Дирӯз, 28-уми май Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао мулоқот дошт.
Зимни вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши тиби халқӣ, табодули таҷрибаи табибони ду мамлакат, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи тиб, коркарди гиёҳҳои шифобахш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар додааст.
Бояд гуфт, ки таъсири шифобахши усулҳои тиби халқӣ дар табобати аксар бемориҳо дар ақсои олам эътироф шудааст ва аксари давлатҳо аз он истифода мебаранд. Яке аз асосгузорони илми тиб - Абӯалӣ ибни Сино ҳанӯз ҳазор сол қабл ҳамчун табиби ҳозиқ шуҳраи олам гашта буд ва ин аз таҷрибаи бойи тоҷикон дар бахши тандурустӣ гувоҳӣ медиҳад. Пас месазад, ки имрӯз мо - тоҷикон таҷрибаи бойи ниёгонамон ва хазинаи бебаҳои гулу гиёҳҳои шифобахши кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистонро дар табобати бемориҳо ба таври фаровон истифода барем.