кунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз чизеро аз даст медиҳед, ки барояш сахт ғамгин мешавед. Барои он ки фикрҳоятон парешон шавад, ҳамроҳи дӯстон ё дугонаҳоятон ба сайру гашт бароед. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, як қисми қарзро бармегардонад. Бо ӯ моҷаро накунед ва барояш муҳлат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз агар аз даҳони нафаре шунидед, ки дар бораи шумо гап мезанад, парво накунед. Дар бораатон сухани хуб мегӯянд ё бад, муҳим нест. Муҳим он аст, шуморо мавзӯи баҳсашон қарор додаанд. Ба хонаатон меҳмон меояд. Гарму самимӣ истиқболаш гиред.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз далвҳоро ҳодисаҳои нохуш дар пеш аст. Ба ҳар ҳол омода бошед ва ҳар қадами худро санҷида гузоред. Кӯмаки дӯстони наздикро қабул ва ба онҳо бовар кунед. Барои аз бало наҷот ёфтан ба ин кор маҷбур ҳастед. Агар мошин дошта бошед, ҳангоми рондан суръати ҳаракатро баланд накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз онҳое, ки ба бемории дилу қанд ва фишорбаландӣ гирифторанд, аз номусоидии боду ҳаво каме азият мекашанд. Дар хонадони баъзе аз зодагони зери ин бурҷ тифли нав ба дунё меояд. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки аз истеъмоли хӯрокҳои серравған парҳез кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД