sebiston july new
Толеъномаи 14-уми августи соли 2020
2469

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шомгоҳон корҳои серташвиш ва калонро ба нақша нагиред, зеро онҳо тамоман ба таври дигар сурат мегиранд. Дар ҳама кор танҳо ба нафароне бовар кунед, ки дилпур бошанду ба боварӣ сазовор. Танқидро ба дил наздик қабул накунед. Субҳ ба варзиши сабук машғул шавед ва аз меъёр зиёд хоб накунед. Даромади пулӣ дар назар нест.

 

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз бо ҳамкасбони худ, ки қаблан ҷангу ҷанҷол карда будед, оштӣ мешавед. То лозим нашавад, ҷони худро барои ҳар кор дар хатар нагузоред. Ба хонаи хешовандонатон ташриф оред, бо онҳо суҳбат ороед, ин бароятон муфидтар хоҳад буд. Дар ҷустуҷӯи манбаи дигари даромад бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Бо дӯстони деринаатон имрӯз мулоқот анҷом диҳед. Онҳо дар ҳалли чанд масъалаи муҳим ба шумо маслиҳат медиҳанд. Нисбати онҳое, ки барои шумо азизанд, беаҳамият набошед. Аз телефони мобилӣ зиёд истифода накунед, ба чашми худ зарар мерасонед. Барои дӯстонатон дӯсти хуб бошед.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз кӯшиш кунед, ки вақти бештари худро барои зебоиятон сарф кунед. Зебоии худро дида, рӯҳу илҳоми тоза мегиред. Ба толори маҳс ё осоишгоҳ равед, шиноварӣ кунед, ба йога машғул шавед. Не ниқоби тиббӣ гашту гузор накунед. Шомро дар ҳалқаи пайвандон сипарӣ кунед.

 

Асад (23 июл-22 август)

Тибқи пешгӯии ситораҳо, имрӯз меҳнати зиёд мекунед, аммо хаста намешавед. Шоми худро ба наздиконатон бахшида, бо онҳо вақт гузаронед. Коре кунед, ки онҳо буданатонро ҳис кунанд. Баъди тановули хӯроки шом, оиларо сарҷамъ карда, филм тамошо кунед. Даромади иловагӣ дар назар нест.

 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар шумо хоҳиши харидорӣ кардани чизе пайдо мешавад. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки барои ин кор ба дили хеш гӯш андозед. Барои сунбулаҳои эҷодкор рӯзи неку бобарор аст. Аз оне ки баъзе ҳамкоронатон кори худро иҷро намекунанд, ғам нахӯред. Ба дӯстони худ такя кунед.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз танҳо манфиатҳои худро ба назар нагиред ва дар фикри дигарон низ бошед. Дар натиҷаи имзо кардани шартнома ба шумо мукофоти пулӣ медиҳанд. Нимаи дувуми рӯз аз шахси наздикатон хабари хуш мешунавед. Аз бемориҳои сироятӣ худу наздиконатонро ҳифз кунед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ақрабҳоро лозим аст, ки танҳо ба худ такя кунанд. Кори худро бар дӯши касони дигар нагузоред, зеро маълум нест, ки онҳо корро чӣ гуна ба анҷом мерасонанд. Ширинӣ истеъмол накунед, масунияти шуморо паст мекунад. Харҷи беҳуда накунед, чун то охири моҳ вақти зиёд аст.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шоми шумо хубу хотирмон мегузарад, зеро шумо фақат истироҳат мекунед. Имрӯз кори зиёдро ба нақша нагиред, як кори муҳимро иҷро кунед, кифоя аст. Кӯдаконатон имкон медиҳанд, ки шумо орзуи деринаи худро амалӣ созед. Дар саломатиатон камбудие ба назар намерасад.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз аз ҳар вазъияти ногувон ба осонӣ раҳо ёфта метавонед. Барои истироҳат рӯзи мусоид аст. Ҳангоми кор дар ошхона бодиққату ҳушёр бошед. Асбобҳои барқиро бо эҳтиёти том кор фармоед. Ба хонаатон меҳмони нохонда меояд, аммо бо дидани ӯ чеҳраи худро тира накунед.

 

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз дар аввали рӯз шумо ба кӯмаки дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунед. Қарзҳои бонкии худро саривақт пардохт кунед, вагарна мушкилӣ пеш меояду маҷбур мешавед, ки дубора пардохт кунед. Шом дар хона наистед. Ба ҳавои тоза бароед ё ба мағоза барои харид равед.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки ғаму дардҳои аз гузашта дар дилатон ҷойдоштаро фаромӯш кунед. Хешовандон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, ба дигарон ёрӣ расонед. Одати сергапӣ ва суханчинӣ доред. Агар ин одати худро тарк накунед, ба худ дарди сар мехаред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД