arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2676

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз баъзе мушкилиҳое, ки тамоман интизор набудед, ба миён омада, нақшаҳои кории шуморо тағйир медиҳанд. Корҳои муҳимро дар нимаи аввали рӯз иҷро кунед. Барои ҳамалҳои ошиқ рӯзи бобарор нест. Вохӯрӣ ва дидорбиниҳои ошиқонаро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред, беҳтар аст. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз наздиконатон шуморо бо сюрпризҳои ҳайратовар хурсанд мекунанд. Дар як вақт чанд корро иҷро кардан мехоҳед, аммо пеш аз ҳама боварӣ ҳосил кунед, ки ба ин қувваатон кофӣ аст ё на. Аз дӯстонатон кӯмак пурсида метавонед, онҳо ба шумо ҳатман кӯмак мекунанд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки тамоми вақти худро ба истироҳате бахшед, ки дербоз сазовораш будед. Ба амалишавии орзуҳои худ боварӣ дошта бошед, ҳатто агар дигарон ба шумо боварӣ надошта бошанд ҳам. Хатоҳои куҳнаро такрор накунед ва ба пеш бо нигоҳи нав ҳаракат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҳалли баъзе аз мушкилиҳо шитоб накунед, зеро онҳо худ ба худ ҳал мешаванд. Ба суханҳое, ки дигарон аз паси дӯстони шумо мегӯянд, бовар накунед. Агар ба ин овозаву ғайбатҳо шубҳа дошта бошед, бевосита худатон ҳақиқатро пурсида, ором шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба шумо барои хизматҳои қаблиатон мукофот медиҳанд. Дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегиред ва аз ин хурсанду болидахотир ҳам мешавед. Барои ба нақша гирифтани таътили тобистона рӯзи хуб аст. Аз имкониятҳои пешмеомада самаранок истифода бурданро фаромӯш накунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз танҳо ба корҳои шахсиатон машғул шавед ва масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоед. Агар имрӯз ин корҳоро ҳал карда натавонед, пагоҳ боз дарди сари худатон мешавад. Аз як вазъияти ногувор ба осонӣ раҳоӣ меёбед. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед ва ғизоҳои солим истеъмол кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳодисае, ки дербоз бароятон нофаҳмо буд, имрӯз фаҳмою равшан мешавад. Барои ба даст овардани даромади иловагӣ рӯзи бобарор аст. Саҳфаҳои гузаштаро варақгардон кунед, вагарна корҳоятон пеш намераванд. Мизонҳои ошиқро вохӯриҳои ошиқона интизор аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ҳар кори бар дӯшатон бударо бо суръати баланд ва дар муддати кӯтоҳ ҳал мекунед. Ба шантаж бовар накунед ва кӯшиш ҳам накунед, ки худро идора намоед. Масуниятатон паст аст, бештар витамин ва хӯрокҳои серғизо истеъмол карда, дар фикри саломатиатон бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои ба сомон расонидани корҳои иҷтимоӣ рӯзи мусоид аст, бинобар ин, худро ба корҳои шахсӣ банд накунед. Дар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ аз кӯмаки наздикон истифода кунед. Шомгоҳон бо аҳли оила ба ҳавои тоза баромада, сайр кунед ва аз ҳавои тоза нафас кашед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар бештари корҳо танҳо ба худ такя кунед. Хавотир нашавед, аз ӯҳдаи ҳар коре ба хубӣ баромада метавонед. Хоҳишҳои худро ба таври мушаххас баён кунед, то дигарон бидонанд, ки аз онҳо чӣ мехоҳед. Дар пеш як сафари рӯҳбаландкунандае шуморо интизор аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Кори имрӯзаро ба ҳеҷ ваҷҳ ба фардо нагузоред. Агар кӯшиш кунед, ба муваффақиятҳои бештар ноил мешавед. Дар суҳбат бо наздикон ва шахси дӯстдоштаатон бодиққат бошед, то баъдан онҳоро дилмонда карда, аз гуфтаи худ пушаймон нашавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Сюрпризҳои ғайричашмдоштро интизор бошед. Барои пиёда гашту гузор кардан рӯзи хуб аст. Мушкилиҳои имрӯзаи шумо аз сифр оғоз мешаванд, аммо шумо аз об хушк баромада метавонед. Ҳутҳои мошинсаворро лозим аст, ки дар роҳҳои дохилишаҳрӣ суръати ҳаракатро баланд накунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД