Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
4362

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар байни колективи коргарон ба рафтори дағалона роҳ надиҳед, вагарна обруву нуфуз ва мавқеи худро, ки бо душвориҳои зиёд пайдо намудаед, аз даст медиҳед. Рӯзи бобарорест барои хариди калон, сафар ва робитаҳои тиҷоратӣ. Дар ҷодаи муҳаббат душворие дида намешавад, вале ҷавзоҳои серкор вақти ишқбозӣ надоранд.


Савр (21 апрел-22 май)
Дар муносибатҳои оилавиятон мушкилиҳо пеш меоянд. Аз нафарони оқил дастгириву маслиҳат пурсед. Бигзор наздикон дар ин ҳолат ба шумо кӯмак расонанд. Сайругашти бегоҳирӯзӣ руҳатонро болида мегардонад. Ба нафаре, ки имрӯз изҳори муҳаббат мекунад, бовар накунед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед. Тамоми мушкилиҳоятон бо ҳамин сабаб пайдо мешаванд. Беҳтараш бо корҳои молиявӣ машғул шавед, хусусан агар ба рухсатӣ баромаданӣ бошед. Бадгумониву нобоварӣ хоси ҳамалҳо нест, вале дар ин рӯз ба дилатон роҳ меёбад. Баъди нисфирӯзӣ каме худро нотоб ҳис мекунед.


Саратон (22 июн- 22 июл)
Агар вазъи молиявиатон субҳ беҳтар нагардад, мунтазири кӯмаки касе нашуда аз пайи кор ва пайдо намудани манбаи даромад шавед. Рафтори шоистаи шахси дӯстдоштаатон ҳам табъатонро болида месозаду ҳам дилпур мегардед. Аз он ки дӯстдоштаатон шуморо сахт дӯст медораду ба хотири шумо ҷонфидоӣ мекунад, ба ҳайрат меоед.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ҳаёти шахсии асадҳо давраи ором фаро мерасад. Аз чунин ранг гирифтани вазъият шод гашта, аз пайи пайдо намудани кори иловагӣ мешавед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед ва саломатии худро эҳтиёт кунед. Барои он ки одати рӯирост гап заданатон боиси ҷанҷол нашавад, нерӯи худро ба ягон кори безарар равона созед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст, пешниҳодҳои аҷиби корӣ ва даромади пулӣ имкон дорад. Дар оилаатон оромиву нишот ҳукмфармо гашта, танҳо бо суҳбатҳои беҳудаву шубҳаву гумон метавонед муносибати худро бо ҳамсафари ҳаётӣ вайрон созед. Ба умеди туҳфаи тақдир нашавед, беҳтараш худатон ба дигарон кӯмак расонед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз аз шириниҳои зиндагӣ лаззат бардошта, шоҳиди рӯйдодҳои фараҳбахш мегардед. Такягоҳи саховатманду меҳрубонеро пайдо мекунед, ки ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам маънавӣ шуморо таъмин месозад. Муноқишаи дар коргоҳатон сарзадаро бо ҳазлу шӯхӣ бартараф карда метавонед. Бегоҳирӯзӣ омадани дӯсти деринро интизор шавед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, нақшаҳои хуб тартиб медиҳед. Аввал шиносатонро нағзакак омӯхта, баъдан ҳамкорӣ кунед. То даме ки корҳои ба уҳда доштаатонро ба анҷом нарасонед, ба даромади калон умед набандед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имконпазир аст. Ба муноқишаҳое, ки дар ин рӯз сар мезананд, дахолат накунед, вагарна ҷанҷол калон мешавад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз ба муноқишае кашида мешавед, ки зарараш дергоҳ шуморо ором намегузорад. Меҳнати шуморо қадр мекунанд, вале ба корҳое, ки боиси сар задани душвориҳо мегарданд, даст назанед. Қавсҳое, ки аз вазни зиёдатӣ азоб мекашанд, бояд парҳезро риоя намоянд. Дар муносибатҳои ошиқона ҷасурона амал намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз корҳоятонро дақиқ ба нақша гирифта, аз дастгирии дӯстон рӯ нагардонед. Дар коргоҳатон бо ҳамкорон якҷоя меҳнат карда ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед, аз ин рӯ дар танҳоӣ амал накунед. Барои мустаҳкам сохтани масунияти бадан шарбатҳои мевагиро истеъмол кунед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Рӯзи олиҷанобест барои нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчидан ва таъмири косметикии хонаро дар нақша доранд. Дар оилаатон хурсандиву нишот аст, дар оилаи баъзе далвҳо сафи фарзандон зиёд мегардад. Вохӯрии тақдирсоз имкон дорад. Дар ҷои кор шартномаи муфид баста, даромади пулӣ ба даст меоред.

Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ҳаёти оилавӣ ба эҳсосот дода нашавед, оқилона рафтор намоед. Аз шахси бароятон азиз туҳфаи қиматбаҳо мегиред. Барои ҳутҳои оиладор лаҳзаҳои хотирмон фаро мерасад. Тамоми вақти холии худро барои машғул шудан бо варзиш сарф намоед. Ҳаёти ҳутҳои муҷаррад баъди шиносоӣ бо нафаре комилан тағйир меёбад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД