Аз 20 то 23-юми апрели соли равон дар Гонконг Чемпионати Осиё оид ба Дзюдо баргузор хоҳад гашт. Варзишгарони тоҷик низ дар ин мусобиқа ширкат меварзанд.
Ба ҳайати дастаи яккачини Тоҷикистон, ки дар мусобиқаҳои даври интихобӣ барои Чемпионати Осиё оид ба Дзюдо иштирок ширкат меварзад, 50 нафар варзишгарон дохил шудаанд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои интихобӣ, ки бо иштироки варзишгарон аз 40 кишвари олам дар Анталияи Туркия мегузарад, иштирок дорад. Даври интихобӣ 10-уми апрел идома ёфта, барои варзишгарони тоҷик тамрин ва санҷиши хубе хоҳад гашт.
Тибқи маълумоти IJF ба ҳайати Тими миллии Тоҷикистон 9 нафар паҳлавонони номӣ дохил шудаанд, ки дар байнашон Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов барин варзишгарони машҳур ҳастанд.
Ҳамин тавр, дар Чемпионати Осиё оид ба Дзюдо Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо муаррифӣ менамоянд:
Аҳлия Мӯминова (52 кг)
Меҳрзод Сӯфиев (60 кг)
Обид Ҷебов (66 кг)
Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг)
Сомон Маҳмадбеков (81 кг)
Комроншоҳ Устопириён (-90 кг),
Шодмон Ризоев (- 90 кг)
Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг)
Темур Раҳимов (+100 кг)
Дар маҷмуъ, дар Чемпионати Осиё оид ба Дзюдо 276 варзишгар аз 36 давлат иштирок намуда, барои ба даст овардани ғолибият қувваозмоӣ мекунанд.