arzon replenishment
Тоҷикистон барои пешгирии беморӣ чораҳои фаврӣ меандешад
826

Паҳн шудани вабо дар сарзамини Афғонистон ҳамагонро сахт ба ташвиш овардааст. Ба хотири пешгирии ин бемории сироятии хавфнок дар Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаҳои ба сарҳади Афғонистон наздик санҷиши ҷиддии сифати обро ба роҳ мондааст. Сабаби санҷишҳо паҳн шудани бемории сироятии вабо дар қаламрави Афғонистон мебошад.

Ба хотири пешгирии ин бемории хатарнок дар манбаъҳои кушодаи об дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон санҷиши ҷиддии об гузаронида мешавад. Муттахасисон барои ташхис аз ин манбаъҳо об мегиранд, то мавҷуд будан ё набудани инфексияро муайян созанд.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки ҷойи ташвиш нест, зеро ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст. Ҳадаф аз ин ташхисҳо танҳо пешгирӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД