Ҳамал
Дар ин рӯз аз душманиву бадкирдориҳои нафаре огаҳ мегардед, ки дар ҳақаш некиҳои зиёд карда будед. Хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, аз макри душманон бехабар намонед.
Савр
Барору комёбӣ ҳамсафари шумо мегардад. Нимаи аввали рӯз кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Бо суханпардозӣ ва дилрабоӣ ҳамақидаҳои худро меёбед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз дар ҳаёти баъзеҳо мушкилоти пулӣ пеш меояд, кор ба ҷангу ҷанҷол мерасад, вале хавотир нашавед, шумо бурд мекунед. Нисбати ошиқатон бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна дилашро ба даст оварданатон душвор мегардад. Бо атрофиён муомилаи хуб карда, чанд хабари тоза мефаҳмед.
Саратон
Дар зиндагии шумо даврае фаро мерасад, ки ба рафти ҳодисаҳо таъсир расонида наметавонед. Айни замон пул кор карданатон душвор аст, вале кӯшиш кунеду ба танбалӣ роҳ надиҳед. Саратонҳои ошиқ имкони ба васли дӯстдоштаашон расиданро пайдо мекунанд.
Асад
Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшида, саломатии худро фаромӯш мекунед. Бар замми нотобӣ эҳтимоли бо ҳамсаратон муноқиша кардан низ вуҷуд дорад, вале ин муваққатӣ аст. Кӯшиши зиёд сохтани маблағи кисаатонро мекунед, вале танбалӣ имкон намедиҳад ба мақсад расед.
Сунбула
Муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам мешаванд, шумо якдигарро хубтар мефаҳмидагӣ мешавед. Сунбулаҳои оиладор хоҳиши зиёд намудани сафи фарзандони худро мекунанд. Ба саросемакорӣ роҳ надиҳед, қабл аз кореро кардан нағзакак андеша намоед. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Мизон
Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми мақсадҳоятон расида метавонед. Мушкили ягона дар он аст, ки мизонҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд. Ҳасудоне пайдо мешаванд, ки нонатонро нимта карда, шуморо неш задан мехоҳанд.
Ақраб
Ақрабҳо бояд ҳушашонро ба сар гирифта, ба ҳар нафаре ки барояшон куҳи тилло ваъда мекунад, бовар накунанд. Бештар истироҳат намоед, он гоҳ нақшаҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ба умеди ҳамкору шарикон шудан маънӣ надорад, беҳтараш мустақилона амал намоед.
Қавс
Фикру ақидаҳоятонро ҳамкорону роҳбарият бо хушнудӣ қабул мекунанду шумо пуштибони муътабар пайдо мекунед. Имкон надиҳед, ки шуморо аз сари кор дур кунанд. Одати ба дигарон айб мондану камбудӣ ҷустанро партоед, вагарна муносибататон бо ҳамкорону аҳли оила вайрон мегардад.
Ҷаддӣ
Дар масъалаҳои корӣ эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Агар чунин нохушӣ аз саратон гузарад, фаромӯш накунед, ки «раъду барқ ба як ҷой ду бор намезанад».
Далв
Шуморо лозим меояд, ки ба хотири оромиши қалби худ ва ба хотири нафари дигаре аз бисёр чизҳо гузашт намоед. Дар ҳама кор муваффақ мегардед, зеро зотан шахси дилёбу кордон ҳастед. Барои он ки кордатон болои равған бошад, дар масъалае гузашт кардану қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд.
Ҳут
Имкони худро ҳамчун мутахассиси касбӣ ва шахси масъул нишон доданатон пайдо мешавад. Пешниҳодҳоеро, ки пули калонро ваъда медиҳанд, қабул накунед. Нисбати ҳамкорон ва ошиқатон дағалӣ накунед, вагарна чанд рӯз аз дурии онҳо азоби руҳӣ мекашед.