Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2555

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Мушкилиҳое, ки ба сари шумо омада буд, дар ин рӯз ҳалли худро меёбанд. Барои муносибатҳои ошиқона ва интихоб кардани ҳамсафари ҳаётӣ рӯзи бобарору нек аст. Таваккал карда, ба ҳар кор даст назанед. Аз боварии дӯстонатон мебароед ва ин нофаҳмиву дилхунукиро ба миён меорад. Гуноҳ аз ҷониби шумо бошад, аз узр пурсидан шарм надоред.

 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба ҷое сафар мекунед, ки дер боз дар орзуи диданаш будед. Телефони ҳамроҳатонро муваққатан хомӯш кунед ва аз табиати ноакрори макони сафаркардаатон ҳаловат баред. Зиндагӣ танҳо имрӯз нест, рӯзҳои дигарро низ ба назар гирифта, дар харҷи маблағ сарфакор бошед.

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Маошатонро гирифта, дарҳол ҷониби бозор ё мағоза надавед, зеро хариди беҳуда кардатон мумкин аст. Дар хона чизҳои лозимиро рӯйхат кунед ва баъдан ба бозор равед. Ҷавзоҳои муҷаррад имрӯз низ нимаи дувуми худро пайдо карда наметавонанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки бахт ба рӯи шумо дигар намехандад. Дунё ба умед аст.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз даргузашти шахси наздикатон то дергоҳ ба худ омада наметавонед. Ин ба корҳову нақшаҳои ояндаи шумо таъсири бад мерасонад. Худро эҳтиёт кунед ва зиёд оби хунук нанӯшед, зеро эҳтимоли гирифторшавӣ ба зуком вуҷуд дорад. Агар нишонаҳои бемориеро дар худ пай бурдед, ҳатман ба Ёрии таъҷилӣ занг занед.

 

Асад (23 июл-22 август)

Вазъият хеле нозук аст ва аз шумо кордониву зиракиро талаб мекунад. Барои ба итмом расонидани кори худ кори дигаронро ба таъхир нагузоред. Аз хӯрдани яхмос ва обҳои сахтгазноккардашуда худдорӣ кунед ва агар имкон бошад, барои ҳамеша даст кашед. Асадҳои ҳомиладорро зарур аст, ки дар фикри тифли батнашон бошанд.

 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Баъзе аз сунбулаҳо дар ин рӯз соҳиби фарзанд мешаванд. Интихоби ном ҳам дар ҳаёти ҳар як кӯдак нақши муҳим мебозад. Бо тавсияи ситораҳо имрӯз аз истеъмоли меваҷот парҳез кунед, то ба беморие гирифтор нашавед. Танбалу коргурез шудаед. Агар ҳол ҳамин гуна идома ёфтан гирад, ҳама чизро аз даст медиҳед ва меҳнатҳоятон барбод мераванд.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шиносоиҳои нав дар ин рӯз он қадар бобарор анҷом намеёбанд, чунки шумо бо хотири парешон ба вохӯрӣ меравед ва ин боиси ранҷиши ҷинси муқобил мешавад. Занҳо дар хона бимонанд ва мардҳо бо ҷамъи ёру дӯстон ба саёҳат бароянд, ба ҳарду тараф хуб мешавад. Дар ин рӯз зиёрати маконҳои муқаддасро ба шумо тавсия медиҳем.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Андешаҳои бузургонро шиор карда, ба амалҳои бад даст назанед. Агар ба иҷрои коре майл надоред, пас барои амалӣ кардани он худро маҷбур накунед. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани ғизо шуморо ба дарди меъда гирифтор мекунад ва то ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад. Ин одати худро ҳарчӣ зудтар тарк кунед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳои оиладор имрӯз худро хушбахт ҳис мекунанд. Нафарони дар ҷодаи ишқ саргардон бахти худро то ҳол пайдо карда наметавонанд. Дағалӣ карда, ҳамкоронро ба худ душман накунед. Шомгоҳон ба тамошо бароед ва дар ҳавои тоза сайр кунед. Барои фикр кардани идеяҳои нав вақти муносиб аст.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Тиҷорататон барор намегирад ва шумо алами Исоро аз Мӯсо гирифтан мехоҳед, ки ин рафторатон тамоман дуруст нест. Пеш аз оғози ҳар кор бояд ҳама паҳлӯҳои онро санҷида бароед. Сармояи хориҷӣ ҷалб карда, худро аз вартаи нобудшавӣ берун оред. Ба кор дода шуда, оилаи худро аз хотир набароред.

 

Далв (21 январ-18 феврал)

Аз беэҳтиётӣ дар хона сар задани сӯхтони на он қадар бузург эҳтимол дорад. Агар қоидаҳои бехатариро риоя кунед, шояд ҳеҷ ҳодисаи нохуше рух надиҳад. Дар нӯшидани қаҳва меъёрро нигоҳ доред, зеро аз рӯи гуфтаи олимон зиёд нӯшидани қаҳва одамро бармаҳал кал мекунад.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ҳадди худро дониста, бо ҳар кас даст ба гиребон нашавед. Поятонро ба андозаи кӯрпаатон дароз кунед. Ҳутҳои худпараст шикасти сахт мехӯранд ва ин барояшон дарси ибрат хоҳад буд. Муш ба якчанд ҳуҷҷати муҳими шумо зарар мерасонад. Онҳоро дар ҷои амнтар гузоред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД