arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2022
2894

Ҳамал

Рӯзи бебарор аст. Дар ҳама кор душворӣ кашида, заҳмати зиёд мекашеду натиҷаашро намебинед. Бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем. Ба иғвогариҳо дода нашавед, ба ваъдаҳо бовар накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар робита бо атрофиён, аз ҷумла бо ҳамкорон ва ҳамсояҳо нофаҳмиҳо сар мезанад.

Савр

Агар ваъдаҳои ба наздикон додаатонро амалӣ насозед, байнатон муноқиша ба амал меояд. Бо сабаби мушкилоти ҳалношудаи рӯзгор баҳсу мунозира ба амал меояд. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон дар назар аст. Хусусан дар мардҳо хурӯҷи бемориҳои узвҳои ҳозима эҳтимол дорад.


Ҷавзо

Дар ин рӯз хариди калон карданро тавсия намедиҳем. Дар саломатии ҷавзоҳои калонсол мушкилиҳои ҷиддӣ имкон дорад, бо худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба мутахассис муроҷиат кунед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш табъатонро болида месозад.

Саратон

Дар ин рӯз ба ҷашну маъракаҳо даъватӣ мешавед. Агар мошин меронда бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Дар ҳаёти шахсӣ муносибатҳоятонро бо нафаре, ки сахт дӯст медоред, тағйир медиҳед. Бемор шудани узвҳои ҳозима дар назар аст. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед.

Асад

Дар ин рӯз масъулияти зиёде ба дӯшатон бор мегардад. Ба хонаатон меҳмон меояд ё мушкилоти оилавӣ пеш меоянд. Муҳим он аст, ки ба қобилиятҳои худ нигоҳ карда амал кунед. Вагарна чизи муҳимро аз мадди назар дур месозед. Агар ба фикру ақидаи бегонагон диққат надиҳед, обрӯи худро мустаҳкам месозед.

Сунбула

Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ дар назар аст. Шитобкорӣ ва парешонхотирӣ натиҷаҳои манфӣ меоранд. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибат бо баъзе дӯстон ё ҳамсояҳо нофаҳмӣ сар мезанад. Агар нафаре ба дӯстии содиқона майл надошта бошад, кӯшиши дӯстӣ накунед.

Мизон

Ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён диққат надиҳед. Дар ин рӯз хеле нозук мешавед, аз ин рӯ, сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо сабаби ҷанҷоли оилавӣ муноқиша рух медиҳад. Агар баъзе лаҳзаҳоро пешбинӣ кунед, аз об хушк мебароед.  Аз доираи нафароне, ки бо фолбиниву сеҳру ҷоду машғуланд, дурӣ ҷӯед.

Ақраб

Дар ин рӯз ба нафаре, ки боварӣ надоред, умед набандед. Фиребу тамаи ин нафар таъсири худро мерасонад. Одати аз дӯстдоштаи худ олиҳа тарошиданатон боиси он мегардад, ки аз нозу инҷиқиҳои ӯ азият мекашед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар оббозӣ кардан фоидаовар аст.

Қавс

Рӯзи серташвиш аст. Маблағи пулӣ ба даст оварда наметавонед. Хабари ногаҳонӣ боиси душвор гаштани муносибатҳоятон бо атрофиён мегардад. Ба сафар баромадан ва дар наздикии оташ нишастанро тавсия намедиҳем. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мешаванд.

Ҷаддӣ

Нафарони беҳтаринро ба ҳаёти худ ҷалб месозед. Дил ёфтану аз касе хоҳишу илтиҷо карданатон лозим нест. Як табассуми малеҳ ва чеҳраи зебои шумо тамоми монеаҳоро рафъ месозад. Дӯсти деринатон бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ даъват мекунад. Аз нӯшидани машрубот худдорӣ намоед.

Далв

Дар ҷодаи муҳаббат ошуфтагиву изтироб дида мешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ корҳоятон хуб мешаванд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, бегоҳирӯзӣ бемориҳои музмин аз худ дарак медиҳанд. Самимияту хоксорӣ обрӯву нуфузатонро зиёд мегардонад.

Ҳут

Дар ин рӯз аз вазъияти душвор бо осонӣ баромада метавонед. Аҷибаш он аст, ки ба кӯмаки дӯстон ниёз пайдо намекунед. Ба гувоҳии дил гӯш андохта, бо дӯстдоштаи худ ҳамон тавр амал намоед. Корҳои молиявии худро ба шахсони тасодуфӣ бовар накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД