Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2021
3644

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҷои кор аз таҳти дил кор кунед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Ҳамсаратон дар ниҳоят қаҳру ғазабашро ба сари шумо мерезад, зеро шумо мушкилиҳои оилавиро тамоман фаромӯш кардаед. Агар кӯмак лозим шуда монад, ба дӯстони наздикатон муроҷиат намоеду аз онҳо ёрӣ пурсед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз танҳо аз рӯйи нақша амал кунед. Агар каме дигар кӯшиш кунед, ҳамсафари ҳаётии худро пайдо мекунед. Дар маъракае хизмат карданатон лозим меояд. Таваккал карда, пулро зиёд сарф накунед, вагарна охири моҳ аз бепулӣ азият мекашед. Ҳангоми суҳбат бо сардоратон ба дағалӣ роҳ надиҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзатон ба оромӣ мегузарад, ба шарте ки худатон ягон тағйирот ворид накунед. Дар ҷои кор бо баъзе ҳамкорон ҷиддӣ муносибат карда, ҳурмату эҳтироми роҳбариятро ба ҷо оред. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим эҳтиёткор бошед. Шом дар ҷустуҷӯи тӯҳфа барои яке аз наздиконатон саргардон мешавед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ диҳед, беҳтараш ба бурдборӣ умед набандед. Дар оила аз пушти фарзандони хурдсолатон миёни шумову ҳамсаратон муноқиша сар мезанад. Рӯз барои нафароне, ки аз ташхис гузаштан, аз табибон машварат пурсидан ва ҷарроҳӣ кардан мехоҳанд, неку бобарор аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Аз ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ҷои коратон рух дода гузаштанд, бори дигар мефаҳмед, ки дар интихоби касбу кор хато накардаед. Аз корҳои хатарнок худдорӣ кунед, вагарна вазъи молиявиатон даҳчанд бад шуда, дар вазъияти мушкил қарор мегиред. Дар ҷодаи муҳаббат ин маротиба комёб мегардед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз аз субҳи содиқ худро ба кори хона андармон карда, корҳои дигаратонро фаромӯш насоезд. Ҳадди ақал ба зангҳои телефонӣ ҷавоб дода, масъалаҳои муҳимро ҳал намоед. Мулоқоти кориро ба рӯзи дигар ба таъхир гузошта, шом бо дастовези арзандае ба хабаргирии хеши беморатон равед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз корҳое, ки боиси ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмӣ гашта метавонанд, дур бошед, вагарна мавқеатон дар ҷомеа паст рафта, вазъи саломатиатон низ нохуб мешавад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ва таҷҳизотҳои техникӣ боэҳтиёт бошед. Барои таъмири мошинатон маблағи зиёд сарф мекунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Давоми рӯз донишу малакаи худро зиёд кунед. Ба ғайбату бадгӯиҳое, ки дар ҳаққи шумову дӯстонатон мегӯянд, аҳамият надиҳеду аз онҳо шубҳа ҳам накунед. Вазъи молиявиатон дар нимаи дувуми рӯз хуб мешавад ва имкон пайдо мекунед, ки чизҳои барои оилаатон лозимиро харидорӣ намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳо аз субҳи барвақт асабӣ шуда, ҳатто ба сари аҳли оилаи худ садо баланд мекунанд. Бо вуҷуди он ки ҳолатон хуб нест, ба сайругашт баромада, дар ҳавои тоза то ором шуданатон қадам занед. Дар ҳаёти шахсӣ сари ягон қарори муҳим наоед ва дар бораи дӯстдоштаатон ягон фикри бад накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба ҳеҷ кори муҳиме даст назанед, зеро рӯз номувофиқ буда, ҳама бар зидди шумо амал мекунанд. Бо дӯстдоштаи худ меҳрубону самимӣ бошед ва танҳо дар ҳамин ҳолат нофаҳмиҳоро рафъ карда метавонед. Ба умеди даромади муфт шуда, ба корҳои ғайриқонунӣ ва хатарнок даст назанед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳои муҷаррад ҳангоми вохӯри бо ҷинси муқобил бояд дилпурона амал кунанд, вагарна зиндагии худро сохта наметавонанд. Ситораҳо нӯшидани аз меъёр зиёди машруботро тавсия намедиҳанд. Ба хӯрокхӯрии худ аҳамият диҳед, зеро эҳтимоли ба дарди меъда гирифтор шуданатон вуҷуд дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз нафаре ҷудо мешавед, ки дербоз ин корро кардан мехостед. Модоме ки сари чунин қарор омадед, баъди ҷудо шудан ӯро фаромӯш кунеду ба дил кина нагиред. Ба корҳое, ки муваффақият оварданашон дар гумон аст, машғул нашавед. Беҳтараш бо одамони кордон маслиҳат карда, аз пайи корҳои худ шавед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД