Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дар ҳаётатон навигариҳои зиёд рух медиҳад. Агар зиракӣ кунед, пули муфт ба даст меоред. Шахсеро, ки дӯст мешуморед, бо ғайбату масхара аз пасатон душманӣ мекунад. Ҳамалҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки бо як нигоҳ дилашонро ба ларза меорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро бе назорат нагузоред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Барои онки ҷавзоҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ӯро босаброна таҳаммул сохат тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд, то дарди дил карда тавонанд. Рӯҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед. Дар ҳолати асабонӣ будан сари ҳеҷ қароре наоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯиву ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад. Даромади иловагӣ дар назар нест, аммо нафарони қарздор қарзашонро бармегардонанд.
Асад (23 июл-22 август)
Асадҳои танҳоро дар ин рӯз шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рӯятон механдад, кӯшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон худдорӣ намоед. Корҳои худро аз рӯйи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда пеш баред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон Шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад. Ба эҳсосот дода нашавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои кӯҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Бемор шудани шахси наздикатон Шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад. Дағалӣ накарда, бо ӯ дар танҳоӣ сӯҳбат кунед ва буду шуди гапро фаҳмонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар ба тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Шомро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷангу ҷанҷол карданатон дар назар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо тӯҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Дӯстдоштаатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби Шумо ҳам мешавад. Пурсабр бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Вазъи молиявиатон начандон хуб аст, аз ин рӯ, дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои даромад шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Ошиқатон бо тӯҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёткор бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунаду асабатонро хароб. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.