Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
3563

Ҳамал 

 

Мушкилоти фарзандон аз шумо хароҷоти калонро талаб мекунанд. Ҷароҳати ҷисмонӣ ё ҷарроҳӣ имкон дорад. Барои он ки наздикони худро аз мушкилиҳои молиявӣ ва ҳуқуқӣ раҳо намоед, маблағу қувваи худро дареғ надоред. Нисбати бемориҳо фориғболӣ накунед.

 

 

 

Савр

 

Имрӯз барои корҳои ҷиддӣ мувофиқ нест. Хастагии сарзада боиси асабоният ва худро нотоб ҳис карданатон мегардад. Ба хона меҳмон даъват кардану бо рубучини хона машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Инчунин, корҳои сохтмонӣ низ дар ин рӯз пеш намераванд.

 

 

 

Ҷавзо

 

Сафарҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Ғайбату овозаҳои зиёде мешунавед. Мушкилии яке аз дӯстони наздики худро рафъ карда метавонед. Агар аз субҳ ҳавои софу офтобӣ бошад, хобатон амалӣ мегардад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.

 

 

 

Саратон

 

Рӯзи серташвиш аст, эҳтимоли ба даст овардани маблағи калон дар назар аст. Бурдбории ногаҳонӣ саратонро чарх занонида, аз вазъияти рухдода сарҳисоби корро гум мекунед. Мушкилиҳои дар оила сарзадаро ба зудӣ рафъ карданатон лозим меояд. Хобатон бароҳату мустаҳкам мегардад.

 

 

 

 

 

Асад

 

Агар аз вазъияти баамаломада ва муноқишаҳо баромада тавонед, бурд мекунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, бо нафароне ки хуб намешиносед, баҳсу мунозира накунед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳар гапу амали худро назорат намоед, ба беандешагӣ роҳ надиҳед.

 

 

 

Сунбула

 

Муваффақиятҳои махсус дар ин рӯз дида намешавад.  Баҳудаву беҳуда пул сарф кардан намехоҳед. Одати сарфакуниятон бештар мегардад. Эҳтимол худро нотоб ҳис мекунед, вале ин гузаранда аст. Ба гапу рафтори худ бодиққат бошед. Барои аз хастагӣ раҳоӣ ёфтан бештар дар ҳавои тоза сайр намоед.

 

 

 

Мизон

 

Дар ин рӯз бо наздикон ва волидонатон нофаҳмӣ имкон дорад. Фарзандон ташвиши зиёд меоранд. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, пули худро беҳуда сарф карданатон имкон дорад. Дар оила нофаҳмӣ имкон дорад. Бо шарофати дилёбиву гузашт карда тавонистан аз муноқишаҳои зиёд эмин мемонед.

 

 

 

Ақраб

 

Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзада бо тарбияи фарзандон ва нигоҳубини волидони пир вобастагӣ дорад. Нисбати фарзандон бештар ғамхорӣ зоҳир намоед. Дар тарбия ба бадҷаҳлӣ роҳ надиҳед. Қаҳру ғазаби худро ба сари наздикони худ нарезед. Бештар аз ҳолу аҳволи пайвандон бохабар шавед.

 

 

 

Қавс

 

Саломатиятон нохуб гашта, бемориҳои музмин хурӯҷ мекунанд. Щумо ба истироҳати бофароғат ниёз доред. Даромади пулӣ вазъи молиявиатонро беҳтар мегардонад. Яке аз мушкилоти ҳаётиятонро рафъ месозеду нафаси осуда мекашед.

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Муносибати ҷаддиҳои оиладор бо волидон ва волидони ҳамсар вайрон мегардад. Чанд рӯзи дигар муҳити оила носолим ва нофаҳмиҳо дида мешавад. Саломатии худро эҳтиёт кунед, эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Ба нафаре, ки лофи муҳаббат мезанад, бовар накунед.

 

Далв

 

Асабхаробӣ боиси хурӯҷ кардани бемориҳои музмин мегардад. Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Дар ҷодаи муҳаббат хомуш буданатон беҳтар аст. Ба ягон тағйирот роҳ надиҳед, вагарна муноқиша сар мезанад.

 

Ҳут

 

Дар ин рӯз бо наздикон ба сафар баромада метавонед. Барои таъмири хона ё дигар корҳои вазнин рӯзи мусоид нест. Ба маслиҳатҳои судманд гӯш андозед. Бо мустаҳкам сохтани вазъи саломатӣ машғул шавед. Вохӯрӣ бо дӯстону наздикон табъатонро болида мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД