formula
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
5360

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳамалҳои бекор бояд вақташонро ба кор ҷустан сарф намоянд. Масали «Бе пул суханат асар надорад»-ро фаромўш накунед, агар ҳамин хел поятонро болои по монда нишастан гиред, ҳолатон табоҳ мешавад. Нимаи дуюми рӯз ҳамалҳои ошиқро нокомӣ интизор аст, зеро як гапи ночиз ба ҷудоӣ оварда мерасонад. Агар ғуруратонро як тараф гузошта, барои барқарор намудани муносибатҳоятон кӯшиш кунед, шояд ёратон аз гуноҳи шумо гузарад, дар акси ҳол танҳо мемонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

 Сарвҳое, ки дар курсии мансаб нишастаед, эҳтиёт шавед, душманонатон дар сари роҳатон чоҳ канда, мехоҳанд шуморо ба он тела диҳанд. Ба рафтору кирдори зердастонатон аҳамият диҳед ва ягон ҳуҷҷатро нахонда имзо накунед. Дар масъалаҳои оилавӣ низ ситораҳо эҳтиёткориро ба зодагони бурҷи сарв тавсия додаанд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз барои намояндагони бурҷи ҷавзо хеле бобарор меояд. Ҷавзоҳое, ки бо бизнес ва дигар корҳои бо савдо алоқаманд сару кор доранд, метавонанд бо дили пур шартномаҳои нав ба нав банданд. Барои барқарор намудани муносибатҳои вайроншудаи оилавӣ фурсати қулай фаро мерасад. Бо зан ё шавҳаратон қаҳрӣ бошед, оштӣ мешавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Саратонҳои корчаллон бо баъзе мушкилиҳои корӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд гуфтани халқ беҳуда нест, бо кӯмаки дӯстон шумо метавонед мушкили худро осон намоед. Нимаи дуюми рӯз рашки бемавриди ҳамсар ё ошиқатон ва ҷангу ҷанљоли беохираш ба дилатон зада,  фикри ҷудо шудан ба саратон меояд. Саросемагӣ накунед, ки оқибат пушаймон мешавед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз дар ҷойи коратон ба шумо фишор  меоранд. Ҷанҷолҳои корӣ фишори хунатонро баланд карда, ба саломатии шумо зарар расонида метавонанд, бинобар ин, ҳар гапу ҳар чизро ба дил нагиред. Кор бе мушкилӣ намешавад, худро ба даст гирифта, аз пайи иҷрои вазифаҳои бар дӯш доштаатон шавед. Фаромӯш накунед, ки сардор ҳамеша ҳақ аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз ҳама мушкилиҳоро бар дӯши худ гирифта, бори бе ин ҳам гарони дӯшатонро боз ҳам гаронтар насозед.  Даромади пулӣ нимаи дуюми рӯз ба даст меояд, вале беҳуда сарф кардани пулро ситораҳо тавсия намедиҳанд, зеро баъдтар барои ҳалли як мушкилӣ ба шумо маблағи калон лозим шуда метавонад. Кӯшиш намоед, ки таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб созед, танҳо бо ҳамин роҳ шумо метавонед бахтатонро ёбед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз барои намояндагони бурҷи мизон бо хабарҳои хуш оғоз меёбад. Ба ҳар коре, ки даст занед, барор мегирад, гӯё кадом қувваи ноаёни сеҳрнок ёру ёваратон бошад. Танҳо дар ҷодаи меҳру муҳаббат ва ҳаёти оилавӣ мизонҳо бо баъзе нофаҳмӣ ва моҷароҳои хурд рӯ ба рӯ мешаванд, вале бо ақлу заковати хеш ба зудӣ онҳоро бартараф менамоянд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз аз шахсоне, ки ба коратон халал мерасонад, худро дур гиред, зеро як хатогии шумо забони душманонатонро дароз мекунад. Эҳтимоли вазифаи нав гирифтанатон вуҷуд дорад, агар барои пешравии коратон андак кӯшиш намоед. Даромади пулӣ нимаи дуюми рӯз насибатон мегардад. Баргардонидани қарзҳоятонро фаромӯш накунед. Охири рӯз ақрабҳои ошиқ бо нокомӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз ҳисси танбалӣ намегузорад, ки қавсҳо ба ягон кор даст зананд. Мехоҳед рӯз то бегоҳ дар болои диван дароз кашида, телевизор тамошо кунед, вале ситораҳо бекорхӯҷагиро ба шумо тавсия намедиҳанд. Кӯшиш намоед, ки нимаи якуми рӯз бо дӯстонатон ба сайру тамошо баромада асабҳоятонро ором созеду нимаи дуюми рӯз пурра ба кор часпед. Даромади пулӣ охири рӯз дар назар аст, вале хариди калон кардан ба манфиати шумо нест.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз барои ҷаддиҳо бисёр бобарор мешавад. Агар поятонро болои по монда, рӯзи дароз дар назди экран нашинед, шумо ба муваффақиятҳои бузург ноил мегардед. Комёбиҳои назарраси шумо метавонад боиси рашку ҳасади атрофиёнатон гардад, бинобар ин, эҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз барои дӯстатон каме маблағ лозим мешавад, агар дошта бошед, хасисӣ накарда диҳед, зеро кори неке, ки онҳо оғоз кардан мехоҳанд, ба шумо ҳам фоида оварда метавонад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ин рӯз як қадами ноустуворе, ки бо дили нохоҳам мемонед, метавонад ба шумо зарари калон расонад. Оғоз намудани тиҷорати навро ситораҳо ба зодагони бурҷи далв маслиҳат намедиҳанд. Беҳтараш муносибатҳоятонро бо шарикони куҳна мустаҳкамтар намуда, аз пайи ривоҷу равнақ додани коратон шавед. Ҳафта барои далвҳои ошиқ бобарор ва тақдирсоз аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ин рӯз ҳутҳои оиладор бо нофаҳмӣ ва моҷароҳои оилавӣ дучор шуда, хеле асабонӣ мегарданд. Дар коргоҳ ҳам сар задани баъзе мушкилиҳо дар назар аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки дар ҳама  ҳолат худро ба даст бигиред, қаҳру ғазаб бар зарари худи шумост. Кисаатон имрӯз бо пул пур намешавад, вале холӣ ҳам намемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Фазлиддин 2023-08-18, 06:56
18 август
Посух
Мохпора 2023-08-18, 08:33
Шахри хучанд
Посух
Исмоил 2023-08-18, 09:38
Толеъномаро нишон надодос
Посух
Рухшона 2023-08-18, 10:02
Душанбе
Посух
Мансурова М Б 2023-08-18, 10:17
Толеьномаи хут
Посух
Маруф 2023-08-18, 10:20
Вахдат
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(6)
Фазлиддин 2023-08-18, 06:56
18 август
Посух
Мохпора 2023-08-18, 08:33
Шахри хучанд
Посух
Исмоил 2023-08-18, 09:38
Толеъномаро нишон надодос
Посух
Рухшона 2023-08-18, 10:02
Душанбе
Посух
Мансурова М Б 2023-08-18, 10:17
Толеьномаи хут
Посух
Маруф 2023-08-18, 10:20
Вахдат
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД