ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1135

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз эҳтимоли рух додани шиносоии нав ё саргузашти ошиқона зиёд аст. Аммо муҳаббатро бо касбу кори худ омехта накунед. Бо вуҷуди серкорӣ ба дӯстдоштаи худ таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Бегоҳ беҳтараш бо дӯстону наздикон бошед. Аз корҳое, ки қуввататон намерасад, дурӣ ҷӯед. Роҳбарият метавонад хатоҳоятонро ба ёд биёрад. Барои оромӣ танҳо мондан хуб аст. Аз қарзгирӣ ва корҳои нав худдорӣ кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз беҳтараш бо шахси дӯстдошта вақт гузаронида, сайр ва суҳбат намоед. Эҳтимол ҷанҷоли хурд, вале зуд гузаранда рух диҳад. Дар муассисаҳои молиявӣ бодиққат бошед, эҳтимол нафаре аз беэҳтиётиятон истифода кунад. Аз кори зиёд асабҳоятон хаста мешаванд, бештар истироҳат намоед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Рӯзи хуб барои оштӣ шудан ва мулоқотҳои ошиқона аст. Ҳангоми таъмир ё сохтмон эҳтиёт бошед, зеро хавфи осеб дидан зиёд аст. Дар фикри пулкоркунӣ буданатон хуб аст, вале наздиконро фаромӯш накун. Камтар ғам хӯред, на ҳама чиз аз шумо вобаста аст. Оромиро нигоҳ доред, он калиди муваффақият аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар дар ҷодаи муҳаббат шубҳа дошта бошед, як муддат дур шуда, дӯстдоштаатонро санҷед. Аз чизҳои куҳнаву шикаста халос шавед, то энергияатон тоза гардад. Созишномаҳои муҳими кориро ба таъхир гузоред. Вазъи молиявӣ ноустувор аст, хароҷотатонро бодиққат назорат кунед. Агар худро бад ҳис кунед, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед, на ба интернет, худтабобатӣ метавонад зарар расонад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз асабонӣ ва нисбати атрофиён серталаб мешавед. Барои ором шудан, ба кошонаи ҳусн ё мағоза рафтан фоида дорад. Агар рӯзҳоятон якранг шуда бошанд, ба сафар бароед. Ба яъсу ноумедӣ роҳ надиҳед, ҳама чиз хуб мешавад. Касе метавонад «пули осон» пешниҳод кунад, аз фиреб эҳтиёт бошед. Аз оташ, оби гарм ва таҷҳизоти хатарнок дурӣ ҷӯед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар ин рӯз шахси ҷолиберо вомехӯред, вале аввал ба ӯ бо шубҳа менигаред. Беҳтараш ба суханонаш бодиққат гӯш диҳед. Дар хона ва касбу кор нофаҳмӣ имкон дорад, кӯшиш кунед ором ва дурандеш бошед. Нерӯи ҷисмониятон хуб аст, вале асабҳоро эҳтиёт кунед. Барои истироҳат вақт ҷудо кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз оғози пайдоиши муҳаббати нав мегардад. Агар танҳо бошед, вақте расидааст, ки худатон ба ҷустуҷӯи бахт иқдом намоед. Миёнаи рӯз эҳтимоли сар задани баҳс бо наздикон зиёд аст, беҳтараш ором бошед. Ба корҳои хона диққат диҳед. Заҳмати дарозмуддат натиҷа медиҳад. Рӯз барои шиносоӣ ва барқарорсозии дӯстӣ мусоид аст. Аз ғамгинӣ дур бошед, вагарна бемор мешавед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз имкони вохӯрӣ бо шахси ҷолиб вуҷуд дорад. Муносибатҳо бо наздикон хубанд, танҳо аз таваккал кардан худдорӣ намоед. Ба худ истироҳат диҳед, кори зиёд хаста мекунад. Ба театр ё кино рафтан хуб аст. Аз қарз додан худдорӣ намоед, худатон ба пул ниёз доред. Дар роҳ эҳтиёт бошед, диққатнокиатон паст шудааст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар ҷодаи муҳаббат имрӯз ором будан беҳтар аст. Ба ҳамсаратон фишор наоред. Дар касбу кор бо одамони ғайриодӣ вомехӯред, вале роҳи муносиб меёбед. Натиҷаи корҳоятон хуб хоҳад шуд. Имрӯз барои шиносоии нав рӯзи хуб аст. Аз хастагӣ иммунитет паст мешавад, пас истироҳат кунед. Дар бораи дастовардҳоятон зиёд сухан нагӯед, баъзан хомӯш бояд буд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар меҳру муҳаббататон заиф гашта бошад, танаффус бигиред. Барои оиладорҳо рӯзи навсозии эҳсосот аст. Агар бо кори савдо ё бозор сарукор доред, имрӯз қарорҳои ҷиддӣ нагиред. Аз асабоният ва стресс худдорӣ кунед, оромӣ калиди саломатии қалбу рӯҳ аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Яке аз атрофиёнатон метавонад зиндагиятонро дигар кунад, бо диққат бошед. Имрӯз саркаш мешавед ва атрофиёнро дар ҳайрат мегузоред. Аз сабаби иштибоҳ ё гумроҳӣ эҳтимол ба хатои шадид роҳ диҳед. Дар муносибатҳои корӣ ростқавл бошед, дурӯғ обрӯятонро мерезонад. Имрӯз барои озмоиши ирода ва устуворӣ рӯзи муҳим аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз агар хоҳед, ки муносибати ошиқонаатон ба сатҳи ҷиддӣ расад, худатон иқдом намоед. Нисфирӯзӣ хабарҳои хуш ва имкониятҳои нав ба даст меоянд. Дӯстони куҳна низ кумак хоҳанд кард. Дар кор бо роҳбар суҳбати муҳим мегузаронед, омода бошед. Бо пул эҳтиёт шавед, ба ҳама бовар накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД