Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи бебарор аст. Вазъият тавре сурат мегирад, ки маблағи пулиятонро аз даст медиҳед. Хабаре, ки дар ин рӯз мешунавед, шуморо маҷбур месозад аз дӯстонатон кумак пурсед. Эҳтимоли бемор шуданатон хеле зиёд аст, аз ин рӯ, эҳтиёткор бошед. Ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред. Хусусан дар муносибатҳои ошиқона самимӣ бошед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи душвор аст. Тақдир ба шумо санҷишу имтиҳонҳоеро пеш меорад, ки чӣ гуна онро рафъ кардан аз худатон вобастагӣ дорад. Нисбати шахси дӯстдоштаатон ба дағаливу муноқиша роҳ надиҳед. Саломатии саврҳое, ки зуд-зуд асабӣ мешаванд, баъди нисфирӯзӣ нохуб мегардад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи душвор аст. Ташвишу уҳдадориҳоятон бештар мегардад. Хабарҳои нохуш ё гапи дурӯғ боиси ба ғалат роҳ додану нофаҳмиҳо дар касбу кор мегардад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Ба сарфи беҳудаи маблағ роҳ надиҳед. Агар шумо муҷаррад бошед, эҳтимоли ошиқ шуданатон зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи хеле бобарор аст. Табъатон болидаву ҳатто муноқишаҳои ночиз наметавонанд боиси нороҳатиятон гарданд. Заҳмати зиёд кашида, меҳнататон қадрдонӣ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон имконпазир аст. Нисбати дӯстдоштаи худ бепарвоӣ накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мешаванд.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон ва наздикон. Бонувон метавонанд ҳунари кадбонугии худро нишон диҳанд. Мардҳо бояд вақти бештари худро дар ҳавои тоза, вале беодам гузаронанд. Нисбати фарзандони худ ботаваҷҷуҳ бошед. Ба хабаргирии нафароне, ки гирифтори бемориҳои вирусӣ ҳастанд, наравед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи пур аз воқеаҳост. Агар имкони истироҳат карданро дошта бошед, ҳатман аз он истифода баред. Нисбати ҳамсуҳбати худ фишор наоред. Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабоният ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст. Инчунин аз қарз гирифтани пул худдорӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хубест барои корҳои ҷисмонӣ, вале беҳтараш машқро дар хона анҷом диҳед. Бо наздикон ва дӯстдоштаи худ муноқиша накунед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯриятон вобастагӣ дорад. Аз истеъмол ва нӯшидани хӯроку нӯшокиҳои сард худдорӣ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаву низоъ нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошед. Барои аз даст надодани маблағи пулӣ имкониятҳои молиявии худро нағзакак ба нақша гиред. Қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзҳои наздик шахси дӯстдоштаатон ба шумо ташвиши зиёде меорад. Кирдори ӯро ба дил наздик қабул накунед. Бо шиносҳоятон хушгуфтор бошед ва нисбати дӯстон сабру таҳаммулро пеша намоед. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани асбобҳои мусиқӣ аз хабари хуш дарак медиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи бебарор аст. Ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳодисаҳои рӯз ё душмании рақибон маҷбуратон месозанд, ки пайваста нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед. Мушкилиҳое, ки дар ҷои коратон сар мезананд, бо душворӣ рафъ мегарданд. Руҳафтода нашаведу бо роҳбарият муноқиша накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Нимаи аввали рӯз барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба роҳбарият мусоид аст. Барои рафъи нофаҳмие, ки бо ҳамкорону наздиконатон рух медиҳад, вақту қувва ва маблағи худро сарф карданатон лозим меояд. Вазъи саломатиятон аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво вобастагӣ дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба туҳмату буҳтон ва бадхоҳии нафаре гирифтор мешавед. Нафаронеро, ки ба шумо дӯст нестанд, ба худ наздик шудан нагузоред. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои хурӯҷ накардани бемориҳои музмин пешакӣ чора андешед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона аз бадгумонӣ худдорӣ кунед.