arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
1956

 

Ҳамал

Дар ин рӯз ҷасурона лоиҳаҳои дарозмуддатро оғоз намоед, нақшаҳоятон аллакай охири моҳ амалӣ мешаванд. Дар ҷодаи муҳаббат дили ёратонро ба даст биёред, хотирашро озурда насозед. Вазъи хуби молиявӣ имкон медиҳад, ки барои худу наздикон чизҳои даркориро харидорӣ намоед.

Савр

Аз ҷониби шарикони корӣ дастгирӣ мебинед. Аз маблағгузорӣ ба нақшаҳои нав заррае пушаймон намешавед. Натиҷаи фаврии заҳматҳояшонро интизор нашавед, аз пайи меҳнати беҳтару хубтар гардед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон фишор наоред, вагарна байнатон муноқиша мехезад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ҷиддан аз пайи пайдо намудани боз як манбаи даромад шуданро маслиҳат медиҳем. Бо вуҷуди беҷурм будани вазъи молиявиатон рӯзҳои наздик барои сафару табобат ба маблағ ниёз пайдо мекунед. Шуғли дӯстдоштаатон на танҳо эҳсоси қаноатмандӣ, балки даромади хуб ҳам меорад.

Саратон

Барор ҳамсафари саратонҳои якраву мақсаднок мегардад. Бо нафаре вомехӯред, ки чанд сол қабл сахт дӯсташ медоштед. Барои он ки бори дигар ба доми фиреб наафтед, хаёлҳои хомро аз сар дур кунед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад.

Асад

Дар ин рӯз бо вазъияти ногаҳонии дар касбу коратон рухдода созиш карданатон лозим меояд. Дар сурати пешниҳод шудани шартномаи хуби корӣ онро бодиққат мутолиа намоеду дар имзо гузоштан саросема нашавед. Бегоҳирӯзӣ бо таъмири мошин ва рафъи мушкилиҳои рӯзгор машғул мешавед.

Сунбула

Байни шумову дӯстдоштаатон дилмондагӣ рух медиҳад. Нофаҳмӣ бе ягон сабаб рух дода, ёратон аз шумо сахт меранҷад. Ташаббускориятонро сардор қадр мекунад, аз ин лиҳоз ба маслиҳати ҳамкорон гӯш накарда, ба хости дили худ амал намоед.

Мизон

Дар ҷойи коратон фитнаву иғвоангезиҳои гуногун имкон доранд. Муҳимаш оромиро нигоҳ дореду ба эҳсосот дода нашавед. Дар ин рӯз аз дӯстдоштаатон ҷудо мешавед. Хушбахтона ин ҷудоӣ муваққатӣ буда, ӯ ба сафари хидматӣ ё барои истироҳат ба кишвари дигар меравад. Сайру гашти бегоҳирӯзӣ табъатонро болида мегардонад.

Ақраб

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Чунон ҳодисаҳо зиёд мешаванд, ки чизи муҳимро фаромӯш карда, дили шахси бароятон азизро меранҷонед. Бо нафаре шинос мешавед, ки билохира шарики тиҷоратиятон мегардад.

Қавс

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо шахсони ношинос ҳушёр бошед. Хатари фиреб хӯрдану ба дасти дуздон афтиданатон вуҷуд дорад. Ба нафаре, ки дигаронро дар наздатон ғайбату бадгӯӣ мекунад, бовар карда, сири дил накушоед.

Ҷаддӣ

Бо нафаре, ки замоне тиҷорати шахсиятонро соҳиб шудан мехост, мубориза сар мекунед. Агар зӯри худатон нарасад, нафарони воломақомро ҷалб созед. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шаведу витамин истеъмол намоед. Дар сурати сари вақт табобат накардан бемории зуком таъсири манфӣ мерасонад.

 

Далв

Қобилиятҳои ташкилотчигии худро нишон дода, бурд мекунед. Ҳатто он ҳамкороне, ки ба шумо бовар надоштанд, аз навовариҳоятон каф мекӯбанд. Барои муҳаббату мулоқотҳои ошиқона рӯзи хуб нест, вале ин маънои онро надорад, ки дӯстдоштаи худро аз мадди назар дур намоед.

 

Ҳут

Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз оғоз меёбад, дурудароз давом мекунад. Кайҳост ки дар орзуи вохӯрдани ҳамрозу ҳамнафаси худ будед. Сафаратон хотирмон гашта, барои кори иҷрокардаатон маблағ мегиред. Аз нафароне, ки шуморо ғайбат мекунанд, ҳушёр шавед. Захми сухани баъзеҳо аз захми корд ҳам бадтар аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД