Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ташвишатон каме зиёдтар мешавад, вале бо кумаки атрофиён ба зудӣ сарҳисоби корро пайдо мекунед. Баъд аз хастагии зиёд ҷойи орому танҳоӣ мехоҳед. Саломатии худро фаромӯш насозед. Корҳои хонаро бо кумаки аъзои оилаатон ба сомон расонед. Дар сари чамбарак боэҳтиёт бошед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар нимаи аввали рӯз муносибатҳои оилавиро хуб намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созед. Дар муносибат бо нафарони воломақом боэҳтиёт бошеду калиди муваффақиятро ба дасти хеш гиред. Дар қисмати охири рӯз дӯстонатон аз шумо ёрӣ металабанд, ки аз он даст накашед. Истироҳатро фаромӯш накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Тамоми фикру зикри шумо дар боби ба даст овардани маблағ аст. Сарфаи маблағро барои оила ва хонаатон дар нақша гиред. Беҳтараш онро ба хушҳол сохтани аъзои оила, ки аз шумо туҳфа нагирифтаанд, истифода намоед. Миёнаи рӯз аз аҳволи волидон, ҳамсар ва фарзандонатон огоҳ бошед. Рӯз барои мулоқотҳои пинҳонӣ созгор нест.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Корҳоеро, ки дар нақша доштед, ба анҷом расонед. Нисфирӯзӣ каме корҳои иловагиро ба уҳдаи шумо мегузоранд. Агар аз таҳти дил меҳнат намоед, обрӯву нуфузатон зиёд хоҳад шуд. Ба нафаре, ки дигаронро дар ҳузури шумо ғайбат мекунад, бовар накунед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Вақти он расидааст, ки бо корҳои махфиатон нуқта гузореду нофаҳмиҳои оиларо бартараф кунед. Муносибатро бо атрофиён хуб ба роҳ монда, аз маслиҳати онҳо истифода намоед. Ба саломатиатон диққат диҳед, то ки бемориатон хурӯҷ накунад. Нисбати кӯдакон дағал набошед. Шомро бо дӯстон гузаронидан беҳтар аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Ҳар кореро, ки ба нафъи худу наздиконатон аст, аз таҳти дил анҷом диҳед. Бо шиносҳоятон забон ёбед, чунки ба муваффақият расиданатон аз дастгирии онҳо вобастагӣ зиёд дорад. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошеду истироҳатро фаромӯш накунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Шуморо лозим аст, ки барои пайдо кардани саволҳои беҷавоб ба муҳити бароятон ноошно ворид гардед. Ба кори дигар гузаштанатон аз эҳтимол дур нест. Муваффақ будану набудани коратон аз худатон вобастагии зиёд дорад. Дар қисмати охири рӯз корҳоятон зиёд мешавад, ки ҳатто вақти истироҳат намеёбед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Бештари ақрабҳо ба хориҷа сафар мекунанд. Ақрабҳои варзишгар мавзӯъҳои хуберо думболагир мешаванд. Бо шахсони гуногун вомехӯранд, ки барои фаъолияти минбаъдаашон заминаи устувор мегузорад. Нимаи дувуми рӯз рафтори ҳамсар ё дӯстдоштаатон боиси хира гаштани табъатон мегардад. Оромиро аз даст надиҳед, то баъдан пушаймон нашавед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Тамоми рӯз ба корҳое, ки ба беҳбудии вазъи молиявии шумо вобастагии зиёд дорад, машғул мешавед. Кӯшиш намоед, ки барои ба анҷом расонидани вазифаи хеш асабӣ нашавед, зеро рӯзҳои наздик ба он хотима мебахшед. Шуморо лозим аст, ки аз болои зердастонатон назорат бареду дар масъалаҳои пулӣ ба касе бовар накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳо бо рафтору гуфторашон атрофиёнро ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо ҳамкорон каме муташшаниҷ мегардад, вале муомилаи хуши шумо боис мегардад, ки нофаҳмиҳо ба зудӣ бартараф карда шаванд. Ба вохӯриҳои ошиқона раведу аз зиндагӣ лаззат баред. Кор кардан хуб аст, лекин дилхуширо низ фаромӯш накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз ҳарчанд корҳоятон зиёд бошад ҳам, ба худ ҷабр накунед. Бо тамоми қувва кор кардан бар зарари саломатиатон хоҳад буд. Барои супоришҳои амалинашуда гап шунавед ҳам, аз пайи беҳдошти саломатӣ шавед. Нафарони ошиқ бо фориғболиву бепарвоӣ дили дӯстдоштаи худро сахт меранҷонанд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дӯсти гумгаштаатон имрӯз ба таври ногаҳонӣ пайдо мешавад. Нимаи дувуми рӯз эҳтимоли шиносоиҳои ошиқона зиёд мегардад. Дар ин муддат ба намуди зоҳириатон диққат диҳеду мурғи бахтро нагурезонед. Нафарони оиладорро лозим аст, ки вақти фориғ аз кор бо ҳамсафари ҳаётӣ бештар вақт гузаронанд.