Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои назаррас дида мешаванд. Барои сард нагаштани муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта ба моҷаро роҳ надиҳед. Хафагиву кинаро аз дил берун сохта, муноқиша накунед. Ҳамалҳои калонсол гирифтори бемории тарбод шуда метавонанд.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз сатҳи даромадатон афзуда, барои корҳои нав вақти кофӣ пайдо мекунед. Ҳоло вақти истироҳататон нест, бояд аз паси кор шавед. Бо наздикони худ нармгуфтор бошед, хусусан, агар дар хонаатон сохтмон бошад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо рақибони худ робитаро беҳтар месозед. Дар ҷодаи муҳаббат агар бо дӯстдоштаатон ба наздикӣ шинос шуда бошед, эҳтиёткориро пеша намоед. Аз ҳамагуна баҳсу мунозира худдорӣ намуда, ба хурдагириҳои атрофиён умуман диққат надиҳед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон дар назар аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз фиреб хӯрдану ба ваъдаҳои дурӯғ гирифтор шуданатон имкон дорад. Ба харид ва пешниҳодҳои молиявӣ диққати бештар диҳед, зеро хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Зудбоварӣ ва зимни робитаҳо худро ба даст гирифта натавонистанатон боиси таассуф ва ашкрезиҳо мегардад.
Асад (23 июл-22 август)
Аз ҷудоӣ бо шахси дӯстдоштаатон рӯҳафтода нагардед. Дар ин рӯз меҳмондӯстдор бошеду меҳмон даъват кунед ва фикрҳои мағшушро аз сар дур кунед. Барои асадҳои наврас рӯзи бобарор аст. Барои саломатии худ ташвиш накашед. Бегоҳирӯзӣ ронандагонро хатари ба садама дучор шудан таҳдид мекунад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барои сунбулаҳо рӯзи душвор аст. Нафаре аз наздикон ба муносибатҳои ошиқонаатон заҳр мезанад. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ ва ҷисман хасташавӣ роҳ надиҳед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану заҳролуд шуданатон зиёд аст. Ҳангоми кор бо таҷҳизотҳои барқӣ хотиратонро ҷамъ кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯстии зич доштед, вайрон мегардад. Барои рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ қарз гирифтанатон лозим меояд. Ба саломатии худ диққат диҳед, зиёд фикр накунед. Аз тамоми намуди ҷангу муноқиша худдорӣ намуда, ба танқидҳо аҳамият надиҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои дар касбу кор муваффақ гардидан бо маслиҳати ҳамкорон амал намоед. Ба дӯстону наздикон имкон надиҳед, ки ба хаёти шахсиятон дахолат намоянд. Баъди нисфирӯзӣ вазъи молиявиатон яку якбора тағйир ёфта, мушкилиҳои мавҷударо рафъ месозед. Танҳо бо наздикони худ дарди дил кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои рафъ намудани хастагӣ бештар пиёда роҳ гаштанро тавсия медиҳем. Ҳатман аз хоб сер шуда, витамин истеъмол кунеду бо машқҳои ҷисмонӣ низ машғул шавед. Вазъиятҳои пурмоҷаро сар зада метавонанд, аз ин рӯ, аз робитаҳои нодаркор ва баҳсу моҷаро барои ҳамешагӣ худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз сабабгори баҳс дар хонаатон мегардед ва муносибататон бо ҳамкорон низ душвор мегардад. Дар сурати рух додани мушкилӣ дар муносибатҳои ошиқона гузашт карданатон лозим меояд. Сабру таҳаммул дар ҷодаи муҳаббат хеле муҳим аст. Ҳангоми харид эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз самараи меҳнати худро мебинед. Агар дар рухсатии меҳнатӣ бошед, табъи дил истироҳат кунед. Беҳтараш бо таъмир ва ободонии хонаву дар машғул шавед. Фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед, вагарна табъи хираи шумо ба атрофиёнатон низ таъсир мерасонад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз даромади калон ба даст оварда наметавонед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану ваъдаҳои бардурӯғ вуҷуд дорад. Аз хӯрок дарунрав шуданатон имкон дорад. Барои аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфтан нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Ба нафарони ношинос дарди дил накунед ва ба танқиду хӯрдагириҳо диққат надиҳед.