Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
2238

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи тағйирёбанда аст. Ҳодисаҳои хуши имрӯз бо нохушиҳо пайи ҳам омада, бурдбориву муваффақият ба даст оварда наметавонед. Кӯшиши бартараф намудани ҳодисаҳои ногувори рӯзро накунед, вазъият аз иродаву хоҳиши шумо вобастагӣ надорад. Ягона коре, ки иҷро карда метавонед, ин ба саломатӣ диққати хоса зоҳир намудан аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Вазъи молиявӣ ба куллӣ тағйир намеёбад. Даромади ногаҳонии пулӣ имконпазир аст, вале пули бе дарди миён ҳамон сон ба осонӣ сарф мешавад. Барои мардоне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст. Бонувон дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мешаванд. Дар хоб дидани калобаи ришта ё мӯйҳои печида шаҳодати он аст, ки шумо бо роҳи нодуруст қадам мегузоред.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нерӯи тоза ва андешаҳои ҷолиб табъатонро болида месозанд. Дар ҷодаи муҳаббат низ муваффақ мегардед, вале ба сари дӯстдоштаи худ фармонфармоӣ накунед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Эҳтимол маҳз дар ҳамин рӯз имкони амалӣ сохтани орзуву омолеро пайдо мекунед, ки вақтҳои охир дар фикраш будед. Баъди нисфирӯзӣ каме оташин шуда, бе ягон сабаб ба дилатон ғаму андуҳ роҳ меёбад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Фаромӯш насозед, ки на ҳамеша рӯзу рӯзгори мо ба хайру шодӣ ҷараён мегирад. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад, ки сабурона паси сар кардан мебояд. Ба коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, даст назанед. Ба хастагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вазъият бар зидди шумо аст. Бо наздикон ва дӯстони наздик нофаҳмӣ имкон дорад. Вазъияти сарзадаро бо истодагарӣ ва субот бартараф сохта метавонед. Бонувони мучали асадро лозим аст, ки ба саломатии худ диққати хоса зоҳир намоянд. Мардҳои мучали асад дӯстони беҳтарини худро аз даст дода метавонанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст, бояд хеле эҳтиёткор бошед. Дар робита бо нафароне, ки шахсияташонро хуб намешиносед, зуд хулосаброрӣ накунед. Нофаҳмиҳое, ки бо наздиконатон сар мезанад, ба зудӣ рафъ мегардад. Шумо дар ҳама кор тартибу низомро мепарастед, вале дар ин рӯз ба мақсад расида наметавонед. Аз мулоқоти ошиқона худдорӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз имкони истироҳат карданро пайдо мекунед. Нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Нафароне аз худ дарак медиҳанд, ки замоне ҳамкории самарабахш доштед. Эҳтимоли оштӣ шудан бо нафаре вуҷуд дорад, ки чанде қабл бо сабабҳои ночиз муноқиша карда будед. Ба андешаву нуқтаи назари дигарон побаста нашавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар муваффақ шудан мехоста бошед, мустақилона амал кунед. Бо касе ҳамкорӣ кардан душвор мешавад, ҳатто бо шиносҳои дерин. Муноқишаву нофаҳмиҳои солҳои пешин аз худ дарак медиҳанд, беҳтараш коҳи куҳнаро бод надиҳед. Эҳтимоли бад шудани вазъи молиявӣ дар назар аст, дар сарф кардани пул андозаро нигаҳ доред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ягон кор шитоб накунед. Дар ин рӯз ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанатон душвор аст, вале метавонед нағзакак дам гирифта, бо нафароне, ки бароятон азизанд, вақт гузаронед. Нафароне, ки ҷои кор надоранд, имкони пайдо кардани кори табъи дилро пайдо месозанд. Эҳтимоли асабӣ шуданатон зиёд аст. Барои он ки аз ғаму андуҳ раҳо ёбед, ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи номуайян аст. Бурбдориву нокомӣ пайи ҳам меоянд. Дар робита бо дӯстон дучори мушкилӣ мешавед, дар ҳаёти шахсӣ дилсардиву ноумедӣ сар мезанад. Вале диққати зиёди худро ба ҳаёти шахсӣ равона насозед, вазъият ба зудӣ тағйир меёбад. Дар ҳама кор бо ақлу заковати худ амал намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи душор аст, аксари зодагони мучали далвро имтиҳон мекунад. Комёбӣ танҳо насиби нафароне мегардад, ки нақшаи амалҳои худро мустақилона тарҳрезӣ мекунанд. Дар дилатон хоҳиши бо нафаре дарди дил кардану мушкилиҳои худро ҳалу фасл кардан пайдо мешавад. Беҳтараш ин корро накунед, вагарна изтироби шадидеро аз сар мегузаронед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Яку якбора аз пайи чанд кор нашавед, ҷисману руҳан худро хаста нагардонед. Ҳамзамон ба пурхӯрӣ ва дилхушӣ роҳ надиҳед. Нисбати нафарони калонсоли оила ва авлод сабру таҳаммул пеша намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД