Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Нимаи аввали рӯз барои хариди манзил ва ҷиҳози хона мусоид аст. Бо мушкилоти хонаводагӣ ва оилавӣ андармон шуда, уҳдадориҳои корхонаро фаромӯш накунед, вагарна сардор аз шумо норозӣ мегардад. Хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, аз макри душманон бехабар намонед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Аввали рӯз барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва оилавӣ хуб аст. Барору комёбӣ ҳамсафари шумо мегардад. Кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиятон мегардад. Бо суханпардозӣ ва дилрабоӣ ҳамфикрони худро меёбед. Одати нобовариро аз худ дур намоед, вагарна имкониятҳои хубро аз даст медиҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Айёми хубест барои беҳтар сохтани вазъи иқтисодӣ. Бо шахсони даркорӣ шинос шуда, барои пешравӣ имконият ба даст меоред. Қисме аз ҷавзоҳо сарфи беҳуда мекунанду бо ин рафторашон ба шарикони кории худ зарар мерасонанд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Қисми аввали рӯз тамоми корҳоятон бебарор анҷом меёбад, аз ин лиҳоз ягон корро ба нақша нагиред. Саратонҳои коргар имкони ба вазифаи нав ё кори дигар гузаштанро меёбанд. Дар муносибатҳои ошиқона навигариҳои гуворо дар назар аст. Агар нияти издивоҷ карданро дошта бошед, фаъолтар бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз дар дилатон шавқу шӯри зиёд пайдо шуда, хоҳиши аз зиндагӣ пурра лаззат бардоштанро мекунед. Худро ба даст гиред, вагарна рафтори беандеша ва сарфакории зиёд боиси пайдо шудани мушкилоти пулӣ мегардад. Хушбахтона, аксари асадҳо дӯстони саховатманде меёбанд, ки ба кумакашон мерасанд. Барои он ки корҳоятон пеш раванд, доираи ҳамфикронатонро васеъ гардонед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшида, дар дили аҳли оила тухми меҳру муҳаббат мекоред. Миёнаи рӯз бо сабаби фикру ақидаҳои гуногун бо ҳамсаратон муноқиша мекунед, вале ин муваққатӣ аст. Дағаливу сардиятон боиси дур шудан аз наздиконатон мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Яке аз давраҳои аҷибу мусоиди умратон фаро мерасад. Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми мақсадҳоятон расида метавонед. Мушкили ягона дар он аст, ки мизонҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд. Ҳасудоне пайдо мешаванд, ки нонатонро нимта карда, шуморо неш задан мехоҳанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ақрабҳо бояд ҳушашонро ба сар гирифта, ба ҳар нафаре ки барояшон куҳи тилло ваъда мекунад, бовар накунанд. Бештар истироҳат намоед, он гоҳ нақшаҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Фаромӯш накунед, ки айни замон ба умеди ҳамкору шарикон шудан маънӣ надорад, беҳтараш мустақилона амал намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Нимаи аввали рӯз қобилиятҳои худро нишон дода, дар зинаи мансаб ба боло меравед. Фикру ақидаҳоятонро ҳамкорону роҳбарият бо хушнудӣ қабул мекунанду шумо пуштибони муътабар пайдо мекунед. Одати ба дигарон айб мондану камбудӣ ҷустанро партоед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар масъалаҳои корӣ ҳангоми муносибат бо шарикон эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Нимаи аввали рӯз бодиққат бошед, охири рӯз нотарсона ба атрофиёнатон умед баста метавонед. Шом бо нафаре гапатон гурехта, чанд муддат ба худ намеоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Шуморо лозим меояд, ки ба хотири оромиши қалби худ ва ба хотири нафари дигаре аз бисёр чизҳо гузашт намоед. Барои он ки кордатон болои равған бошад, дар масъалае гузашт кардану қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд, вале парво накунед, дер ё зуд пул ду баробар зиёд шуда бармегардад. Охири рӯз як хабари ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз имкони худро ҳамчун мутахассиси касбӣ ва шахси масъул нишон доданатон пайдо мешавад. Бисёр давраи аҷиб аст: ҳутҳо хеле хуб дарк мекунанд, ки атрофиён аз онҳо чӣ мехоҳанд ва ба қарори дуруст омада метавонанд. Дилрабоиву фатонати шумо аз чашми ихлосмандон дур намемонад ва ҳамкорони нави корӣ меёбед.