Sebiston new 2024 october
"Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуровро ба арабӣ тарҷума карданд
570

Нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия шоҳасари фарзанди баруманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров —«Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ аз чоп баровард. Китобро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардонидааст.

Дар муқаддимаи «Тоҷикон» ба забони арабӣ, аз ҷумла омадааст: «Лоҷарам, хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти Дору-л-фикри-л-арабӣ” ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба хонандаи араб барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад.

Муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи хонандаи араб мерасонад, ки китоби «Тоҷикон» дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.

Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон низ ба забони арабӣ маҳз ба қалами доктор Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.

Ноширон дар паёми худ ба унвони Сафорати Тоҷикистон дар Москва изҳор доштаанд, ки чопи якуми тарҷумаи ин шоҳасарро ба муносибати Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун армуғон ба Соҳиби ташаббуси тарғиби он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшиданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар такя ба гуфтаҳои узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар, ки нашри китоб таҳти назорат ва бо муқаддимаи ӯ анҷом ёфтааст, хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД