Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз барои қабули ягон қарор талош накунед. Эҳтимол, дар ҷои кор бо роҳбарият гапатон мегурезад. Нақшаву ниятҳои ҷадид боиси мушкиливу душвориҳо мешаванд. Дар ҳамагуна вазъият оромиро нигоҳ доред, ин ба фоидаи худи шумо хоҳад буд. Бо дӯстдоштаатон низ муросо карда наметавонед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз ҳолати рӯҳиатон нохуб шуда, шуморо лозим меояд, ки ба назди равоншинос равед. Эҳтимол, дардҳои кӯҳна аз нав рӯ зада, шуморо азият медиҳанд. Агар ба назди табиб рафта натавонед, бо волидонатон ошкоро суҳбат намоед. Агар хоҳед, ки дучори иштибоҳу ғалат нашавед, ба гузаштаи худ такя карда, ибрат бигиред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои ошиқонаи худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Самимӣ бошед, он гоҳ оилаи худро мустаҳкам карда метавонед. Бо наздикони худ ҷангу ҷанҷол накунед, вагарна онҳоро хафа карда, бахшиш пурсиданатон лозим меояд. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар давоми рӯз сабру таҳаммулро пеша карданатон лозим меояд. Самимию хоксор бошед ва барои ба даст овардани иззату икром кӯшиши беҳуда накунед. Бо кордониатон диққати атрофиёнро ҷалб карда метавонед. Қаҳру ғазабро як сӯ гузошта, аз нафарони ботаҷриба маслиҳату машварат пурсед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз на танҳо дар ҳаёти шахсӣ, балки дар касбу коратон низ навгониҳоро интизор шуда метавонед. Ба кор дода шуда, аз ишқу муҳаббат ва дӯстдорӣ канорагирӣ накунед. Бояд ҳар кор вақту соати худро дошта бошад. Агар дилатон бештар кор кардан мехоҳад, пас дӯстдоштаи худро баумед накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Давоми рӯз тағйироти куллиро интизор бошед. Дар як ҷой наистода, барои рушд кардану пеш рафтан кӯшиш ба харҷ диҳед. Ояндаи хуб доред, ба шарте ки танбалӣ накарда, кор кунед. Вазъи саломатиатон бад мешавад, зеро бемориҳои кӯҳна дубора хуруҷ карда, ҳолати шуморо ба танг меоранд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар давоми рӯз нақшаҳои эҷодӣ ба некӣ анҷом меёбанд. Муваққатан аз даву този зиндагӣ бозистода, ба ҳолати равонии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Баро ҳар як туҳфаи неку бади тақдир шукргузор бошед ва ба қадри ҳар як лаҳзаи умр расиданро омӯзед. Вазъи саломатиатон аз худатон вобастагӣ дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ба муносибатҳои ошиқонаи худ рангу нумӯи тоза илова кунед, зеро якрангӣ инсонро дилгир месозад. Ба он хотир дӯсти кам доред, ки шахси дарундор ҳастед ва бо ҳар кас рафиқ шуда наметавонед. Ҳарчанд дар маркази таваҷҷӯҳ будан ба шумо писанд нест, аммо имрӯз худро нишон диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯз барои ошиқон бобарор аст, зеро ба осонӣ дил дода, ба чолокӣ дил ба даст меоред. Шумо нафари боэътимод ва боваринок ҳастед ва маҳз ҳамин хислати шумо таваҷҷуҳи ҷинси муқобилро ҷалб месозад. Ғурур доштан хуб аст, аммо кӯшиш кунед, ки ба дигарон дағалиро раво набинед. Давоми рӯз аз дӯстатон қарз мегиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба ғалату камбудиҳо роҳ доданатон имкон дорад. Ба корҳои шубҳанок даст назанед ва бо роҳи макру ҳилла наравед. Аз пайи амалӣ кардани ҳадафҳоятон шавед ва кӯшиши аз нерӯи худ бештар кор карданро накунед. Фаромӯш насозед, ки имрӯз ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ имконпазир аст.
Далв (21 январ-18 феврал)
Далвҳоро лозим аст, ки имрӯз аз ҳад зиёд шитоб накунанд. Каме таваққуф карда, андеша кунед, ки ба куҷо равонаед. Ба корҳое, ки ба шумо лозим нестанд, машғул нашавед ва мушкилиҳоро оромона рафъ намоед. Бо дӯстдоштаатон якдигарфаҳмӣ мекунед ва миёни шумо муҳаббати самимӣ ҳукмфармо мегардад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз хеле эҳтиёткор буданатон лозим аст, зеро эҳтимоли аз даст додани ашёи қиматбаҳо вуҷуд дорад. Аз имрӯз сар карда, ҳар рӯз китоби бадеӣ хонед ва тафаккури худро рушд диҳед. Шумо бояд шахси оқилу бофарҳанг бошед ва бо ин роҳ дар оянда соҳиби пулу моли зиёд шуда метавонед.