formula55
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3208

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз орому беташвиш аст. Эҳтимол, бонувон нисбати худ хушгӯиҳои зиёдеро мешунаванд. Баъди нисфирӯзӣ аксарият гирифтори рӯҳафтодагӣ мегарданд, ба фикрҳои мағшуш дода нашавед. Хариди чизҳои майда-чӯйда бобарор анҷом меёбад. Барои таъмир ва ободонии хонаву дар рӯзи хуб аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст. Барои ба сари қарори дуруст омадан душворӣ мекашед. Зери таъсири нафари бегона мемонед ё аз шунидани хабари нодуруст беҷуръатӣ зоҳир намуда, маблағи зиёд аз даст медиҳед. Ба нуқтаи назари наздикон гӯш надиҳед, беҳтараш бо амри дили худ кор кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз хариди чизҳои муҳимро ба таъхир гузошта, дар ҳуҷҷатҳо имзо мондан ва ба баҳсу мунозира роҳ доданро тавсия намедиҳем. Бо сабаби он ки дар ин рӯз диққатнокиятон суст мегардад, мошин ронданатон хатарнок аст. Хариди маводҳои косметикӣ бебарор анҷом меёбанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Нимаи аввали рӯз барои тиҷорат номусоид аст. Қисмати дуюм дар муносибатҳои оилавӣ бо сабаби ӯҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор карданатон мушкилиҳо сар мезананд. Аз вохӯриҳои нав худдорӣ намоед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, хатари ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданатон вуҷуд дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз дар ҳама кор ҳушёру боэҳтиёт бошед. Ба бурдборӣ умед набандед, ҳама чиз аз иродаи шумо вобастагӣ дорад. Бонувоне, ки ба эҳсосот ва рашки беасос дода мешаванд, азоби рӯҳӣ мекашанд. Имкони хурӯҷ намудани бемориҳои узвҳои пешобдон имкон дорад. Саломатиро дар мадди аввал гузоред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи ором аст. Парешонхотирӣ сабабгори ғалатҳо ва ба ҳодисаҳо баҳои нодуруст доданатон мегардад. Рӯзи бобарорест барои рафъи кори начандон душвор. Душманонатон дар бораи шумо хабарҳои нохуш паҳн мекунанд. Дар ин бора баҳс ва худро сафед накунед. Аз нафароне, ки имрӯз шинос мешавед, эҳтиёт кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз рафтору хислататон бо нафароне, ки хеле фаъолу якраванд, рост намеояд. Барои барқарор сохтани робита бо нафарони даркорӣ вақти зиёд сарф мекунед, вале фоидаашро намебинед. Мардҳо аз бонувон зарар мебинанд, аз ин рӯ, робитаро бояд кам кунанд. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро маслиҳат намедиҳем.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз ҷониби шахси бегона ба саломатиятон зарар расиданаш имкон дорад. Ҷангу моҷарои ногаҳонӣ рух дода метавонад. Танҳо дар ҳузури фарзандон дар ин рӯз роҳат карда метавонед. Бароятон истироҳати кӯтоҳ лозим аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҳавои боронӣ нишонаи наздикшавии хатар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Мушкилиҳои мувақатии молиявӣ имкон дорад, аз ин лиҳоз, маблағи дар даст доштаи худро захира намоед. Муносибати худро бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон хуб нигоҳ доред. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Дӯстдоштаи худро муддати дароз танҳо нагузошта, барояш андаке вақт ҷудо кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вақти худро беҳуда сарф накунед. Бо сабаби нохуб гаштани вазъи саломатии худатон ё наздикон мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Бегоҳирӯзӣ хабари нохуш шунида, асабатон хароб ва табъатон нохуш мегардад. Нобарориҳо муваққатӣ ҳастанд ва рӯзҳои наздик ҳамаи мушкилиҳо рафъ мегарданд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз қувваи худро беҳуда сарф накунед. Рафтору гуфтор ва кирдори хуб бурдборӣ меорад. Мушкилиҳои молиявии муваққатӣ имкон дорад. Хариди калон мекунед, қарзатонро бармегардонед ё чизи қимматбаҳоятонро аз даст медиҳед. Аз бадкирдории душманон зарар дида метавонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Бо дидани дӯстдоштаи худ шоду табъатон болида мегардад. Вақте расидааст, ки ба якдигар дарди дил карда, тамоми ногуфтаҳои дилатонро иброз намоед. Якравӣ ё одати рӯирост гап заданатон ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Бемориҳои музминро бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД