Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар каме шамол кашида бошед, дарҳол ба дорухона нашитобед. Сараввал аз воситаҳои безарари табобат истифода баред. Агар шумо ба кӯмаки молиявӣ ва маънавӣ ниёз дошта бошед, ба наздикони худ муроҷиат намоед. Дӯстдоштаатон аз бемеҳрии шумо ранҷидааст, дилашро дубора ба даст оред.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи хубест барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои модарзодӣ, музмин ва куҳна. Муносибати худро бо калонсолони оилаатон мустаҳкамтар намоед. Беҷуръатӣ боиси сар задани мушкилиҳо дар касбу коратон мегардад. Ба муваффақият умед баста, амал намоед, вале ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо даст додани аввалин имконият истироҳат кунед. Дар давоми рӯз маблағи иловагӣ ба даст меоред. Кори вазнини ҷисмонӣ аз шумо бодиққат буданро талаб мекунад. Эҳтимоли нотоб шуданатон зиёд аст. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ сар мезанад, ки сабабгораш худи шумо ҳастед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз маблағи бадастовардаатон табъатонро болида ва эътимодатонро мустаҳкамтар месозад. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаи худ сахтгир набошед. Дар сари эҳсосот сирру асрори нафареро фош месозед ё хатову камбудии ҳамсуҳбати худро ба рӯяш гуфта, ӯро дар ҳолати ногувор мегузоред.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз пеш аз гаперо гуфтан, сад маротиба андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона бошад, ҳар қадаре мехоҳед, дарди дил кунед. Аз шитобкориву саросемагӣ худдорӣ намоед. Хариди калонро маслиҳат намедиҳем, чизҳои қимматбаҳо харидорӣ накунед. Маблағеро, ки захира кардаед, қарз надиҳед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ҳама коратон барор мегирад. Дар муносибатҳои ошиқона ягон нофаҳмӣ дида намешавад, тақдир бароятон хушиҳои зиёд меорад. Дар ин рӯз пул сарф накунед. Саховатмандиву дасткушодӣ имрӯз бар зарари худатон мегардад. Хусусан, нисбати нафароне, ки дӯст медоред, маблағро дареғ доштан намехоҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз аз пайи ба даст овардани фоида аз касбу кор нашавед, вагарна ду баробар зиёд зарар мебинед. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиш намоед, ки пулро беҳуда сарф накунед. Аз танқиду хурдагирӣ нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, худдорӣ намоед. Сабукфикрӣ муносибатҳои ошиқонаатонро барбод медиҳад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз дар ҳама кор муваффақ мегардед. Барои шиносоиҳои нав ва муносибатҳои ошиқона давраи муносиб аст. Дар ин рӯз ба баҳсу мунозираҳои бемаъно роҳ надиҳед. Ба ҳолати меъда ва рӯдаҳоятон диққати хоса дода, аз хӯрдани хӯрокҳои хамириву сахт ба пуррагӣ худдорӣ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона меҳрубониву ғамхории бештаре зоҳир карданатон лозим меояд. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, имрӯз ба даст оварда наметавонед. Барои он ки саломатӣ ташвиш надиҳад, аз доираи нафароне, ки гирифтори бемории зуком ва дигар бемориҳои сироятӣ ҳастанд, дурӣ ҷӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки то ба имрӯз ба таъхир мегузоштед. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна нафарони наздиктарини худро меранҷонед. Ба қадри муҳаббати нафаре, ки дӯстатон медорад, расиданатон лозим аст. Зудранҷ нашавед, вагарна нафарони зиёдеро аз худ меранҷонед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз диққати худро ба мушкилиҳое равона созед, ки аз уҳдаашон баромада метавонед. Аз доираи нафароне, ки табъи шуморо хира месозанд, дурӣ ҷӯед. Нафарони дилу нияти нопокдошта ба шумо таваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Нафаре ба иззати нафсатон расида, табъи шуморо хира сохтан мехоҳад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз собиқ дӯстдоштаатон ба зиндагии шумо баргашта, муносибатҳои ошиқонаро аз нав барқарор кардан мехоҳад. Шумо бояд аз ду якеро интихоб намоед, зиндагии осуда ё ишқбозии пур аз шӯру шарро. Ба саломатии наздикони худ, хусусан, шахси дӯстдоштаатон бе таваҷҷуҳ нашавед.