arzon replenishment
Толеъномаи 18 марти 2020, чоршанбе
2194

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба ҳассосият дода нашавед, шубҳаю гумон ва рашки тақдирсӯзро ба дил роҳ надиҳед. Эҳтиёт бошед, вагарна нобоварию рашк метавонад ба решаи меҳру муҳаббататон теша занад. Даромади пулӣ ҳамалҳоро хурсанд хоҳад кард. Баландравии вазифа ҳамалҳои дар сари қудрат бударо вазифадор мекунад, ки ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.

Савр (21 апрел-22 май)
Хабари нохуш нимаи дуюми рӯз табъатонро хира мекунад. Пеш аз пода чанг наандозеду ягон қарори қатъӣ қабул накунед. Вагарна, кору тиҷорататон валангор хоҳад гашт. Дар ҷодаи ишқ тағйирот рӯй медиҳад. Ишқе, ки тӯли чандин сол боз давом дораду мисли дарахти бемева ҳосил намедиҳад, ба дилатон мезанаду пешниҳоди ҷудоиро мекунед.


Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз аз шумо бодиққатӣ ва эҳтиёткорӣ талаб карда мешавад. Беҳтараш кори навро оғоз накунед, вагарна шарики тиҷоратӣ ва дӯсти наздикатон шуморо дар ҳолати ногувор мемонад. Бо роҳбаратон баҳсу мунозира накунед, дар акси ҳол хавфи аз вазифа сабукдӯш гаштанатон дар назар аст. Беҳтараш хомӯш бошед, «даҳони пӯшида сад танга»,- гуфтаанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар коргоҳатон моҷарое сар мезанаду гуноҳи нокардаро ба саратон бор мекунанд. Суханҳои сахт албатта асабҳоятонро хароб мекунад, вале ба ҷои ҷанҷол кардан, оромона ва бо далелҳо бегуноҳиатонро исбот намоед, беҳтар аст. Дӯсти наздикатон кӯмаки пулӣ мепурсад. Кӯшиш кунед, ки каме ҳам бошад, кӯмаки худро дареғ надоред.


Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст занед, бо осонӣ ва муваффақона анҷом хоҳад ёфт. Меҳнат кунеду қудрату тавоноиятонро нишон диҳед, дер ё зуд заҳмататон самар медиҳад. Сазовори ҳурмату эҳтироми беандоза мегардед ва кордатон ҳам болои равған мешавад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд мешавад. Бо ёди ошиқатон тамоми мушкилиҳои дигарро фаромӯш мекунед. Ҷанҷолҳое, ки бо айби худи шумо сар зада буд, сабаби асосии марги боварӣ ва бахт мегардад. Кӯшиш кунед, ки феълу атвори худро дигар намуда, хатои худро ислоҳ намоед. Бо зорӣ, бо ваъда, бо ҳадя, умуман, бо кадом роҳе, ки набошад, дили ёри ранҷидаатонро дубора ба даст оваред.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз аз гуфтани суханҳои носазо худдорӣ кунед, вагарна дӯсти ҷониатонро бо осонӣ аз даст медиҳед. Заҳмататонро ба назар гирифта, роҳбарият вазифаи баландтареро бар дӯшатон мегузорад. Душманони ҳасуд барои шуморо сиёҳ кардан ба ҳар кор қодиранд, эҳтиёт бошед!

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Шумо бояд ояндаи худро фикр кунеду баҳри обод кардани кошонаи бахт камари ҳиммат бандед. Мушкилоти вобаста ба ҳаёти шахсиятонро бо мадади Худованд ва кӯмаки дӯстон ҳал хоҳед кард. Сарчашмаи нави даромадро аз ҳама пинҳон кунед, вагарна чашми бад расида, барор аз шумо рӯй мегардонад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз қисми зиёди мушкилоти ҳалталабро паси сар менамоеду аксар масъалаҳоро ба фоидаи худ ҳал мекунед. Сафари корӣ зодагони бурҷи қавсро дар пеш аст. Тамоми донишу малакаатонро ҷамъ карда, барои оғози кори нави тиҷоратӣ тайёрӣ бинед. Ин рӯз барои қавсҳои корчаллон беҳтарин аст.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар коргоҳатон мушкиле пеш меояд, ки дар танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳаллаш намебароед. Аз дӯстонатон мадад пурседу корро кашол надиҳед.
Агар идеяҳоятонро дар амал татбиқ кунед, соҳиби даромади калон гашта метавонед. Дар сарф намудани маблағ саросема нашавед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Зодагони бурҷи далв метавонанд шартномаҳои муфид баста, соҳиби даромади калон шаванд, ба шарте, ки донишу заковати зотиашонро ба кор бубаранд. Ҳисси нобовариро аз дилатон дур кунед, вагарна ба решаи ниҳоли бахтатон бо дасти худ теша заданатон имкон дорад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)
Зодагони бурҷи ҳут бояд дар фикри меҳнати ҳалол ва пур намудани ҳамёнашон бошад. Аз сабаби серкорӣ ба саломатиатон зарар расида, хурӯҷ намудани дарди куҳна имкон дорад. Кӯшиш кунед, ки фавран ба табибон муроҷиат намоед. Беаҳамиятӣ нисбати саломатӣ метавонад боиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД