Насруллоҳ Муин, овозхони 69-солаи эронӣ, ки феълан дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико кору зиндагӣ мекунад, клиптаронаи ҷадиду ошиқонаи худро бо номи “Девона, мерақсад” интишор намуд.
Матни шеър ба қалами Марям Дилшод тааллуқ дошта, ба он Алиризо Маҳдавӣ оҳанг бастааст. Овозхон порчаи намоҳанги тозаэҷодашро дар Инстаграмаш нашр намуда, аз мухлисонаш хоҳиш кардааст, ки онро тамошо карда, баҳогузорӣ кунанд. То кунун клиптаронаи мазкурро дар саҳифаи “Moein Official Channel” дар шабакаи YouTube зиёда аз 75 ҳазор нафар аз назар гузаронидаанд. Аз шарҳҳое, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, дида мешавад, ки тоҷикистониён низ нисбати ҳунари Муин бетараф нестанд ва сурудҳои ӯро пайваста гӯш мекунанд. Ҳамчунин, овозхон дар Инстаграм аллакай нақшаи баргузории барномаҳои консертиашро нашр кардааст. Қарор аст, ӯ 16-уми октябр дар шаҳри Атланта, 6-уми ноябр дар шаҳри Лос-Анҷелос, 4-уми декабр дар шаҳри Ню-Йорк, 17-уми декабр дар шаҳри Ҳюстон, 18-уми декабр дар шаҳри Оклаҳомаи Амрико ва 19-уми ноябр дар шаҳри Зюрихи Швейтсарияву 5-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Торонтои Канада барномаи консертӣ барпо намояд. Чуноне дар боло қайд кардем, сурудҳои овозхонро на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, балки дар Туркияву Аврупо, Афғонистону Ӯзбекистон ва Амрикову Канада гӯш мекунанд.