Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 11-уми май
11.05.2022
Нодира
3384

Ҳамал

Дар ин рӯз бонувони муҷаррадро шиносоӣ ё мулоқоти кутоҳмуддати ошиқона интизор аст. Мардҳо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҳаёти шахсии худро беҳтар созанд. Хоби дар ин рӯз дидаатон рӯзи дигар амалӣ мешавад. Дар хоб дидани сабзавот аз амалӣ шудани орзуҳоятон дарак медиҳад.

 

Савр

Дар ин рӯз ҳодисаи тақдирсозе рух дода метавонад, омода бошед. Айни замон сафару дилхушиҳо табъатонро болида месозанд. Аз ҳузури нафарони бадкирдор дурӣ ҷуста, аз ҳавобаландӣ худдорӣ намоед. Манбаи нави даромад пайдо карда, барои хариди чизҳои даркорӣ пул ҷамъ карда метавонед.

Ҷавзо

Рӯзи бахшидани гуноҳҳон ва раҳмидилист. Табъи хушу корчаллониятон доираи дӯстонатонро васеъ месозад. Аз мушкилиҳо наҳаросед. Фаромӯш насозед, ки то меҳнат накунӣ роҳат набиниӣ. Саломатии худро эҳтиёт кунед. Дӯстдоштаатонро бо рашки зиёд ҷонбезор насозед.

Саратон

Дар ин рӯз ҳодисаҳои ногаҳонии манфиву мусбӣ зиёд мешаванд. Беҳтараш қаблан ба ҳама гуна навигарӣ омода бошед. Агар хаста шуда бошед, фавран ба рухсатӣ бароед ва имкон надиҳед, ки корҳои иловагиро ба саратон бор кунанд. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, хислати дӯстдоштаатонро наѓзакак омӯзед.

Асад

Дар ин рӯз ба ѓайр аз харидани ҷавоҳироти тиллоӣ барои харидани чизҳои дигар хуб аст. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо наздиконатон нофаҳмиву муноқиша рух медиҳад. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани тамоми мушкилиҳоро накунед. Бонувонро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.

 

Сунбула

Тамоми кӯшишу таҷрибаи худро барои нишон додани қобилиятҳоятон сарф мекунед. Баъди нисфирӯзӣ ҳама гуна имкониятро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Нисбати шахси дӯстдоштаатон дурандеш бошеду гузашт кунед, зеро ин роҳи ягонаест барои раҳоӣ ёфтан аз рафтори беандеша.

Мизон

Дар ин рӯз ҳама коратон бобарор анҷом меёбад. Бо кори табъи дил машѓул шудан хастагиятонро мебарорад. Рӯзи хубест барои нафарони калонсол, метавонед ба сафару саёҳат баромада, ба меҳмонӣ равед. Танҳо зудбовар нашаведу ба касе ваъда надиҳед.

 

Ақраб

Рӯзи хубест барои харид кардану ба анҷом расонидани масъалаҳои хариду фурӯш. Уҳдадориҳои навро ба душ нагиред. Корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, ба баҳсҳоятон бо наздикон хотима бубахшед. Нафароне, ки бо тиҷорат машѓуланд, корашон барор мегирад.

 

Қавс

Рӯзи бахшиши гуноҳон ва накӯкорист. Аз ҳамкорӣ бо шарикони нави корӣ наҳаросед, як қисми уҳдадориҳоятонро ба дигарон дода, мушкилиҳои шахсии худро рафъ карда метавонед. Қавсҳои муҷаррад агар фориѓболӣ накунанд, бахти худро пайдо мекунанд.

 

Ҷаддӣ

Бо ҳамкорон эҳтимоли муноқиша карданатон вуҷуд дорад, ки боиси сард гаштани муносибатҳо мегардад, вале ба рафти корҳоятон таъсир расонида наметавонад. Ба кӯмаки аъзоёни оила ва дӯстони содиқе, ки аз мушкилатон бохабаранд, умед баста метавонед. Вазъи молиятон беҳтар мегардад, нафаре қарзашро бармегардонад.

Далв

Рӯзи бобарорест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ. Сафарҳои тиҷоратӣ ба шарте бобарор мешаванд, ки диққати худро ба кори муҳим ҷалб карда тавонед. Корчаллонӣ ва мардонагӣ сифатҳое ҳастанд, ки дар касбу кор кӯмак мерасонанд.

 

Ҳут

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон табъи дил амалӣ намешаванд. барои сафару таълимомӯзӣ низ рӯзи муосид нест. Ташвишу саргардониятон зиёд мегардад. ба мушкили наздикон диққат доданатон лозим меояд. Ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед, худро ба даст гирифтанатон хеле муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД