Ҳамал (21 март-20 апрел)
Субҳи имрӯз фазои идона табъатонро болида месозад. Қабл аз оне, ки кореро сар мекунед, қувваву имкониятҳои худро баркашед. Бо дастгирии наздикон ҳама корро ба зудиву босифат ба анҷом мерасонед. Аз ҳад зиёд ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна аз дарди меъда азоб мекашед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ба маъракаи калоне даъватӣ мешавед. Торту ширинӣ, обҳои газнок ва хӯрокҳои сахтро аз ҳад зиёд истеъмол накунед. Ҳангоми шиносоии ошиқона бодиққат бошед, саросема ба касе дил набандед, вагарна пушаймон мешавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Нимаи аввали рӯз каме нотоб гаштанатон имконпазир аст. Бо дидани дастурхони пурнозу неъмат ба пурхурӣ роҳ надиҳед. Шӯрбо ва хӯрокҳои сабук барои беҳтар гаштани вазъи саломатиятон мусоидат мекунанд. Ба асабоният ва қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, вагарна наздиконро меранҷонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар нияти сафар дошта бошед, бо сабаби душвории вазъият низ аз он рӯй нагардонед. Масъалаҳои пулӣ хубанд, вале ин маънои онро надорад, ки пулро ба ҳар тараф пош диҳед. Ҳангом сафар дар роҳ шоҳиди ҳодисаи ногуворе мегардед. Тарафи шахси гунаҳкорро нагиред.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба фоидаи худ ва наздиконатон заҳмат мекашед. Бароятон оилаву фарзанд дар ҷойи аввал меистанд. Бо шарикони корӣ фаъолона дар робита бошед. Ҳар коре, ки дар ин рӯз ба анҷом мерасонед, таҳдевории ояндаатон мегардад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама корро зери назорат гирифта, ҷиддӣ таҳлил мекунед. Мутаассифона, ҳодисаҳои имрӯз табъи дилатон ҷорӣ намегардад. Дар ҳаёти шахсӣ ба касе чизе ваъда надиҳеду аз ҳад зиёд саховатманд нашавед. Ба шахсе, ки бисёр лофи муҳаббат мезанад, бовар накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз корҳои муҳими худро ба фардо гузошта, бо корҳои хона машғул шавед. Нафароне, ки ҳанӯз муҷарраданд, бо шахсе шинос шуда, дар оянда оила барпо менамоянд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, хусусан агар нишонаҳои зуком ё бемориҳои инфексиониро эҳсос намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Корҳоятон бо тартиб ҷорӣ мегарданд, ба шарте ки худатон чизеро тағйир додану манъ кардан нахоҳед. Пешниҳоди ҳамкориро нағзакак дида баромада, ба маслиҳати дӯстон гӯш диҳед. Дар ин рӯз бемориҳои узвҳои ҳозима хурӯҷ мекунанд. Хӯрокро аз рӯйи реҷа истеъмол карда, танҳо ғизоҳои тозаи табиӣ хӯред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хубест барои нафароне, ки аз амалҳои ҷасуронаву санҷишҳо намеҳаросанд. Бо наздикон пуртоқат бошед, вагарна сабабгори муноқиша мегардед. Нафарони муҷаррад шахсеро вомехӯранд, ки умре фаромӯш карда наметавонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба тамоми саволҳое, ки шуморо ташвиш медиҳанд, посух пайдо мекунед. Бурдборӣ дар ҳаёти шахсиятон низ дида мешавад. Мутаассифона вазъи молиявиатон чандон хуб нест. Шумо бояд фавран қарзҳоятонро баргардонида, роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар муддати кӯтоҳ мушкилиҳои дар хонавода сарзадаро бояд рафъ намоед. Эроди наздикон нисбати шумо комилан дуруст аст. Бурҳони молиявиро бе кӯмаки хешовандон рафъ карда наметавонед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Бо нафаре, ки кайҳо боз писандатон аст, муносибати ошиқона мекунед. Аз муҳаббати зиёд саргум назанед, боақлона рафтор кунед. Дар ин рӯз бо амалиётҳои пулӣ ва ҳисобу китоби пули дигарон машғул нашавед. На танҳо фиреб мехӯред, балки пулатонро медузданд.