Arzon Banner
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3094

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳодисаву рӯйдодҳои ин рӯз табъи дилатон сурат намегиранд ва сабаби норизогиву якравиятон мегарданд. Хуб мебуд, ки имрӯз гарданшахӣ накарда, бо вазъият созиш намоед, он гоҳ дар ҳама кор муваффақ мегардед. Муносибат бо наздикон ва бо нафаре, ки дӯсташ медоред, беҳтар мегардад.

Савр (21 апрел-20 май)

Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, дар ҳаётатон ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам таъсири манфӣ расонида метавонанд. Чизеро дар зиндагӣ ва муносибатҳои ошиқона тағйир додан намехоҳед. Маблағи дар киса доштаатонро сарфакорона истифода баред, вагарна баъди чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва аз бадкориҳои душманон эмин монданро пайдо мекунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб гашта, гирифтори яъсу ноумедӣ ва дарди сар мегардед. Бо сабаби бепулӣ дар рафъ намудани мушкилиҳои рӯзгор душворӣ мекашед. Хоби дидаатон амалӣ мешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи пур аз макру фиреб ва нофаҳмиҳо аст. Аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намуда, бо нафарони ношинос суҳбат накунед ва ба роҳи макру фиреб наравед, вагарна дар кору ҳаёти шахсиятон душвориҳо сар мезананд. Нафаронеро аз атрофи худ дур созед, ки аз бовариятон баромадаанд.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи мусоидест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ, харидорӣ намудани хонаву мошин. Муҳим он аст, ки ҳама корро сари вақт ба анҷом расонида, ба таъхир нагузоред. Танҳо дар ҳамин сурат бурд мекунед. Меҳру муҳаббататон нисбати шахси бароятон азиз бештар мегардад. Ба саломатии худ диққат диҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Қисми аввали рӯз худро нотоб ҳис карда, аз камқуввативу бемадорӣ асабонӣ мешавед. Ба дӯстдорони машрубот дар ин рӯз аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад. Маблағи пулӣ ба даст меоред, бо ин маблағ камбудиҳои рӯзгорро ба сомон расонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нимаи аввали рӯз барои барқарор сохтани робитаву шиносоиҳои нав мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва аз доми рақибон гурехтанро пайдо месозед. Баъди нисфирӯзӣ нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта ё ҳамсаратон боиси ҷанҷоли калон мегардад. Барои ташхиси бемориҳо рӯзи мусоид аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба атрофиён ҳақ будани худро исбот кардан мехоҳед. Барои он ки рӯзи дарозро бо баҳсу мунозираи бемаънӣ нагузаронед, оташи қаҳру ғазаби худро паст карда, ба наздикон фишор наоред. Бемадорӣ дар ин айём чизи муқаррарӣ аст, ба ташвиш наафтед. Дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо сахт ниёз дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бебарор аст. Аз рӯйи ҳар кори ночиз асабӣ нашавед. Худро ба даст гирифтанро омӯзед ва ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна дар масъалаҳои пулӣ хисорот мебинед. Аз нафаре, ки кайҳо боз вонахӯрдаед, пайғом мешунавед. Вохӯрӣ бо дӯсти дерин табъатонро болида месозад. Фишори хунатон шуморо ба ташвиш меорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои робитаву пайдо намудани шиносҳои нав рӯзи мусоид нест. Аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷӯста, бо нафарони ношинос робита накунед. Аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намуда, касеро беҳуда гунаҳкор нашуморед. Ҷаддиҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нимаи аввали рӯз масъалаҳои молиявиатон бебарор анҷом меёбад. Аз пешниҳодҳои дилфиреб дурӣ ҷӯста, ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан ҳамёни худро эҳтиёт кунед. Мардҳо барои шод сохтани хотири хонуми худ бояд пешакӣ чора андешанд. Аз истеъмоли нӯшокиҳои хунук худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз худро аз корҳои хатарноку шубҳаовар дур гиред, вагарна оқибати нохуш ба бор меоранд. Ба ҳар коре, ки даст занед, бебарор анҷом ёфта, боиси рӯҳафтодагиву табъи гирифтаатон мегарданд. Бо вуҷуди монеаву душвориҳо худро ба даст гиред, вагарна асаби харобгаштаатон ба саломатӣ бетаъсир намемонад.  

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Табрез 2021-06-08, 19:03
Саломати мувафакият
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Табрез 2021-06-08, 19:03
Саломати мувафакият
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД