ТОҶИКСТАНДАРТ:
Нӯшокиҳои энергетикии «PANTERA»
ба тамғаи “Ҳалол“ ҷавобгӯй нестанд
ТОҶИКСТАНДАРТ аҳолиро огоҳ намудааст, ки нӯшокиҳои «PANTERA» ба тамғаи “Ҳалол” мувофиқ нестанд.
“Солҳои охир истифодаи нӯшокиҳои рӯҳафзо (энергетикҳо) миёни ҷавонон ва наврасон хеле маъмул гаштааст. Бисёриҳо онҳоро барои бартараф кардани хастагӣ, зиёд кардани қувва ва болидарӯҳӣ истифода мебаранд. Аммо на ҳама медонанд, ки истеъмоли ин гуна нӯшокиҳо метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад,”-омадааст дар хабар.
Кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар ҶДММ «Арк саноат» санҷиш гузаронида, муайян кардаанд, ки дар раванди истеҳсолот оддитарин қоидаҳои санитарӣ ва талаботи техникӣ риоя карда намешавад.
“Дар як раванди технологӣ ҳам истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва ҳам истеҳсоли нӯшокиҳои алкоголӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, тамғаи “Ҳалол”, ки ба маҳсулоти ин ширкат, яъне нӯшокиҳои рӯҳафзои «PANTERA» дода шуда буд, бекор гардид,”-омадааст дар огоҳӣ.
Риоя накардани талаботи меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз бесифат истеҳсол шудани маҳсулот шаҳодат медиҳад. “Тамғаи ҳалол доштани маҳсулот маънии онро надорад, ки кӯдакону наврасон аз он васеъ истифода кунанд. Нӯшокиҳои рӯҳафзо барои одамони синну соли калон дар як рӯз як адад муайян карда шудааст, вале тавре мушоҳида мешавад кӯдакону наврасон низ аз он истифода мебаранд. Аз фурӯшандагон ва соҳибкорон қатъиян талаб карда мешавад, ки ба кӯдакону наврасон ин гуна нӯшокиҳои рӯҳафзоро нафурӯшанд. Тибқи талабот танҳо ба шахсони аз 18 сола боло фурӯши ин гуна маҳсулот иҷозат дода шудааст,”-навиштааст агентӣ.