shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 1-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2578

Ҳамал

Дар ин рӯз наздикони худро наранҷонед, ҳар гапе, ки дар сари қаҳр ба забон меоред, рӯзе ба худатон бармегардад. Агар дар коре муваффақ шудан хоҳед, бо тамоми қувва ҷидду ҷаҳд намоед. Бо вуҷуди нохуб будани табъ ва асабонияти зиёд худро ба даст гирифта сар ба ҷайби андеша кашед.

 

Савр

Маблағе, ки имрӯз ба даст меоред, натиҷаи заҳматҳои чанд моҳи охир кашидаатон аст. Ҳангоми нишастан сари чанбараки мошин боэҳтиёт бошед, агар дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медода бошад, аз нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ истифода баред. Шиносоиҳои нав дар ҳаётатон нақши созанда мегузоранд.

Ҷавзо

Мушкилоти молиявӣ ба ҷойи аввал баромада, хароҷоти иловагиро талаб мекунанд. Барои рафъи мушкилоти молиявӣ заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, барқасдкорӣ накунед. Тамоми фикру зикратон бояд барои ба даст овардани маблағ равона гардад. Эҳтимол гирифтори руҳафтодагӣ ё асабхаробӣ мегардед.

Саратон

Барои муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон рӯзи мусоид нест. Айни замон аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода шуда, дар айни ҷанҷол гапи зиёдатӣ гуфта, сахт пушаймон мешавед. Каме даромади пӯлӣ натиҷаи заҳматҳои чандмоҳаатон аст. Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, дар ҳаётатон таъсири мусбӣ ё манфӣ мерасонад.

Асад

Имрӯз дар касбу кор ба хатогӣ роҳ доданатон эҳтимол дорад. Агар дар атрофатон шахси наве пайдо шавад, ӯ дар зиндагии шумо нақши худро мегузорад. Дар муносибатҳои ошиқона ба қаҳру ғазаб ва дилсӯзӣ роҳ надиҳед. Аз тақдир роҳи гурез нест. Хабарҳои хуш ё туҳфаро интизор бошед.

 

 

Сунбула

Агар дар ин рӯз танбалӣ накунед, бисёр чизҳоро ноил мегардед. Ҳангоми рафъи мушкилоти касбӣ ба маслиҳати наздикони худ гӯш андозед. Ба вазъи молиявиятон диққат диҳед, шуморо лозим меояд, ки хароҷоти худро кам кунед ё пешакӣ ба нақша гиред. Дар ҷодаи муносибатҳои ошиқона хастагиву дилмондагӣ дида мешавад.

Мизон

Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик қабул накунед ва ба ҳеҷ ваҷҳ руҳафтода нагардед. Дар фазои оилавӣ ягон мушкилӣ дида намешавад. Хароҷоти худро ба нақша гиред, зеро аз пеш хариди калон карданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ нотоб гаштанатон эҳтимол дорад.

 

Ақраб

Дар ин рӯз тағйиротҳои махсус рух намедиҳанд. Чӣ гуна гузаштани рӯзро намефаҳмед. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта муътадил ҷараён мегирад. Агар нияти бозор рафтанро дошта бошед, ҳангоми салқин будани ҳаво аз хона бароед, вагарна аз гармии ҳаво беҳолу нотоб шуданатон имкон дорад.

 

Қавс

Аз пешниҳодҳои нави корӣ эҳтиёт шавед, вагарна ба доми фиреб афтиданатон имкон дорад. Айни замон дар корҳои хатарнок ширкат наварзед. Гирифтори руҳафтодагӣ ё асабхаробӣ мегардед. Ҳама гуна фишор нисбати атрофиён, хафагӣ ва ҳукмфармоӣ кардан бар зидди худатон анҷом меёбад.

 

Ҷаддӣ

Ҳама гуна мушкилиро бо роҳи мусолиҳаомез ҳал карда метавонед. Нафарони даркориро ба ҳақ будани худ қоил мегардонед. Кӯшиш намоед, ки ба худу наздиконатон лаҳзаҳои хушро ато намоед. Бо худтабобаткунӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Маблағи дар даст доштаатонро захира намоед.

 

Далв

Агар нисбати ҳамкорон ё роҳбарият иддао дошта бошед, инро саросемавор иброз накунед, гапатон дар ин рӯз ба касе намегузарад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷустанатон лозим аст, зеро нафарони бадкирдорро ба худ ҷалб месозед. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳрубонии бештареро интизор аст.

Ҳут

Дар ин рӯз бо корҳои якрангу муқаррарии худ машғул шавед. Барои сафарҳои роҳи дур рӯзи бобарор аст. Вохӯриҳои муҳимро ба қисми аввали рӯз гузоред. Дар давоми рӯз саломатии худро эҳтиёт кунед. Хусусан ҳолати дандону вораҳоро бе назорат нагузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Муллонизом 2023-06-01, 16:01
ИН толеъномаро касе , ки менависад дар хакикат рост аст ва одами менавистаги дасташ дардро набинад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Муллонизом 2023-06-01, 16:01
ИН толеъномаро касе , ки менависад дар хакикат рост аст ва одами менавистаги дасташ дардро набинад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД