formula55
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2713

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз бо мушкиле рӯ ба рӯ шуда, сабру қарор аз даст медиҳед. Шумо табиатан аз мушкилӣ гурехтанро дӯст намедоред, вале ин дафъа истиҳола менамоед. Баъдан аз ин кори кардаатон хурсанд ҳам мешавед. Вазъияти душвор то охири рӯз давом мекунад. Ҳатто барои ҳалли камтарин мушкил шумо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Корҳои нимаи дувуми рӯз ба анҷом расонидашуда бобарор мешаванд.

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз аввали рӯз танҳо дар бораи худ ва мушкилоти доштаатон гап зада, ҳамфикрони зиёдеро пайдо мекунед. Мушкилатонро мустақилона рафъ намуда, ба дигарон халал нарасонед. Нияту нақшаҳои худро ба ҳама нагӯед, вагарна ғайбатчиёну бахоҳон сади роҳатон мегарданд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз дар баробари навигариҳои зиёд аз сиру асрори нафаре огаҳ мегардед. Агар барои худ душман харидан нахоҳед, дар ин бора ба касе чизе нагӯед. Агар сабукфикрӣ кунед, барои худ ва атрофиён боиси пайдоиши сарчашмаи мушкилиҳо мегардед. Агар боандеша бошед, мушкили ҳамаро осон мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз қувваи ноаёне шуморо дар фикри он меафтонад, ки чӣ тавр зиндагиятонро куллан тағйир диҳед. Саратонҳое, ки кор мекарданду аз кори худ норозӣ буданд, аз кор озод мешаванд. Бе кор мондам гуфта, хуни ҷигар нахӯред, акнун шумо имкон меёбед, ки кори табъи дилатонро ёфта, соҳиби ҳама чиз шавед. Саратонҳои ошиқро дар ҷодаи ишқу муҳаббат ва ҳаёти оилавӣ ягон навигарӣ интизор нест.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз муносибататон бо шарики умр ё яке аз ҳамкорон вайрон мешавад. Фаромӯш насозед, ки шумо барои шахсони бароятон азиз ҷавобгар ҳастед. Инчунин бо нафаре, ки хеле эҳтиромаш мекунед, низоъ карданатон имкон дорад. Нимаи дуюми рӯз барои ошиқон созгор меояд. Ба коре, ки боиси сарф кардани пули калон мегардад, даст назанед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нимаи аввали рӯз каме нотоб гашта, дар ҷойи кор мушкилӣ пеш меояд. Қуввататон кам гашта, аз уҳдаи корҳои ҳаррӯза намебароед. Бештар истироҳат кунеду бемориҳоро пешгирӣ намоед. Корҳои нисбатан муҳими худро ба вақти дигар гузоред, зеро дар коргоҳ шуморо нокомиҳо пайгир мешаванд. Дар баъзе корҳо гузашт карданро омӯзед, вагарна дар оилаатон муноқиша сар заданаш имкон дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз нақшаҳои якҷоя бо дӯстдоштаатон кашидаро муноқишаи бо дӯстатон сарзада вайрон месозад. Мизонҳои оиладор ба мушкилоти тарбияи фарзандон ва масъалаи ҳамаҷониба таъмин намуданашон гирифтор мегарданд. Робитаро бо хешовандон, дӯстон ва ҳамсояҳо беҳтар созед. Зимни сафари кутоҳмуддат бо нафаре шинос мешавед, ки чанд муддат хаёлаш аз ангораҳои хаёлатон зудуда намегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Нимаи аввали рӯз дар муносибат бо наздиконатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Аъзоёни оила аз серкории шумо меноланду сардоратон бошад аз шумо масъулияти бештарро талаб мекунад. Нимаи дуюми рӯз роҳи ҳалли баъзе мушкилиҳои молиявии худро пайдо месозед. Даромади пулиятон зиёд гашта, барои наздикон ва манзили худ чизи даркориву муфидро дастрас мекунед. 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Нимаи аввали рӯз серкору парешонҳол мегардед. Баъзе хабарҳое, ки дар ин рӯз мешунавед, шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Фикру ақидаҳои мухолиф муносибати шуморо бо баъзеҳо вайрон месозад. Вохӯриву сафарҳои дар ин рӯз ба нақшагирифтаатон бо сабабҳои номаълум баргузор намегарданд. Дар ҳаётатон вазъиятҳои ногувор зиёд рух медиҳанд. Хусусан барои нафароне, ки ҳамарӯза бо одамон робита доранд, душвориҳо пеш меоянд. 

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нимаи аввали рӯз мушкилоти пулӣ пеш меояд. Кори зиёд мекунед, вале бар ивази кор маблағи кироӣ ба даст намеоред. Аз имкон дур нест, ки як қисми дороиятонро аз даст медиҳед. Хеле эҳтиёткор бошед, дар ин рӯзҳо эҳтимоли ба доми ҳаннотону дуздон афтиданатон зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз барои истироҳату кунҷи танҳоӣ нишастан мусоид меояд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нимаи аввали рӯз нафарони дар ин моҳ тавлидёфта мустақилона амал карданро авло дониста, фикру ақидаи наздикону ҳамкоронро ба инобат намегиранд. Азми шуморо атрофиён чандон хуш қабул намекунанд, аз ин хотир ба дастгирии аъзоёни оила ва хешовандон умед бастанатон бефоида аст. Нимаи дуюми рӯз қадру қимати дӯстонро ба инобат гирифта, ба кӯмакашон шитобед. 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нимаи аввали рӯз гирифтори нокомиҳо мегардед. Тамоми кӯшишҳоятон барои рафъи вазъият бебарор анҷом меёбанд. Агар зуд-зуд ба ҳолати яъсу ноумедӣ меафтида бошед, дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани ин мушкилии равонӣ зиёд аст. Аз имкон дур нест, ки мушкилиҳо бо сабаби бадшавии саломатӣ, заиф гаштану хастагии зиёдатон пайдо мешаванд. Шахси наздиктаринатон ба вазъияти нохуш афтида, ташвишатонро зиёдтар месозад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД