Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2332

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз яке аз наздиконатон ба шумо кӯмаки калони молиявӣ мерасонад. Шуғли дӯстдоштаатон, ки ба он машғулед, даромади хуб меорад. Барои ба бозору мағоза рафтан рӯзи мусоид аст. Вазъи саломатӣ аз оромии асабҳо вобаста аст, пас асабҳои худро эҳтиёт кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар муносибат бо оила дилсарду номеҳрубон мешавед, ки сабабашро ҳеҷ фаҳмида наметавонед. Агар дӯстдоштаатон аз шумо кӯмак пурсад, ёрӣ расонедаш. Вазъи молиявиатон шуморо муваққатан ташвиш намедиҳад, аммо ба ҳар ҳол камхарҷ бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз маҳорати касбии худро аз даст надиҳед. Мушкилиҳои ба саратон меомада муваққатиянд, аз ин рӯ, зиёд фикр карда, рӯҳафтода нашавед. Ҷавзоҳои муҷаррад барои худ ҳамсари мувофиқ пайдо карда наметавонанд. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар масъалаҳои корӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед ва дар иҷрои ҳар кор пешакӣ андеша кунед. Саратонҳои муҷаррад ҳарчӣ зудтар аз пайи издивоҷ шаванд, хуб мешавад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли ба сафар баромаданатон вуҷуд дорад. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ҷиддӣ набошед ва якравӣ ҳам накунед. Нафароне, ки бо онҳо ҳамкорӣ доред, аз дидани чеҳраи хандони шумо хушҳол мешаванд. Дар роҳи ишқу муҳаббат ба комёбиҳои осону муфт умед набандед. Дили дӯстдоштаатонро ба даст оварда, нисбаташ ҳамеша меҳрубон бошед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар оилаи сунбулаҳое, ки ба қарибӣ оиладор шуда буданд, нофаҳмиҳо сар мезананд. Мушкилиҳои пай дар пайи рӯзгор асабҳои шуморо хароб ва ҳамсаратонро аз зиндагӣ дилсард месозад. Роҳи муросоро зудтар пайдо карда, аз ин дарди сарҳо худу ҳамсаратонро халос кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Вазъи молиявиро ҳамавақт дар мадди аввал гузоред. Аз имрӯз сар карда, кам-кам аз даромадҳои худ пасандоз кунед, дар оянда бо ин маблағи ҷамъшуда чанд коратонро ҳал мекунед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имшаб аз муносибатҳои маҳрамона худдорӣ намоед, вагарна бемор мешавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои худ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Аз ҷониби дигарон фишорро ҳис кардед ҳам, онҳоро хафа накунед, аммо хомӯш наистед. Мушкилиҳои молиявӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Аз рафтан ба ҳаммоми гарм худдорӣ намоед. Ба дӯстдоштаатон дурӯғ нагӯед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Воқеаҳои имрӯза асабонияти шуморо бештар мекунанд. Ба хотири ба даст овардани маблағи зиёд ба корҳои хатарнок даст назанед. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат барои ба даст овардани дили нафаре, ки дӯсташ медоред, чорчӯбаро шикаста, тамоми кӯшишатонро ба харҷ диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мушкилии асосии имрӯзаи шумо масъалаи молиявӣ аст. Агар ҳаҷми даромади пулиятон ҳамин тавр боқӣ монад, дар оянда азоби бепулӣ мекашед. Аз нафароне, ки замоне аз шумо рӯй гардонида буданд, кӯмак напурсед. Кӯшиш кунед, ки ба доми хушомадгӯйҳо наафтед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз дучори ҳодисаҳои ногувор шуда метавонед. Роҳбарияти коргоҳ пешравиҳои коратонро дида, ба моҳонаатон мукофоти пулӣ илова мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат ба сифатҳои беҳтарини шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед. Саломатиатон ташвиш намедиҳад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ба шумо истеъмоли хӯрокҳои тезтайёрро тавсия намедиҳем, вагарна чанд рӯзи дигар аз дарди меъда азият мекашед. Пулҳоятонро барои рӯзи мабодо захира кунед. Нисбати дӯстдоштаатон дағалиро раво набинед. Роҳи муросоро пеш гиред, вагарна дучори муноқишаву зиддият мегардед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД