Дар озмуни машҳури “Евровидение” имсол Русияро чеҳраи тамоман нав муаррифӣ хоҳад кард. Рақобат дар ин озмуни баландпоя ниҳоят шадид буда, беҳтарин ҳунармандон ба ин минбари баланди мусиқӣ роҳ меёбанд, аз ҳамин хотир ҳар як давлати иштирокчии озмун кӯшиш менамояд, ки намояндаи худро ҳамаҷониба тарғиб ва дастгирӣ намояд, аммо ғайри чашмдошт мардуми рус ба муқобили ҳунарманде, ки кишварашонро дар ин озмун муаррифӣ хоҳад кард, шӯриш бардоштанд. Чаро?
Тоҷикдухтар-чеҳраи мусикии рус?!
Гап дар сари он аст, ки Русияро дар озмуни “Евровидение-2021” сарояндае муаррифӣ хоҳад кард, ки миллаташ рус нест. Манижаи Сангин ба қавли маъруф “дурага” буда, падараш тоҷик ва модараш рус мебошад. Ӯ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст, аммо қариб 30-сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад. Тибқи шиноснома Манижаи Сангин шаҳрванди Россия аст, аммо баъди он ки хабари ба “Евровидение” роҳ ёфтани ин сарояндаи тоҷиктабор ҳамчун намояндаи Россия паҳн шуд, мардуми рус ба шӯр омаданд. Бисёриҳо тариқи матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин саряндаи ҷавон эрод гирифта, ҳам сурудаш ва ҳам худи Манижаро паст мезананд, масалан Владимир Жириновский мегӯяд: “Такая песня в принципе не нужна а в поездке Манижи на “Еврвидение” нечего хорошего для Росии нет”
Журнилист Юрий Котенок аз он ки дар ин озмуни баландпоя Русияро як духтари тоҷик муаррифӣ мекунад, сахт ба ғазаб омада навиштааст: “Россию на “Евровидение” будет представлять этническая таджичка, защитница мигратнтов и..........., Выступать она будет с номером “Русская женщина”. Большее оскорбление придумать сложно...
Журналисти мазкур аз номи Россия баромад кардани ин духтари тоҷикро туф кардан ба рӯйи мардуми рус номидааст.
“В песне, которая певица повезёт на “Евровидение” вообще выведен достаточно посредственный и пошлый образ русской женщины” навиштааст нависандаи рус Платон Беседин.
Албатта дар ин миён нафароне низ ҳастанд, ки аз Манижаи Сангин ҷонибдорӣ менамоянд, масалан ҳунарманди машҳури рус Варламов аз ин ҳама шӯру шари ба муқобили як духтари тоҷик барпо гашта дилгир шуда, навиштааст:
“Одамоне, ки ба Русия аз ҷойҳои дигар омадаанд, ҳатто 30-сол дар ин сарзамин зиндагӣ карда, ба муваффақиятҳои бузург ноил гарданд ҳам, барои мардуми рус ҳамеша “одамони навъи дуюм” боқӣ мемонанд!”
Манижа аз борони танқид ва вокунишҳои шадиди ба сараш борида заррае ҳам рӯҳафтода нашуда, бо табъи болида ба “Евровидение” омодагӣ мебинад.
Дар барномаи "Вечерний Ургант" ин сарояндаи ҷавон дар бораи суруде, ки ба “Евровидение” мебарад, нақл карда, гуфтааст, ки ин суруд соли гузашта ҳангоми сафари ҳунариаш дар Тел-Явив дар бадали ҳамагӣ як шабонарӯз тавлид ёфт.
Сарфи назар аз ҳама сару садо ва ҳангомаҳое, ки ин шабу рӯзҳо дар атрофи номи ин ҳунарманди ҷавони тоҷикасл давр мезананд, мо ба Манижаи Сангин муваффақият мехоҳем, зеро новобаста ба он ки ӯ дар ин озмун ғалаба ба даст меорад ё не, худи иштироки Манижа дар “Евровидение” аллакай комёбии бузург аст.